Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг

№121-122 (3106-3107) 01.10.2013

Рӯзи 29 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносойии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон додан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф овард.

Иштирок дар оғози навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, мавриди истифода қарор додани Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд барои 120 нафар, ифтитоҳи мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда ва як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин мулоқоту суҳбатҳо бо мардуми касбу кори гуногун аз бандҳои асосии барномаи сафари корӣ ба ин ноҳияи кӯҳистон мебошад.

 

Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Ховалинг

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг бо иштирок дар ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд оғоз ёфт.

Мактабинтернат

Тавре иттилоъ дода шуд, ин марказ дар заминаи собиқ мактаб бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ барои таълиму тарбияи кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ омода гардидааст.

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо барои таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии ин кӯдакон тамоми шароити барои онҳо махсус омода гардидааст. Дар ин ҷо асосан кӯдакони синни томактабӣ барои шомил шудан ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода карда мешаванд.

Тавре зикр гардид, ин муассиса бо кӯмаки молиявии созмони ҷамъиятии «Миссияи Шарқ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст, омода гардида, барои 120 нафар кӯдакони дорои имконоти маҳдуд пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки созмони ҷамъиятии «Миссияи Шарқ» чунин корҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Шӯрообод ва Панҷакент низ бо харҷи беш аз 350 ҳазор евро амалӣ менамояд.

Зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони ин муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои наздик ба ҳар яки онҳо сарулибоси зимистона, бозичаҳо, шириниҳо ва ҳар гуна маводи хӯрокаи иловагӣ дастрас намоянд.

 

Бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк»

Дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ифтитоҳ ёфт.

Агро

Тавре зикр гардид, дар ин бино 18 нафар мутахассисони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти бонк дастур дод, ки маоши кормандон аз 1200 сомонӣ кам набошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин филиали ҶСК «Агроинвестбонк» то имрӯз ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ба мизоҷон қарз додааст, ки беш аз 76фоизи ин қарзҳо ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Ҳоло сандуқи қарзии филиал қариб 5 миллион сомонӣ маблағ дорад. Шумораи умумии мизоҷони филиал 1135 нафар аст.

 

Ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Ховалинг

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Ховалинг иштирок намуд.

Туй

Чунонки иттилоъ доданд, ин маросим дар пайравӣ ба даъватҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба амалҳои башардӯстонаю хайрхоҳона аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи ноҳия барои 20 ҷуфти ҷавони навхонадорон ва 70 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд барпо шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозони ин маросими хайрия арзи сипос карда, наздикону пайвандони навхонадорон ва писарчаҳои хатнашавандаро бо ин рӯйдоди пурфараҳи рӯзгорашон табрику таҳният гуфт.

Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти навхонадорон ва писарчаҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Ҳамчунин ба 23 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонони донишҷӯй, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ расонда шуд. Аз ҷумла ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» ва яктогӣ планшет барои азхуд намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ  ва кор бурдани он дар рӯзгорашон тақдим карда шуд.

 

Оғози навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ

Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ховалинг иштирок дар маросими тантанавии оғози навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ мебошад.

9998630555_61122f995a_o

Зимни шиносойӣ бо нақшаи навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи  беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Аз ин маблағ 19 миллион доллараш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 миллион доллари он маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд мебошад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 87 км роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 км роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар доираи ҳамин лоиҳа роҳи Восеъ – Ховалинг  бояд ҳамчунин бо сифати баланд ба шоҳроҳи Кӯлоб ва роҳи Ховалинг-Балҷувон пайваст карда шавад.

Зимни суханронӣ дар назди мардум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози навсозии ин роҳ табрику таҳният гуфта, ба роҳсозон дастур дод, ки корҳои навсозиро бо сифати баланди байналмилалӣ анҷом диҳанд. Чунонки таъкид гардид, роҳ бояд тавре навсозӣ шавад, ки ба ин минтақаи дурдасти кӯҳистон даҳсолаҳо хизмат кунад.

 

Корхонаи нави заргарӣ дар деҳоти «Шугнов»

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз маркази ноҳияи Ховалинг ба деҳоти «Шугнов» ташриф оварда, нахуст дар маросими ифтитоҳи як корхонаи заргарӣ иштирок намуд.

1269189_537580629645461_259634357_o

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он 30 нафар ба кори заргарӣ ҷалб карда шудаанд. Ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 60 нафар расонда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хайрхоҳона ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки акнун як ҳисса аз тиллою нуқраи аълосифати «Шугнов» дар худи ҳамин маҳал коркард шуда, чун маҳсулоти тайёри ниҳойӣ ба бозор пешниҳод мегардад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки коркарди тиллою нуқра ва дигар маъданҳою сангҳои гаронарзиши Тоҷикистон бояд дар дохили кишвар васеъ ба роҳ монда шавад. — Ин кор имкон медиҳад, ки боз садҳо ва ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар афзун шавад, — таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки коркарди тиллою нуқра бо навтарин технологияи муосир ба роҳ монда шавад, то маҳсулоти тайёри заргарии мо ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад.

