Оғози бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор»

№22 (3168) 04.03.2014

11

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон якуми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшид.

Барои иштирок дар шинонидани нахустин ниҳолҳои боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор», ки дар майдони се ҳазор гектар доман паҳн хоҳад кард, дар мавзеи миёни боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва деҳаи навбунёди Боғистон якчанд ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои водии Ҳисор ҷамъ омаданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи оғози ниҳолшинонӣ нахуст бо самараи кори хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бевосита шинос шуда, аз дастгирии васеъ пайдо намудани ташаббусҳои худ доир ба ривоҷ додани боғу токпарварӣ ва аз ин ҳисоб афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон арзи хушнудӣ намуд.

Тавре зикр гардид, рушду нумӯи бесобиқаи боғу токпарварӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар натиҷаи иҷрои босамари дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Чунонки иттилоъ доданд, имсол ниҳолпарварони ҷумҳурӣ даҳҳо миллион навниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ ба фурӯш баровардаанд. Танҳо аз хоҷагии ҷангали кишвар дар мавсими имсола то имрӯз аллакай 1,5 миллион дона навниҳол ба фурӯш рафтааст. Аз гузориши масъулин бармеояд, ки нишондиҳандаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мегарданд. Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи талаботи ин санад бояд дар майдони 50 ҳазор гектар дар ҷумҳурӣ боғу токзори нав бунёд ёбад.

Ба масъулини соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои ниҳолпарвар дастур дода шуд, ки парвариши ниҳолҳои ангури кишмиш, олуи сиёҳ ва дигар навъҳои содиротии дарахтони мевагиро афзун намоянд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо ҳазорон нафар дӯстдорони шуғли ниҳолпарварию боғдорӣ нахустин ниҳолҳои боғи нави «Сеҳазорсолагии Ҳисор»-ро шинонида, изҳори боварӣ намуданд, ки танҳо аз ҳисоби содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва консервашуда ояндаи наздик қудрати содиротии Тоҷикистон хеле афзун гардида, ҳазорҳо ҷойи нави кор муҳайё мегардад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» бояд дар давоми шаш сол дар майдони се ҳазор гектар бунёд ёбад.

Ғайр аз ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои водӣ дастур дод, ки дар тамоми мавзеъҳои ба ин кор мувофиқи қад-қади қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода боғҳои намунавӣ бо дарахтони мевадиҳандаи навъҳои содиротӣ бунёд намоянд. Таъкид гардид, ки обу хок ва ҳавои ин мавзеъҳо барои боғу токпарварӣ басо мусоиду мувофиқ аст. Ба онҳо, ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо истифода аз ҳар рӯзи офтобӣ мардумро ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонию ободонии муҳити зист сафарбар намоянд. Супоришҳои мушаххас ба онҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, дигар корхонаҳои саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ дода шуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ, ҳамчунин якчанд ниҳоли бузургҷуссаи дарозумри сояафкан шинонида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо кӯдакони деҳаи Боғистон ҳам суҳбат намуд. Ошкор гардид, ки мактаби ин деҳаи навбунёд нуҳсола аст ва хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ба дигар ҷойҳо мераванд. Сарвари давлат ба онҳо мужда расонд, ки ояндаи наздик ин деҳа соҳиби мактаби нави миёна ва ҳам бунгоҳи муосири тиббӣ хоҳад шуд.

www.prezident.tj