Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

огоз

Оғози боздид аз вилояти Суғд

Бисту якуми марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ба вилояти Суғд ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоси наврӯзӣ ва меҳмоннавозии суннатии миллӣ истиқбол гирифтанд.

Тайи рӯзҳои сафари идона Роҳбари давлат дар маркази вилоят ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои он дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзида, чандин иншооти навбунёдро мавриди баҳрабардоӣ қарор дод.

Нахустин иншооти ҷашнӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт, ки барои қабул ва гусели меҳмонони олимақом бо тамоми шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.

 

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, парда аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ бардошта, қасри бошукӯҳи фарҳанги онро, ки ба тозагӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд ва бо мардуми сершумори ин ноҳия мулоқоти судманд анҷом дод.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов парда аз болои  пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, поягузори нахустин давлати бузурги тоҷикон, бардошта, майдони зебои атрофи он ва худи пайкараро ба сокинону меҳмонони ин ноҳия пешкаш намуд.

Тавре иттилоъ доданд, баландии пайкара 12 метр буда, атрофи он бо гулгашти зебое аз гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ва ҳамчунин бо фаввораҳои бо рангҳои гуногун ҷилодиҳанда оро ёфтааст. Гуфтанӣ аст, ки пайкараи Исмоили Сомонӣ ва гулгашти атрофи он бе харҷи маблағҳои буҷетӣ бо саҳмгузории соҳибкорону саховатпешагони маҳаллӣ дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорию ободонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омода шудаанд.

Дар навбати дуюм  аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи майдони атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ ёфт, ки бо намуди зоҳирӣ ва толорҳои зебои мунаққашу мунаввараш ба қасри овозадори Арбоб бисёр шабоҳат дорад.

Чунонки иттилоъ доданд, соли 2015 дар қаламрави вилояти Суғд соли рушди фарҳанг эълон шудааст ва дар назар аст, ки давоми сол бунёд ва тармиму навсозии як қатор иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои он анҷом ёбанд ва ин қаср аз ҷумлаи бузургтарин чунин иншооти фарҳангии навбунёд аст. Тавре аён гардид, ин қаср бо тарҳи басо хуб омода шуда ва намои зебои зоҳирию дохилӣ бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст. Даромадгоҳҳои қасри фарҳанг бо 50 шоҳсутун ва 82 нимсутун оро ёфта, ба намуди зоҳирии он шукӯҳи хос бахшидааст. Ин қасри бошукӯҳи дуошёна аз бинои марказӣ ва ду қанот иборат буда, 8,5 метр баландӣ дорад.

Толори асосии Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов дорои 600 ҷойи нишаст буда, аз ҷониби тарроҳону кандакорон, наққошону рассомон ва пардозгарони чирадаст хеле зебою назаррабо оро ёфтааст. Ин қаср ҳамчунин дорои чанд толори дигар, 33 ҳуҷраи корӣ ва утоқҳои ёрирасон мебошад.

Дар саҳни ҳавлии қаср Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми сершумори ноҳия дар ҳузури доираи васеи аҳли илму фарҳанг, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд, мулоқот анҷом дода, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти муҳташами фарҳангиро туҳфаи арзандаи наврӯзӣ номид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин қасри фарҳанг — Гулистон номгузорӣ карда шавад.

Дар толори бошукӯҳи қасри мазкур барномаи дилнавозу рӯҳафзои фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки боиси болида гардидани аҳли нишаст шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия барои офаридани барномаи дилнишини наврӯзӣ арзи сипос карда, ба онҳо 26 адад асбобҳои миллии мусиқӣ ва як фортепиано туҳфа намуд.

 

Оғози тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд

 Нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли 2015 боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар оғози боздид аз Хуҷандшаҳри бостонӣ дар маркази он бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ соли 2014 бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва тавре аён мегардад, дар муддати кӯтоҳ ин боғ ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзои сайру тамошо, шиносоӣ бо рӯзгору сарнавишти саршор аз сахтиҳои ғарибии ин устоди шеъри ноби тоҷикӣ ва ҳамчунин ба мавзеи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.

Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони аҳли адаби тоҷик, пеш аз ҳама, парда аз болои пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ бардошта шуд, ки аз металли биринҷӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Даврон Раҳматов сохта ва атрофаш бо сангҳои хорои маҳаллӣ оро дода шудааст. Баландии ҳайкал 7 метр ва зерпояаш 4,5 метр мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи рамзии Камоли Хуҷандӣ, ки бо гузашти садсолаҳо пас аз дунёро дар ғарибиҳо падруд гуфтани ин шоиру орифи ғазалсаро дар зодгоҳаш бунёд ёфтааст, мушти хоке рехта шуд, ки аз марқади воқеии ӯ аз шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон оварда шудааст.

Дар паҳлуи оромгоҳ хонаи рамзии Камол бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ дар масоҳати шаш садяк замини боғ бунёд ёфтааст, ки басо зебою диданӣ аст. Дар хонаи Камол чор хуми калон ҳаст, ки дар яке гандум, дар дигараш шолӣ, дар севумӣ равған ва дар ҷаҳорумин об гузошта мешавад, ки ин ба зарурати захира кардани озуқаворӣ ишорат мекунад ва ин анъанаи аз рӯзгори бостон то имрӯз расидаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст. Дар манзили Камол шабакаи қадимаи обу ташноб ҳам мавҷуд аст, ки  нишона аз  фарҳанги баланди шаҳрдории мардуми тоҷик мебошад. Тавре маълум аст, ниёгони мо ҳанӯз дар асрҳои миёна ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ аҳмияти хоса зоҳир менамуданд.

Дар сохтмони хонаи асримиёнагии Камоли Хуҷандӣ се гурӯҳ устоҳои ватанӣ, аз ҷумла кандакорони болои чӯбу гач, наққошону рассомон, бӯрёбофон ва дигар ҳунармандон давоми як сол кор карданд. Дар хонаи Камол ҳамчунин ҳунарҳои адрасбофию атласбофӣ, ки анъанаи қадимаи мардуми тоҷик аст, намоиш дода шуд.

Дар пушти хона чорбоғи Камол бунёд ёфтааст, ки яке аз унсурҳои асосии хонаҳои асримиёнагӣ ва ҳам муосири тоҷикон аст. Дар чорбоғи Камоли Хуҷандӣ дарахтони зардолу, бодом, ангур ва анор шинонида шудааст.

Дар атрофи ҳавзи ҳавлӣ 40 бех дарахти сиёҳбед қомат афрохтааст, ки тибқи талаботи аз аҳди бостон расидаи тоҷикон барои аз намӣ ва шӯра эмин нигоҳ доштани хонаю биноҳои атрофи ҳавз шинонида мешудааст.

Боғи навсозишудаи Камоли Хуҷандиро ҳамчунин обшорон оро медиҳанд, ки ба дарозии 150 метр тӯл кашидаанд. Дар бунёди он сангҳои сиёҳ, сурх, сафеди аз ноҳияи Ашт овардашуда истифода шудааст. Дар боғи Камоли Хуҷандӣ ҷӯйи Раззоқ сохта шудааст, ки сангҳои он аз дарёи Вахш оварда шуда, бозгӯй аз ваҳдати миллӣ ва дӯстию ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон аст. Бо ҳунари дастони устоҳои чирадаст аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара ҳуҷраҳои ҳудуди боғ ва се айвон бо кандакорӣ ва нақшу нигори зебо оро ёфтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми сершумори Хуҷандшаҳр ва аҳли зиёи Тоҷикистон, ки беш аз 200 нафарашон аз маркази ҷумҳурӣ, дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷо барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ ташриф овардаанд, суханронӣ намуда, кулли онҳо ва ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тамоми мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи ҷаҳониро бо фаро расидани ин иди фархунда бори дигар табрику таҳният гуфт. Ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчунин барои ифтитоҳи боғи навсозишудаи Камоли Хуҷандӣ бо иншооти навбунёдаш суханҳои шодбошӣ гуфта шуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ба масъулин дастур дод, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандиро оянда ба як осорхона дар зери осмони кушод бо растаҳои ҳунармандон табдил диҳанд ва таъкид дошт, ки ин кор боиси ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои таҳти васоёи ЮНЕСКО дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ санадҳои зарурӣ омода ва ба ин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ пешниҳод карда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки «Девони Камоли Хуҷандӣ» дар нашриёти беҳтарини ватанӣ бо сифати баланд нашр ва дастраси хонандагон гардонида шавад.

