Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

№33 (3179) 04.04.2014

Дуюми апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият истиқбол гирифтанд.

Боздиди корӣ аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, оғоз ёфт.

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр нахуст Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуд.Барафрохтани парчам таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи наврасону ҷавони Хуҷандшаҳри бостонӣ суруда шуд, сурат гирифт. Атрофи парчампоя ва роҳравҳо бо санги ороишии гранити сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфтааст.

Тавре зикр гардид, бунёди ин парчампоя ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ анҷом ёфтааст. Дарозӣ ва паҳнои худи парчам 7х12 метр аст.

Ин маросими бошукӯҳ бо ҳузури анбӯҳи зиёди мардуми Хуҷандшаҳр ва намояндагони аҳли зиё аз вилоят ва маркази ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва хусусан сокинону меҳмони шаҳри Хуҷандро бо ифтитоҳи боз як нуқтаи фарҳангӣ ва тамошоҷойи рӯҳнавоз табрику таҳният гуфта, ба рӯзҳои Наврӯзи хуҷаста рост омадани ин рӯйдоди фараҳбахшро фоли нек номид.

Маросими парафшонсозии Парчами давлатии Тоҷикистон бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфт.

Ифтитоҳи маркази таълимӣ ва истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дуюми апрели соли 2014  дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии «Шероз», ки дар назди Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Зинат» таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

Бо арзи сипосу қадрдонӣ аз ҷониби роҳбарияти корхона ва занону духтарони бо кор таъмингардида таъкид гардид, ки ба роҳ мондани ин кор натиҷаи дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тавре зикр гардид, қолинбофии дастӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои зебои тоҷикӣ аст, ки аз аҳди бостон то ба имрӯз расидааст.

Бозори маҳсули ҳунарҳои гулдӯзию зардӯзӣ дар солҳои Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон, хусусан бо афзоиш ёфтани шумораи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ хеле гарму серхаридор гардида, шумораи занону духтарони ба ин кор рӯйоварда афзун шуд.

Танҳо қолинҳои дастбофи тоҷикӣ аз талаботи бозори ҷаҳонӣ каме қафо монду шумораи харидорон ва ҳам истеҳсолкунандагонаш коҳиш ёфт. Ин аст, ки бо талабу раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони хушзавқи шаҳри Хуҷанд аввалин шуда, ба ҷорӣ намудани усулҳои эронии қолинбофии хонагӣ даст заданд ва аллакай натиҷаи корашон назаррас гардидааст.

Барои хуб ба роҳ мондани ин кор  се нафар занони соҳибтахассус аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват карда шуданд, ки як сол ба омӯзиши занону духтарони тоҷик машғул хоҳанд шуд. То имрӯз беш аз 1000 нафар барои омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар ин ҷо номнавис шудаанд.

Ҳоло дар ин ҷо коргоҳҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дӯхти либосҳои гуногун фаъол ва дар онҳо беш аз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин коргоҳҳо ҳар се моҳ то 250 нафар ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Минбаъд бо ёрии кадрҳои дар ин марказ таълимгирифта корҳои омӯзишию истеҳсолӣ дар коргоҳҳои зиёде, ки дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғд бунёд меёбанд, ба роҳ монда мешавад ва ҳазорҳо нафар занону духтарон бо кор ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.

Тибқи нақшаҳои тақрибӣ, танҳо дар соли равон қариб панҷ ҳазор занону духтарон ба ин кор ҷалб карда мешаванд. Ин шумора то охири соли 2015 ба 13 ҳазор ва то охири соли 2016 бояд то ба 35 ҳазор нафар расонда шавад. Аз 35 ҳазор нафар наздики 30 ҳазор занону духтарон бояд қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии дастиро дар хонаҳои худ ба роҳ монанд. Ҳамаи ин, албатта, бо дастгирии давлат ва соҳибкорони ин соҳа амалӣ хоҳад шуд. Қолинҳо ва сӯзаниҳои дар ҳавлиҳои шаҳрвандон омодагардида аз тарафи Маркази таълимию истеҳсолӣ харидорӣ ва дар дохилу хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки маҳсули чунин ҳунарҳои зебо дар дохил ва хориҷи кишвар бозор ва харидорони сершумор доранд, танҳо сифати он бояд бозоргир ва рақобатпазир бошад.

