Хабаргирӣ аз сарбозони маҷрӯҳ

№132 (3117) 17.10.2013

963799_546497928753731_199705338_o

16 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд ташриф оварда, аз вазъи саломатии сарбозоне, ки чанд рӯз пеш дар қатораи роҳи оҳан дучори садама шуда буданд, хабар гирифт.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд, ки дар шаҳри Чкалов қарор дорад, аз ҷумла хотиррасон гардид, ки рӯзи 10 октябри соли  равон наваскароне, ки аз шаҳри Хуҷанд ба маркази ҷумҳурӣ тавассути қатораи роҳи оҳан интиқол дода мешуданд, дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба садама дучор шуданд. Бар асари аз роҳи оҳан баромада, сарозер шудани чанд вагон 45 нафар сарбозон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Як нафар дар шифохонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ карда мешавад ва ҳолати ин сарбоз ҳоло қаноатбахш аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои табобати босифат ва ба ҷойҳои доимии хизмати ҳарбӣ баргардондани ин муҳофизони ояндаи Ватан тадбирҳои судбахш андешанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба чунин садамаву дигар ҳолатҳои нохуш пайваста чораандешӣ бояд кард.

www.president.tj