Ба Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ки ба тозагӣ таъсис дода шудааст ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ дастур дода шуд, ки корҳоро барои ҷамъоварӣ, омӯзиш ва табъу нашри дастхатҳои «Девони Камоли Хуҷандӣ» вусъат диҳанд. Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихӣ- фарҳангии Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода мешавад, ки он аз осорхонаи кишваршиносӣ, қалъаи таърихӣ, хонаи Камол ва боғи Камол иборат хоҳад буд.

 

Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Хуҷанд

 Нимаи дуюми рӯзи 21 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимони бе падару модар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуда, биноҳои нави қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Нахуст дар маркази фароғатии Ҷавонон, ки дар соҳили рости Сирдарё қарор дорад, бо иштироки Сарвари давлат барои 500 нафар ятимони бе падару модар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастархони идона ороста шуд.  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки ин кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона супурда, дар муроҷиат ба масъулин таъкид дошт, ки раванди таълиму тарбия ва умуман рӯзгори ояндаи ин табақаи ниёзманди аҳолӣ то ба воя расиданашон бояд таҳти назорату ғамхорӣ қарор дошта бошад.

Дар соҳили рости Сирдарё бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин биноҳои нави қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Хотиррасон бояд намуд,  ки то ин вақт қисми низомии 3501 дар ҳудуди қалъаи таърихии Хуҷанд воқеъ дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир буд.

Маҷмааи нави қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корхои дохилӣ аз як бинои панҷошёна, як бинои дуошёна ва чандин биною иншооти дигар иборат аст. Дар ситоди қисми низомӣ, хобгоҳҳои сарбозон, ҳаммом бо буғхонаю утоқҳои ҷомашӯӣ, ошхона бо ошпазхонаю нонвойхона, умуман тамоми шароити хуби замонавӣ муҳайё мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин ҳуҷраҳои истироҳатӣ барои афсарон муҷаҳҳаз шудаанд.

Дар бинои дуошёна ошхона бо 300 ҷойи нишаст,   толори маҷлисгоҳ ва ҳам китобхонаву синфҳои таълимӣ ҷойгиранд. Маҷмаа дорои шабакаи муосири барқ, обу ташноб ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ мебошад.

Ин қисми низомӣ ҳамчунин бо техникаи зарурӣ, яроқу аслиҳа, дигар лавозимоти муосири ҳарбӣ ва заминаи моддии техникии машқу тамрини касбӣ таъмин карда шудааст. Роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомӣ барои муҳайё намудани шароити зарурӣ дар қароргоҳи доимии нав ва ғамхорию дастгирии пайваста арзи сипос намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти нави қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ифтитоҳ ёфт.

Тавре аён гардид, дар ин воҳиди низомӣ ҳам тамоми шароити зарурӣ барои хизмати ҳарбӣ, машқу тамрини низомию варзишӣ, машғулиятҳои махсуси касбӣ, будубоши шаборӯзӣ ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст. Чунонки зикр гардид, аз раванди бунёдкорию созандагии Тоҷикистон, ки таҳти раҳнамоию ғамхории мудоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми гӯшаю канори кишварро фаро гирифтааст, сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ дар канор намондаанд, зеро дар ин сохторҳо низ ҳоло даҳҳо иншооти наву замонавӣ мавриди сохтмон ва ё тармиму навсозӣ қарор доранд.

 

Тантанаҳои марказии наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд

 Бегоҳии 22 марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз майдонҳои Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо дастаи чавгонбозони тоҷик шинос шуда, бозии намоишии онҳоро тамошо намуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ин бозии миллии тоҷикӣ, ки солҳои охир дар Тоҷикистон аз миён рафта буд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон дубора эҳё мегардад.