Сабаби асосии дар бозори ҷаҳонӣ харидорони сершумор доштани қолинҳои дастии эронӣ ин аст, ки тамоми ашёи хоми он табиӣ мебошад, ҳатто рангҳои он аз пӯсту тана ва самараи дарахту гиёҳҳо ҳосил карда мешаванд. Тавре иттилоъ доданд, аз омехтаи даҳ ранги асосӣ, ки аз гулу гиёҳ, дарахт ва пӯсти меваю сабзавоти гуногун ҳосил мегардад, беш аз 50 намуд рангҳо омода карда мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар қадар рангҳо ва гулу ороишоти қолини дастӣ зиёду зебо бошад, ҳамон қадар арзишаш боло меравад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кунунӣ ва дурнамои ин кори ташкилшуда изҳори хушнудӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки барои боз ҳам ривоҷ додани қолинбофии дастии тоҷикӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ тамоми шароитро муҳайё созанд. Таъкид гардид, ки ин таҷрибаи наку ва пурманфиат  дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бояд эҳё карда шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, муассисаҳои махсуси касбию таълимии ин соҳа таъсис дода шаванд.

Коргоҳи дӯзандагии марказ бошад, асосан бо дӯхти либоси мактабӣ ва корӣ машғул буда, дар як сол то 200 ҳазор адад либоси гуногун истеҳсол менамояд.

Дар намоишгоҳи корхона маҳсули ҳунарҳои зебои мардумӣ, ки бо завқу салиқаи баланд эҷод ва омода гардидааст, пешкаши ҳозирин гардид.

 Корхонаи коркарди шири «Афзали Суғд» ба кор даромад

Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боз як корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби ширкати «Афзали Суғд» бунёд ёфта, бо коркарди шир ва истеҳсоли 15 намуд маҳсулот машғул аст.

Дар корхона беш аз 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 800 сомонӣ таъмин мегарданд.

Корхона бо харҷи як миллион сомонӣ сохта ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, дар як шабонарӯз то 10 тонна ва дар як сол то се ҳазор  тонна ширро метавонад коркард намояд.

Сифати тамоми маҳсулоти ширӣ дар озмоишгоҳ санҷида шуда, дар зарфҳои сохти худи корхона ҷойгир карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дод, ки чунин корхонаҳои коркарди шир дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо мағозаҳои фирмавиашон бунёд карда шаванд. Тавре таъкид гардид, аз аҳолӣ ҳам бояд шир харидорӣ шуда, дар чунин корхонаҳо бо сифати баланд коркард шавад.

Роҳбарияти корхона азм доранд, ки маҳсулоти хушсифати бозоргир бо зарфҳои зебо истеҳсол намоянд, зеро танҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳоло 20 корхонаи коркарди шир фаъоланд ва рақобат дар бозор шадид мебошад.

Ҳамаи ин корхонаҳо маҳсулоти худро дар корхонаи нави Ширкати «Афзали Суғд» ба намоиш гузошта буданд. Зарфҳои сафолии маҳсулоти ширӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт, зеро дар он муҳлати нигоҳдории чунин маҳсулот дарозтар аст.

Дар ин ҷо, ҳамчунин маҳсулоти корхонаҳои коркарди гӯшт ба намоиш гузошта шуда буд, ки бо сифати баланди бозоргузар истеҳсол шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти ватании ширию гӯштӣ бояд зиёд карда шавад, то ки воридоти он аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.

Тавре иттилоъ доданд, Ширкати «Афзали Суғд», ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки дар шафати корхонаи номбурда коргоҳҳои истеҳсоли консерва ва ҳасибҳои гуногуни гӯштиро ба роҳ монад.

