Иштирок дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ

№5 (3306) 09.01.2015

1111

Ҳаштуми январи соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба  деҳоти «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Ба хотири иштирок ва саҳмгузорӣ дар бунёди боғи нав, ки дар майдони беш аз 300 гектар заминҳои лалмии деҳоти «Султонобод» бунёд меёбад, дар ин ҷо беш аз 1000 нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ омаданд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки бевоситаи ӯ дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ, пеш аз ҳама, ба хотири вусъат додани мавсими нави ниҳолшинонӣ ва тарғибу ташвиқи мардум ба шуғли пурманфиати боғпарварӣ аст.

Чунонки иттилоъ доданд, тайи даҳ соли охир нишондодҳои ду барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар кишвар барзиёд иҷро шуд ва ҳоло барномаи нави ин соҳа таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки тибқи он, боз дар зиёда аз 30 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, сарфи назар аз лалмӣ будани ин заминҳо, иқлиму хоки ин мавзеи зебо, ки дар баландии беш аз 1100 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, барои бунёду парвариши боғу токзор мувофиқ аст ва дар сурати риояи талаботи агротехникӣ аз ин ҷо ҳосили фаровони мева гирифтан мумкин аст.

Тибқи нақша, дар ҳамин мавсими ниҳолшинонӣ дар ин ҷо 300 гектар боғу токзори нав бояд бунёд ёбад. Дар оянда имкон аст, ки дар зиёда аз 3000 гектар заминҳои ин мавзеъ боғу токзор бунёд карда шавад.

Роҳбарият ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ин мавзеъ, ки то ин вақт дар ин заминҳо танҳо ғалла корида, фоидаи ночиз мегирифтанд, аз ин иқдоми нек басо шоду сипосгузоранд, зеро манфиати боғпарварӣ аз ғаллакории лалмӣ чандин маротиб зиёд аст.

Ҷойи таъкид аст, ки барои ҳавасмандсозии мардуми ин деҳот ба боғу токпарварӣ омодасозии заминҳо барои ниҳолшинонӣ бо сафарбар кардани даҳҳо техникаи кишоварзӣ ройгон аз ҳисоби давлат сурат мегирад ва ҳам ниҳолҳои хушсифати пайвандӣ ба ҳамин тартиб аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, дастрас карда мешавад.

Гузашта аз ин, барои дуруст ба роҳ мондани ниҳолшинонӣ ва ҳам нигоҳубини боғу токзор ба ин ҷо олимону мутахассисони соҳа аз Академияи илмҳои кишоварзӣ ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур  сафарбар карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мардум, аз ҷумла таъкид дошт, ки талабот ба меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар сол ба сол бештар мегардад ва ҳар касе, ки боғу токзори хушсифат бунёд намуда, парвариши онро дуруст ба роҳ мемонад, суди зиёд ба даст меорад.

www.president.tj