Ба хотири эҳёи ин намуди бозӣ, тарғибу ташвиқи он дар миёни ҷавонон ва рушди минбаъдааш дар вилояти Суғд тасмим гирифта шудааст, ки  мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон таъсис дода шавад. Барои омода кардани заминаи ибтидоии эҳё ва рушди чавгонбозӣ ҳашт нафар варзишгарони шавқманд аз  вилояти Суғд давоми зиёда аз як моҳ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон даври омӯзишӣ гузашта, дорои сертификати махсуси мутахассиси ин намуд шудаанд ва ҳоло машғули ин коранд.

Барои ташкили машқҳо ва бозиҳои чавгон лавозимоти зарурӣ барои 16 асп ва бозигарон аз давлати Аргентина харидорӣ шудааст.

То имрӯз аллакай майдони чавгон ва утоқҳои махсуси нигоҳубини аспҳо, машқу тамрин ва бозӣ омода шуда, корҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми наку басо хушҳол шуда, таъкид дошт, ки ин намуди бозӣ, ки воқеан аз аҳди бостон ин ҷониб моли мардумони тоҷику ориёӣ буду ҳаст, бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳё шуда, рушд ёбад.

Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, ки дар майдони калони варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, бори дигар мардуми вилояти Суғд ва кулли Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфт.

 

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум

 Субҳи рӯзи 23 марти соли 2015 боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум идома ёфт.

Дар шаҳри Қайроққум, ки яке аз минтақаҳои саноатӣ ва истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ба шумор меравад, як бинои истиқоматии бисёрошёна ва ду корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум нахуст як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре иттилоъ доданд,  ин бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво мебошад.

Соҳибкорзани ташаббускор Турсуной Зокирова иттилоъ дод, ки дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бинои истиқоматиро бунёд намуда, бо дастгирӣ аз тадбирҳои башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даҳ хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд.  Тавре аён гардид, бинои истиқоматӣ ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва бо шароити мусоиди замонавӣ бунёд ёфтаанд.

Дар навбати дувум дар назди ширкати «Фаровон»-и шаҳри Қайроққум се коргоҳи нав  дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд, ки ташаббускори бунёди онҳо соҳибкори ватанӣ Исроилхӯҷа Самандаров мебошад. Чунонки аён гардид, ин коргоҳҳо яке барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ ва ду коргоҳи дигар барои тавлиди маҳсулоти бинокорӣ пешбинӣ шудаанд.

Коргоҳи хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 30-35 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Дар ин ҷо нуҳ нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Дар коргоҳи маҳсулоти бинокорӣ масолеҳи бозоргири ин соҳа, ки ҳоло аксаран аз хориҷи кишвар ворид мегардад,  истеҳсол шуда, то андозае имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо молу ашёи ватанӣ таъмин шавад.

Дар яке аз ин коргоҳҳо ҳар моҳ беш аз 3000 метри мураббаъ панелҳои гуногун барои бинокорӣ ва дар коргоҳи дуюм моҳона зиёда аз 60 тонна металлоконструксияҳои оҳанӣ омода карда мешавад. Чунонки зикр гардид, дар се коргоҳи навбунёди Ширкати «Фаровон» беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Иншооти сеюми ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум, ки бо рафти фаъолияти он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бевосита шинос шуд, Корхонаи мурғпарварии «Дӯстон»-и соҳибкори маҳаллӣ Даврон Пӯлотов мебошад. Ин корхона барои парвариши 100 ҳазор сар мурғи тухмӣ бунёд ёфта, имкон дорад, ки дар як сол ба бозор беш аз 15 миллион дона тухми мурғ пешниҳод намояд.

Дар навбати аввал чӯҷаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар ҳамин ҷо калон карда мешаванд. Ҳоло аз панҷ бино (модул) чортояш пурра омода ва бо мурғ пур карда шудааст. Бинои панҷуми корхона ҳам бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, вале ҳоло бо мурғ пур нашудааст. Дар ин корхона то 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори мазкур тасмим гирифт, ки дар ин ҷо як корхонаи мурғи гӯштӣ ҳам бунёд намояд.