Бояд тазаккур дод, ки  ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 22 корхонаи истеҳсолӣ фаъол гардидааст, ки 320 нафарро бо кори доимӣ таъмин намудаанд. Ин корхонаҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шудаанд.  Ҳаҷми умумии маҳсулоти онҳо аз 10,5 миллион сомонии соли 2011 дар соли 2013 ба 44 миллион сомонӣ расидааст. Соли 2014 тибқи нақша ин нишондод бояд ба зиёда аз 60 миллион сомонӣ расонда шавад.

 Оғози фаъолияти меҳмонхонаи «Хуҷанд–делюкс»

 Дуюми апрели соли 2014 дар соҳили рости Сирдарё аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи чаҳорошёнаи «Хуҷанд – делюкс», ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдуқодир Абдураҳмонов ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ доданд, меҳмонхона бо 20 ҳуҷра дорои 35 кати хоб буда, дар он 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 800 сомонӣ таъмин мешаванд.

Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ба таври аврупоӣ ва миллии тоҷикӣ ороиш ёфта, бо мебели замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Деворҳои ҳуҷраҳо бошад, бо расмҳои гуногуни табиати кишвар ва ба тарзи миллӣ ва аврупоӣ, инчунин панно – сӯзаниҳо оро дода шудааст.

Меҳмонхона, ҳамчунин дорои коргоҳи хушкашӯйии сару либос ва тарабхона бо 80 ҷойи нишаст буда, ҳамаи хизматрасониҳо дар он баробар бо дараҷаи 4- ситора ба роҳ монда шудааст.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона дар пайравӣ ба ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат хатнасури 50 нафар писарчаҳо аз хонаводаҳои ниёзманд ташкил гардид. Ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои арзишманд супурда шуд.

 Навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд

 Дуюми апрели соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба навсозии куллии роҳи мошингарди кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғози расмӣ бахшид.

Тавре зикр гардид, солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои мошингард авҷи тоза пайдо намудааст.

Танҳо дар соли 2013-ум 30 км роҳҳои мошингарди шаҳри Хуҷанд мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд. Соли 2014 бошад, навсозии 116 км роҳҳои дохилии шаҳри Хуҷанд дар нақша аст. Ин миқдор роҳҳо бо харҷи 40 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва саҳмгузории соҳибкорону аҳолӣ бояд аз нав обод шаванд. Навсозии роҳҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкатҳои ватании «Суғдроҳсоз», «Хуҷандроҳсоз» ва «Сомонроҳсоз» анҷом меёбад.

Оғози сохтмони Корхонаи саноатии «Ғаюр – Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сеюми апрели соли 2014 сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд идома ёфт.

Дар роҳи шаҳри Истиқлол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони Корхонаи саноатии «Ғаюр – Суғдсемент» оғоз бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи сементбарорӣ дар масоҳати 20 гектар замини хушку саҳро бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкати ватании «Ғаюрсемент» дар якҷоягӣ бо шарикони хитойии он аз ширкати «Хуасин» бунёд меёбад.

Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 1,2 миллион тонна сементи навъи 500 буда, дар он қариб 1000 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ доданд, беш аз 85 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

Хотиррасон бояд намуд, ки аз ҷониби ширкатҳои мазкур ҳамин гуна корхонаи муосир соли гузашта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба кор дароварда шуда буд. Дар ин ҷо низ корхона бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда, истеҳсолоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар аст.

Пеш аз омодашавии Корхонаи сементи Ёвон наздики 100 нафар мутахассисони тоҷик дар филиалҳои ширкати «Хуасин» дар Ҷумҳурии Халқии Хитой хононда шуда буданд. Мутахассисони ояндаи корхонаи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, дар Корхонаи сементи Ёвон таҷриба омӯхта, омода хоҳанд шуд.

Навбати аввали корхонаи нав соли 2015 ва навбати дуюмаш соли 2016 ба кор дароварда мешавад. Аҳамияти иқтисодию иҷтимоии ин корхона барои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд ва умуман ҷумҳурӣ басо бузург аст, зеро ҳамасола беш аз 100 миллион сомонӣ ба давлат андоз хоҳад супорид.

