Идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

№34 (3180) 08.04.2014

а1

Хатти 220-киловолтаи интиқоли неруи барқи «Қайроққум-Ашт» бунёд мегардад

 Чоруми апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди хатти 220 -киловолтаи интиқоли неруи барқи «Қайроққум – Ашт» оғоз бахшид.

Ин хатти барқӣ бо бардоштани нахустин пояи он дар ҳудуди шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини соҳаи энергетикаи кишвар оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, дарозии ин хат 74 км буда, бо харҷи қариб 65 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ аз Бонки Рушди Осиё ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2015 кашида мешавад.

Ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Қайроққум ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманд анҷом дод.

Зикр гардид, ки бо фаъол гардидани ин хат ва зеристгоҳҳои нави он, ки бо таҷҳизоти навтарини стандарти ҷаҳонӣ дар шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ашт насб мегарданд, ноҳияи Ашт ба шабакаи ягонаи барқии кишвар пайваст мешавад. Амалӣ шудани ин тадбир имкон медиҳад, ки имкони интиқоли неруи барқ ба ноҳияи Ашт чор баробар афзун шуда, талафоти техникии он коҳиш ёбад. Дар ин сурат таъмини аҳолӣ ва ҳам пойгоҳҳои обкашӣ хеле бештару беҳтар гардида, имкони аз худ кардани заминҳои партову бекорхобида афзун мешавад.

 Вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд

 Чоруми апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии Арбоби шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таҷҳизи муассисаҳои таҳсилотӣ, тарғиби варзишгарӣ ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аз гароиш ба равияҳои хатарноки ифротӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳнамоии волидону омӯзгорон ва кулли аҳли ҷомеа ва ҳамчунин роҳҳои тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили миллӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро «кишвари ҷавонон» номида, чунин изҳор дошт: «Мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва неруи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост».

Бо ёдоварӣ аз бунёду навсозии муассисаҳои сершумори таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра таъкид гардид, ки наврасону ҷавонони кишвар бояд имконоти муосири муҳайёнамудаи давлати соҳибистиқлоли худро пурсамар истифода бурда, кадрҳои ояндасози Тоҷикистони азиз гарданд.

Тавре зикр гардид, танҳо тайи солҳои 2011-2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла панҷ варзишгоҳ, маҷмааҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва толору майдончаҳои ин соҳа сохта ё тармим карда шудаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба зарурати пешгирии баъзе ҷавонон аз гумроҳӣ ва аз гароиши онҳо ба ҳаракату равияҳои бегонаю ифротӣ таъкид гардид: «Сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд».

Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки «ҷавонони мо чун фарзандони асили Ватан барои тараққиёти Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаландамон заҳмат кашида, кишвари худро ба давлати пешрафта табдил медиҳанд».

Пас аз суханронӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух ва табодули андешаҳо ҷараён гирифт.

бог

Шиносоӣ бо рафти сабзавоткорӣ ва боғдорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 Субҳи панҷуми апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо таҷрибаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ бевосита шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло хоҷагиҳои калони деҳқонии вилояти Суғд мавриди навсозӣ қарор гирифта, дар заминҳои онҳо хоҷагиҳои хурд-хурд таъсис меёбанд. Ба ин тартиб, аз аввали сол аллакай қариб 20 ҳазор хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис ёфта, чандин ҳазор деҳқонон соҳиби замин гардидаанд. Ин аст, ки аллакай 2,5 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар баргашта, соҳиби замин шудаанд ва ризқу рӯзии худро аз ҳамин ҷо ҳосил мекунанд. Шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд имкон дорад аз 23 ҳазори аввали соли равон то охири сол ба 64 ҳазор адад расонда шавад.  Танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар заминаи 81 хоҷагии деҳқонии калон 2215 хоҷагии оилавӣ ва инфиродӣ таъсис ёфтааст ва ин раванд идома дорад. Ин тадбири нек боиси хушҳолии деҳқонони асил гардидааст.

Чунонки зикр гардид, яке аз шуғлҳои асосии кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариши сабзавоти барвақтӣ аст, зеро талабот ба он дар бозори шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо хеле зиёд аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамену Ҷаббор Расулов таъминкунандагони асосии шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Истиқлол, Истаравшан ва аксари шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғд бо сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, карам, сирпиёз ва ҳам пиёз, сабзӣ ва картошкаи барвақтӣ мебошанд. Сабзавоти барвақтӣ аз ин ноҳияҳо, ҳамчунин ба бозорҳои маркази ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар равона мегардад.

Чунонки аён гардид, ҳоло дар заминҳои беканори деҳоти «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов низ намудҳои гуногуни сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳо ва зери пленка корида шудааст ва маҳсулоти онҳо аллакай аввалҳои моҳи май ба бозор ворид мегардад.

Деҳқонони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамчунин дар 135 гектар картошкаи барвақтӣ ва 125 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошанд, дар 1150 гектар сабзавот кишт намудаанд, ки ҳосили фаровон хоҳанд дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ва деҳқонони асили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои пурсамар истифода бурдани заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки дар парвариши сабзавоти барвақтӣ талаботи бозорҳои хориҷи кишварро низ ба назар гиранд, зеро ҳавасмандӣ ба сабзавоти тару тоза аз Тоҷикистон дар хориҷи наздик хеле зиёд аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз қитъаҳои замини хоҷагии Абдураҳим Ҷумъаев бо дуои пирони рӯзгордида ба кишти пахта низ оғоз бахшид. Ин кор бо тухмипошаки навъи нави замонавӣ сурат гирифт. Тавре иттилоъ доданд, кишти пахта бо чунин тухмипошак имкон медиҳад, ки сарфи чигит нисбат ба усулҳои пешина 4-5 баробар кам шавад. Дастур дода шуд, ки минбаъд бештар чунин техникаи муосир харидорӣ ва дастраси кишоварзон карда шавад.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи миллии «Ваҳдат», ки то имрӯз масоҳаташ ба 661 гектар  расидааст, ташриф оварда, бо нашъунамои онҳо бевосита шинос шуд. Тавре аён гардид, аксари ниҳолҳои ин боғи намунавӣ боровар шудаанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки бунёди ин боғи овозадор чанд сол пеш бо дастуру роҳнамоӣ ва иштироки бевоситаи  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Имрӯз ин боғ ба як гӯшаи зебои диёри нозанини мо табдил ёфтааст ва аз он беш аз 1000 нафар деҳқонону боғпарварон ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд.

www.president.tj