Тавре аён мегардад, мардуми шаҳри Қайроққум ва бахусус соҳибкорони боибтикори он, дар раванди бунёдкорию созандагии кишвар аз сиёсати ободкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, пайваста ба бозори дохилии кишвар маҳсулоти нав ба нави саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол ва пешниҳод менамоянд.

 

Тантанаҳои бошукӯҳи идона дар назди қасри фарҳанги Арбоби шаҳри Хуҷанд

 Тантанаҳои бошукӯҳи идона бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли 2015 дар назди Қасри фарҳанги Арбоби шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз саҳни Қасри фарҳанги Арбоб ба таври идона оро ёфта, мардуми сершумори атроф ба он ҷо гирди ҳам омаданд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин базмгоҳи наврӯзӣ, ки ӯро беш аз 200 нафар зиёиёни эҷодкор аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҳамроҳӣ мекунанд, ба тантанаҳои идонаи ин мавзеи таърихӣ шукӯҳи шоҳона бахшид.

Дар ин ҷо намоишгоҳи наврӯзӣ бо пешниҳоди анъана ва расму оинҳои миллӣ ороста шудааст, иборат аз нишони 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, растаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи табиати зинда ва растаи ошпазону дигар таббохони миллӣ иборат аст.

Ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳои дигар ва ашёи рӯзгор мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Як растаи идона пур аз ошпазону суманакпазон ва таббохони дигар хӯроку хӯришҳои миллӣ буд. Барои танҳо оши палав қариб сӣ деги калон гузошта буданд, ки ҳамаи он ба мардум ройгон пешниҳод карда шуд. Дар ин ҷо ҳамчунин озмуни беҳтарин оши палав гузаронида шуд.

Намоиши барномаҳои бадеии театрикунонидашуда, дорбозӣ ва  албатта, рақсу бозию дилхушӣ ва сурудҳо аз эҷодиёти шифоҳии мардумӣ басо ҷолибу диданӣ буд. Дар варзишгоҳи Қасри фарҳанги Арбоб намудҳои гуногуни бозиҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.

Дар саҳни ҳавлии Қасри овозадори Арбоб дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумор аз тамоми ҷумҳурӣ барномаи фарҳангии идона бо номи Наврӯзи байналмилалӣ аз нигоҳи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки дарвоқеъ таҷассумгари ҷаҳони рангину нозанини кӯдакон ва ботини поку мисли Наврӯзи оламафрӯз беолоиши онҳо буд.

 

Ифтитоҳи Амфитеатри маҷмааи Арбоб

 Нимаи дуюми рӯзи 23 марти соли 2015 дар паҳлуи Қасри фарҳанги Арбоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои Амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Амфитеатри маҷмааи Арбоб, ки шакли нимдоира дорад, дар масоҳати умумиии 3,5 гектар ҷойгир шуда, дорои 7000 ҷойи нишаст мебошад. Ин иншооти зебои фарҳангию варзишӣ ҳамчунин дорои толор барои тамошобинони олимақом, ҳуҷраҳо барои омодашавӣ ва машқу тамрини ҳунармандон, ду маҷлисгоҳ ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.

Андозаи саҳна 80х54-метр буда, барои чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва бозию дилхушӣ пешбинӣ шудааст. Атрофи саҳна ва дигар гӯшаҳои Амфитеатр бо сутунҳои зебо ва нақшу нигор оро ёфтааст. Даромадгоҳи амфитеатрро ҳамчунин фаввораи даврашакл ҳусни дилкаш мебахшад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо зебу зиннат медиҳанд.

Дар Амфитеатри зебои навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ шоҳиди чорабинии варзишии Рӯзи паҳлавонон ва даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии гӯштии миллӣ шуданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқот паҳлавонони номдор аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистону Ӯзбекистон ва аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд.