-Ғайр аз ин, -ба гуфти роҳбари ширкати ватании «Ғаюрсемент» Акбар Ғуломов,-пас аз ба кор даромадани Корхонаи сементи Ёвон нархи семент дар ҷумҳурӣ 25 фоизи паст шуда буд. Бо фаъол гардидани корхонаи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нархи семент дар вилояти Суғд низ 25 фоиз поён хоҳад рафт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми накуи соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки ҳамзамон бо сохтмон ва фаъол намудани ин корхона дар ободонии инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла навсозии роҳҳо, низ саҳмгузор бояд шуд.

 Шурӯи сохтмони Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва Корхонаи сементи «Чжунгтсай – Табошарсемент» дар шаҳри Истиқлол

Сеюми апрели соли 2014 дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ду корхонаи азими саноатӣ – Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва Корхонаи сементи «Чжунгтсай – Табошарсемент» оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, ҳар ду корхона бо харҷи 500 миллион доллари амрикоӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дар онҳо наздики 2,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, ки наздики 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад.

Сохтмони корхона соли 2014 оғоз ёфта, қисмати коркарди сурб соли 2016 ва қисмати коркарди руҳ соли 2017 ба кор дароварда мешавад.

Ҳамчунин бо истифода аз партовҳои комбинати мазкур, минбаъд корхонаҳои нави истеҳсоли семент, кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Хотиррасон бояд намуд, ки комбинати металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой мебошад. Истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб чанд сол дар Корхонаи навбунёди «Зарнисор» оғоз ёфта буд. Ҳоло дар он корхона 1160 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Корхонаи «Зарнисор» то ҳол ба буҷети давлат 160 миллион сомонӣ андоз супоридааст.

Корхонаи сементи «Чжунгтсай – Табошарсемент», ки сохтмонаш ҳамзамон бо комбинати металлургӣ оғоз ёфт, дар масоҳати 20 гектар бунёд хоҳад шуд.

Корҳои сохтмонии он дар соли 2014 оғоз гардида, соли 2015 ба итмом мерасад. Қисми муайяни ашёи хоми корхона партовҳои комбинати металлургии сохташаванда мебошад. Корхонаи семент дорои иқтидори лоиҳавии истеҳсоли 600 ҳазор тонна семент дар як сол буда, дар он қариб 500 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мегарданд.

Қисми муайяни сементи истеҳсолкардашуда ба хориҷи кишвар содирот хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитойро «дуввумин корхонаи бузургтарини Тоҷикистон пас аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» номида, изҳори боварӣ намуд, ки он ва ду корхонаи бузурги сементи имрӯз сохтмонаш оғозёфта ба рушду нумӯи босуръати шаҳри Истиқлол, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва атрофи онҳо такони ҷиддӣ мебахшанд.

Дар назди иштирокдорон, ки ба ин муносибат ҷамъ омада буданд, ҳамчунин директори кулли ширкати «Чайна глобал» Хуан Ҷянжун ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Фан Сянжун изҳори андеша карданд.

 Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ дар шаҳри Қайроққум

 Сеюми апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, ин муассисаи тиббии муосир бо харҷи қариб ду миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ширкати «аш-Шафар» аз Амороти Муттаҳидаи Араб сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ташхис ва табобат аз ширкатҳои олмонӣ, итолиёвӣ ва хитойӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин муассисаи тиббӣ дорои 14 ҳуҷра ва 21 дастгоҳи гаронарзиши муоинаю ташхис ва табобат, ба монанди дастгоҳҳои ултрасадо (УЗИ), рентгенӣ, дандонпизишкӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти таҳлилӣ, як қатор таҷҳизот барои ташхиси  амрози занона, гӯшу гулӯву бинӣ, чашм ва дил мебошад. Дар ин марказ наздики 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузорону ташкилкунандагони ин амри хайр арзи сипос карда, таъкид дошт, ки хизматрасонӣ ба аҳолӣ бояд дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шавад.

Намояндагони ширкати арабии «аш-Шафар» изҳор доштанд, ки ин нахустин натиҷаи кори онҳо дар Тоҷикистон аст ва азм доранд, ки  минбаъд ҳамкориро дар ин ҷо ривоҷ диҳанд.

www.president.tj