Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

№66 (4806) 24.05.2024

53739604784_1caac510de_o22-юми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, фарҳанг, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, директори Агентии содирот, президенти Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон, сардорони хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

22-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом фуруд­гоҳ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, роҳрав бо қолини сабз густурда шуд ва аз ҳар ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.

53740858898_c243a2ddc0_o22-юми майи соли ҷорӣ дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

23-юми майи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар назди Қасри Загулба баргузор шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба Парчами давлатии Озарбойҷон, ҳамчунин, шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифт.

23-юми майи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ҳар ду кишвар баргузор гардид.

Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи сарварони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

- Озарбойҷон дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон мебошад,- таъкид доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои ҳар ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Истифодаи самараноки иқтидори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои расидан ба ҳадафҳо дар самти тиҷорату иқтисод зарур шуморида шуд.

Саноат, энергетика ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои кишварҳо номида шуда, ба ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мароқ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, нақлиёту коммуникатсия, боркашонӣ ва истифодаи бандари баҳрии «Боку»-ро таъкид намуданд.

Зимни баррасии натиҷаҳои чорабинии тиҷоратӣ (бизнес-форум), ки дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки натиҷаҳои он аз имкониятҳои зиёд бархӯрдор будани ҳар ду кишварро дар густариши робитаҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд.

Зикр гардид, ки густариши муносибатҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, муҳоҷират, маориф ва фарҳангию гуманитарӣ барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки соли оянда дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон гузаронида шавад.

Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ҷонибҳо аз таҷрибаи хуби мунтазам дастгирӣ намудани ташаббусҳои якдигар, аз ҷумла оид ба масоили обу иқлим, дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.

Дар рафти мулоқот ҳамоҳангии наздики кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

23-юми майи соли ҷорӣ баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

53741729365_e93833fb9e_oСарварони ҳар ду давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев ба Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо гузоштанд. Имзои ­Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯйдоди муҳими таърихӣ номида шуд.

Сипас, дар ҳузури сарварони ҳар ду давлат 13 санади дигар ба имзо расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи савдои рақамӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Озарбойҷон;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорати зиддиинҳисории бозорҳои истеъмолии назди Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба масъа­лаҳои оила, занон ва кӯдакон дар самти баробарии гендерӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон;

- Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Агентӣ оид ба ҳавасмандгардонии содирот ва сармоягузориҳои Озарбойҷон.

Дар охир сарварони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

23-юми майи соли 2024 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Зимни сафари давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвар мулоқот карда, аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Рӯйдоди муҳими таърихии ин сафар аз ҷониби сарварони ҳар ду давлат ба имзо расидани Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона гусел намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 23 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Боку ба Ватан баргаштанд.

www.prezident.tj