Ҷойи авввал ва шоҳҷоизаи мусобиқот – мошини сабукрави тамғаи Hynday насиби паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён гардид. Калиди шоҳҷоиза ва дигар ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқоти гӯштигирӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

 

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

 Бегоҳии рӯзи 23 марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва амалӣ намудани тадбирҳои зиддибуҳронӣ ба хотири коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, омилҳои иқтисодию молиявӣ ва сиёсию фарҳангии беруна ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсири манфии эҳсосшаванда дорад.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар аз ҷумлаи роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёт номида шуд.

Зикр гардид, ки соли 2014 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти маҳаллии вилояти Суғд ба 11 миллиард сомонӣ расид, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 6,6 фоиз зиёд аст. Бо вуҷуди ин, соли 2014 саҳми вилояти Суғд дар рушди иқтисодии кишвар нисбат ба соли 2013-ум 0,9 фоиз коҳиш ёфт. Таъкид гардид, ки ин тамоюли номатлуб набояд идома ёбад.

Нақшаи андоз дар вилояти Суғд дар ду моҳи соли равон иҷро шуда бошад ҳам, иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ таъмин нагардидааст. Аз ҷумла панҷ шаҳру ноҳияи вилоят аз уҳдаи ин кор набаромаданд.

Соли 2014 дар вилояти Суғд 164 корхонаи нав бо се ҳазор ҷойи корӣ бунёд ёфта, шумораи умумии чунин корхонаҳо ба 566 адад расид. Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ин вилоят 27 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё шудааст.

Дар ду моҳи соли равон бошад, ба ҳаҷми 603 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид ёфтааст.

Дастур дода шуд, ки барои пурсамар истифода бурдани заминҳои кораму майдонҳои боғу токзор, аз худ намудани заминҳои нав ва бекормонда, афзоиш додани истеҳсолоти кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии кишвар тамоми имкону захираҳо бояд фаъол бошад.

Дар робита ба тадбирҳои роҳсозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба раҳобахшии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва пайвастан ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва роҳҳои баҳрӣ нигаронида шудааст, иттилоъ дода шуд, ки ояндаи наздик бояд навсозии роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом-Исфара оғоз ёбад ва барои анҷом додани ин кор дарёфт ва ҷудо намудани беш аз 165 миллион доллари амрикоӣ маблағ зарур аст. Бо қаноат тазаккур дода шуд, ки лоиҳаҳои сершумори инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои бунёдӣ чун саноат, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ ва ҳамчунин дар соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба масъулин доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ҳисси худшиносию худогоҳии онҳо, пешгирӣ аз таъсири манфии фарҳанги бегона ва гароидани ҷавонону наврасони ноогоҳу гумроҳшуда ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ дода шуд.

Супоришҳои мушаххас доир ба тарғибу ташвиқи фарҳанги волои оиладорӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун худкушӣ низ дода шуд.

Сипас, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба роҳҳои ба иҷро расонидани супоришҳои Сарвари давлат ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузориш дода, ҳамчунин ба суолҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон посух дод. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол ва солҳои наздик дар вилояти Суғд тавассути таъсиси марказҳои омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ, атласбофию адрасбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ин соҳаҳо дар хонаҳои мардум садҳо ҳазор занону духтарон бо кор ва даромади хуб таъмин мегарданд. Ҳамчунин дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути таъсиси хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва додани замин ба деҳқонони асил дар ин соҳа низ ҷойҳои корӣ ва ҳам истеҳсоли маҳсулоту иқтидори содиротӣ афзун карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои ворид намудани технологияҳои навтарини истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ ва ба ин восита афзун намудани самарабахшии истеҳсолот аз тамоми имконот истифода бурда шавад.

Аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо мардум наздик бошанд, арзу доди онҳоро шунаванд ва барои баровардани ниёзҳояшон чораҳо амалӣ созанд.

Дар машварати корӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронӣ баррасӣ шуд.