 

Деҳоти «Шугнов» соҳиби мактаб-интернат шуд

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Шугнов»-и ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳаш ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

мактаб

Зимни ифтитоҳи мактаб-интернат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он бо 15 синфхона барои 320 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Чор синфхонаи он барои фанҳои дақиқ ва дарсҳои компютерӣ махсус гардонда шуда, шаш синфхона дорои тахтаи электронӣ мебошад.

Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон ба ин ҷо омӯзгорони кордону соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд. Омӯзгорон бо маоши моҳонаи ду ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматӣ ва хӯроки бепул таъмин мебошанд. Маоши роҳбари мактаб 2,5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Чунонки аён гардид, хобгоҳи мактаб-интернат дорои 320 ҷойи хоб ва шароити хуби зисту дарстайёркунӣ мебошад. Аз ин хотир, дар ин мактаб як гурӯҳ хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои дигар низ таҳсил мекунанд.

Дар бинои истиқоматии барои мактаб бунёдгардида, ки дорои 10 хонаи барҳаво мебошад, омӯзгорони аз роҳҳои дур ҷалбшуда бо манзили зист таъмин гардидаанд.

Мактаб, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, толори бузурги варзишӣ, майдони варзишӣ ва ошхонаи зебою муҷаҳҳаз мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва таҷҳизоти мактаб баҳои баланд дода, ба роҳбарияти корхонаи заршӯйии «Одина» арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, ҳам лоиҳакашӣ ва ҳам сохтмони биноҳои мактаб аз ҷониби мутахассисони худи ҳамин корхона анҷом дода шудааст.

Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки расо ду сол пеш ба субъектҳои хоҷагидори ин деҳот, аз ҷумла ба корхонаҳои заршӯйии «Одина», «Союз-Зар» ва «Ганҷ» барои бунёди мактаб-интернат ва ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Шугнов, Сангдара ва Зелолак супоришҳои мушаххас дода шуда буд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи иҷрои ин супоришҳо дар деҳоти «Шугнов» аз ҷониби корхонаи заршӯйии «Одина» сохтмони мактаб — интернат, коргоҳи нонпазӣ, коргоҳи заргарӣ бо 30 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти кишоварзӣ, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ пурра ба анҷом расонда шуд.

Инчунин сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Зелолак аз ҷониби корхонаи заршӯйии «Помир» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, бунёди мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Сурхо бо маблағгузории корхонаи «Ганҷ» пурра ба анҷом расидааст. Ба Вазорати энергетика ва саноат ва корхонаи «Союз-Зар» дастур дода шуд, ки сохтмони кашолёфтаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳаи Сангдара ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонанд.

 

Як зумра корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар деҳоти «Шугнов» ба истифода дода шуд

Дар деҳоти «Шугнов» ҳамчунин як нонпазхона, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.

Дар коргоҳи нонпазӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар як шабонарӯз аз 150 кг орд маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда мешавад. Ин коргоҳ барои қонеъ гардондани талаботи мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ин мавзеъ, аз ҷумла заршӯён пешбинӣ шудааст.

Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш бошад, иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо аз 25-30 намуд гиёҳҳои табиати ин мавзеи биҳиштосо навъҳои гуногуни доруворӣ истеҳсол карда мешавад. Дастгоҳи бастубанди доруворӣ, ки бо технологияи навтарин сохта шудааст, бо арзиши 250 ҳазор доллари амрикоӣ дастрас гардидааст. Дар ин ҷо 30 нафар мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Зимни ифтитоҳи корхонаи духти либосҳои мактабӣ, аз ҷумла аён гардид, ки дар он 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Дар ин корхона дӯхти либоси мактабӣ, коргарӣ, тиббӣ, арӯсӣ ва дигар либосвории мардонаю занона ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки як корхонаи алоҳидаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ва ҳамаи шароити зарурӣ бунёд намоянд, то ки талаботи ин маҳалро пурра қонеъ гардонанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги созандагии роҳбарияти корхонаи заршӯйии «Одина»-ро, ки дар зарфи ду соли охир бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ мактаб-интернати муосир ва коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ бо зиёда аз 100 ҷойи корӣ бунёд намудаанд, намунаи олии ватандорию ватандӯстӣ ва савобҷӯйӣ номида, фаъолияти пурсамари ин соҳибкорони баору номусро намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони кишвар маънидод кард.

 

Зиёрати оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуд.

Бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои пойдории оромию осоиши Тоҷикистони азиз ва рифоҳи мардуми шарифи кишвар дуою фотиҳа карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо шароити ду бинои якошёнаи сеҳуҷрагӣ, ки чун меҳмонхона барои қабули зиёраткунандагони ин зиёратгоҳ бунёд ёфтааст, шинос шуда, барои ба як мавзеи ободу зебои сайёҳӣ табдил додани ин мавзеъ супоришҳои судманд дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи бисёрошёна бо шароити муосири будубоши шабонарӯзӣ ва истироҳату фароғат бунёд намоянд.

www.president.tj