 

Ифтитоҳи бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва як корхонаи коркарди шир дар шаҳри Хуҷанд

 Субҳи 24 марти соли 2015 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду иншооти ҷашнӣ – бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва Корхонаи коркарди шири «Порсо»-и Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд аз соли 1994 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар бозори молиявию қарзии ин минтақа чун шарики боэътимод мавқеи сазовор касб намудааст.

Бинои нави филиал барои беҳсозии хизматрасониҳои навтарини бонкӣ, муҳайё кардани шароити муносиб барои кормандон ва мизоҷон бунёд ёфтааст. Гуфтанӣ аст, ки ин филиали минтақавӣ дар бинои зебои истиқоматии панҷошёна, ки аз ҷониби худи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бунёд ёфтааст, ҷой гирифтааст. Бинои истиқоматӣ дорои 14 хонаи барҳаво буда, дар ошёнаи якумаш ҳамчунин маркази савдо ҷой гирифтааст, ки барои фурӯши анвои гуногуни хӯрокворӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бинои панҷошёна, ки бо харҷи қариб 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 52 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Замини бекорхобидаи пушти бино ба майдончаи бачагона ва мавзеи зебои сайругашти сокинони атроф табдил дода шудааст.

Дар минтақаи шарқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди шир ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Равшан Умаров бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, корхонаи мазкур барои истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти бозоргир ба хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти ширии ин корхона бо технологияҳои пешқадам аз Олмону Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ дорои сифати баланд мебошад. Ҳоло дар ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 35 тонна шир коркард шуда, аз он 12 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин ҷо 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд, ояндаи наздик шумораи онҳо ба зиёда аз 60 нафар мерасад.

Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона тасмим гирифтанд, ки як фермаи молию ширӣ низ ташкил дода, дорои пойгоҳи ашёи хоми худӣ барои ин корхонаи саноатӣ шаванд.

 

Асос гузоштан ба бунёди шаҳри нав, ки Сайҳун номгузорӣ мешавад

 Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 24 марти соли 2015 дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нақшаи шаҳри нав дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, ба бунёди он асос гузошт ва пешниҳод намуд, ки он Сайҳун  номида шавад.

Бояд таъкид намуд, ки оғоз бахшидан ба сохтмони шаҳри нав дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад ва ин бозгӯй аз баромадани кишвар ба сатҳи сифатан нави рушди иқтисодӣ мебошад. Ин тадбири калонмиқёс бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дар идомаи сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу  шароити муосири зиндагӣ ва зербинои кору фаъолияти босамар нигаронида шудааст.

Тавре зикр гардид, солҳои охир аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Қайроққум, Чкалов ва Мастчоҳ хеле афзуда, шумораашон ба зиёда аз 700000 расидааст ва зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин, аз ҷумла бо биноҳои бисёрошёнаи муосир, ба миён омадааст.

Санги асоси нахустин биноҳои истиқоматӣ, ки аз 9 ва 12 ошёна иборат хоҳанд буд, дар мавзеи бунёди ин шаҳри нав аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Дар шаҳри Сайҳун 19 қасаба ё худ микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд. Ин мавзеи фарох дорои 14000 гектар заминҳои хушку ташналаб аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1000 гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд.

Барои бунёди ин шаҳр ва обёрию ободонии он се пойгоҳи обкашӣ сохта, ба кор дароварда мешавад. Оби ҷонбахш аз дутои онҳо, ки аллакай омода шудаанд,  имрӯз бо дасти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин заминҳои ташналаб сар дода шуд.

Дар 1000 гектар заминҳои атрофи шаҳри Сайҳун боғҳои интенсивии зардолую сияҳолу ва шафтолую бодом, ки меваҳои содиротӣ ба шумор мераванд, бунёд карда мешавад. Обёрию ободонии ин мавзеъ дар се марҳила сурат гирифта, маҷмӯан дар 7000 гектари он боғҳои интенсивии содиротӣ қомат хоҳанд афрохт. То имрӯз аллакай дар зиёда аз 100 гектари ин мавзеъ боғҳои нав бунёд ёфтаанд.

Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон кишвари болооб буда, захираҳои фаровони обӣ дорад, ба хотири сарфаю сарфаҷӯӣ ва пешгирӣ аз исрофи ин неъмати волои табиати биҳиштосои кишварамон, аксари боғу токзор ба тариқи қатрагин об дода мешаванд. Ба иттилои мутахассисон, ин усули кор имкон медиҳад, ки харҷи об дар фаъолияти боғутокпарварӣ ҳафт баробар кам шавад. Ин усул ҳамчунин ба сарфаи нуриҳои минералӣ мусоидат карда, заминро аз шусташавӣ ва эрозия низ нигоҳ медорад.

Ба соли 2015 рост омадани ин иқдом басо рамзӣ аст, зеро имсол Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об — барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, эълон гардида буд, ҷамъбаст мешавад ва яке аз конфронсҳои байналмилалӣ доир ба натиҷаҳои ин амалиёт дар тобистони соли равон бо иштироки намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Обёрию ободонии ин мавзеи фарохи хушку холӣ дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, ҳадафҳои асосии он азхудкунии заминҳои нав, бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву истеҳсолӣ, муҳайё намудани беш аз 50 ҳазор ҷойи нави корӣ ва коҳиш додани муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар аст. Ҳоло танҳо дар корҳои роҳсозӣ, чароғонкунӣ ва бунёди дигар зербинои заминӣ беш аз 320 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Аз худ намудани ин миқдор заминҳои бекорхобида омили муҳими амалишавиии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории кишвар мегардад. Тавассути амалӣ шудани ин тадбир ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд соҳиби хонаю манзил, замини корам ва боғу токзор шуда, бо кори доимӣ ва даромади хуб таъмин мешаванд.

Ин мавзеъ бо назардошти вазъи иқлим ва мавқеи ҷуғрофӣ, ки дар масофаи 9 км аз шаҳри Хуҷанд ба самти шимолу ғарб ҷойгир аст, барои бунёди шаҳри нав ва боғҳои интенсивӣ басо мувофиқу мусоид аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми соҳибкору сарватманд ва дигар аҳолии ташаббускор даъват намуд, ки дар бунёди шаҳри Сайҳун, боғу токзори атрофи он, корхонаю муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ фаъол бошанд, то ки ҳам худ манфиат бардоранд ва ҳам барои дигарон ҷойҳои корӣ муҳайё созанд.

 

Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Қайроққум

 Бисту панҷуми марти соли 2015 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори «Баҳористон» фаъолият мекунад.

Чунонки зикр гардид, ин корхона иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди онҳо истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз  ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст.

Ин корхона дар масоҳати умумии 0,55 гектар бунёд ёфта,  аз се коргоҳи алоҳида барои  коркарди гӯшт, сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ иборат аст. Он имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то чор тонна ашёи хом ва нимтайёрро коркард намуда, маҳсулоти бозоргири хӯрокворӣ истехсол кунад.

Барои назорати сифати ашё ва ҳолати санитарию эпидемиологии маҳсулот корхона худ озмоишгоҳи муосир дорад. Барои нигаҳдории ашё мувофиқи талаботи стандартҳои нигаҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхона чор адад анбор барои нигаҳдории то 70 тонна сабзавот, ҳафт яхдон бо ҳарорати сифр дараҷа барои то 100 метри мураббаъ маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва ғайра мавҷуд аст.

Корхона бо технологияи муосир аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой муҷаҳҳаз карда шудааст.

Маҳсулоти корхона, пеш аз ҳама, барои қонеъ гардонидани талаботи осоишгоҳи «Баҳористон», маркази солимгардонии  кӯдакону наврасони «Шоҳин» ва ҳамчунин ба бозор пешниҳод карда мешавад. Миқдори кормандон то 30 нафар буда, аз ҳисоби ҳайати кории осоишгоҳи  «Баҳористон» сафарбар карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба сифати маҳсулоти хӯрокӣ таваҷҷуҳи хос зохир карда шавад ва таъкид дошт, ки озуқавории бесифат ба саломатии инсон таъсири зиёди манфӣ дошта, истеъмоли он ба муддатҳои дароз ҳатто ба генофонди миллат зиён меоварад.

www.president.tj