Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара

№133 (3927) 06.11.2018

31859435938_7d14d66b8e_o5 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи Данғара мардуми заҳматкаши ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

 Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур, ки аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат мебошад, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохт­монӣ ва шароити таҳсил дар он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, сохтмони бинои коллеҷ соли 2015 оғоз шуда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад.

Бинои асосии Коллеҷи тиббӣ аз 42 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои морфология ва физиологияи одам, биологияи тиббӣ ва химия, забонҳо, ҷомеашиносӣ, компютерӣ ва корию техникӣ иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Дар бинои дуюм 31 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои физика, информатика, фармокология, ҷарроҳӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мавҷуд аст, ки таҳсил дар онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Коллеҷ, ҳамчунин, дорои китобхонаи электронӣ барои 70 ҷой, толори хониш бо фарогирии 60 нафар донишҷӯ ва дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст мебошад.

Толори варзишии муассиса бо 240 ҷойи нишаст, дорои шароити хуби машқу тамрин аст. Ҳамчунин, дар хизмати донишҷӯён як ошхона бо зиёда аз 200 ҷойи нишаст қарор дорад. Барои донишҷӯён дар синфхонаҳо имконияти фарохи донишандӯзӣ муҳайё гардидааст.

Зимни суҳбати самимӣ бо донишҷӯён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои омӯзиши ҳар чӣ бештари донишҳои замони муосир ва технологияи замонавӣ ҳидоят карданд.

 5 ноябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бо ба кор андохтани навбати дуюми маҷмааи нассоҷӣ зиёда аз 200 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми корхонаи мазкур наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол мебошад.

Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ки аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Шветсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот аз масъулин истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона ҳам ба Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содирот мешавад ва ҳам корхонаҳои бофандагии мамлакатро таъмин менамояд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёз муқаррар гардидааст ва барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини маҷмааи нассоҷӣ бо ашёи хом дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон корхонаҳои пахтатозакунӣ бунёд ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Дар маҷмӯъ, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол мебошад. Ҳоло дар он барои 530 нафар мутахассису коргари маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Тибқи маълумот дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ин ҷо зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ҳиссаи корхона дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил медиҳад. Дар тайи ду соли охир Маҷмааи нассоҷӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ зикр шуд, ки корхона дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Корхонаҳои нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешаванд.

Пас аз гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони ин маҷмааи истеҳсолӣ ва роҳбарону фаъолони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Корхонаи мазкур, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ба истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯи маҳсулот истеҳсол менамояд.

Хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳҳову таҷҳизоти корхона, ки аз Олмон дастрасу насб гардидаанд, имконият медиҳанд, ки маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон карда шавад.

Дар ҷамъият ду навъи маҳсулот — маводи бастубанди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ (дар асоси коркарди саноатии пахта) истеҳсол мегардад. Тибқи таҳлили мутахассисон айни замон талабот ба чунин навъи маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ зиёд аст. Корхона дар як шабонарӯз имконият дорад, ки 2 тонна пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ, дар навбати аввал, пахтаи гигроскопии сафедкардашударо омода намуда, сипас, пахтаи тиббӣ, стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

Ҳамзамон, барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳои пахтагӣ, чӯбчаҳои пахтагӣ, салфеткаҳои пахтагӣ ва аз омехтаи пахта ва маводи сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхона асосан пахтаи пастсифатро коркард карда, бидуни истифодаи хлор тавассути технологияи муосир аз он пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ва дигар номгӯйи маҳсулоти тиббӣ омода менамояд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона аст. Ҳамчунин, тавлиди ин навъи маҳсулот дар кишвар роҳандозӣ нагардида буд.

Маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид ва тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа ба стандартҳои ҷории тиббӣ ҷавобгӯ набуд. Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгӯйи маҳсулот ба пуррагӣ аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат қонеъ карда мешавад. Дар марҳилаи аввал дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни Наврӯз боз 50 нафари дигар дар сехи дӯзандагии корхона соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Корхонаи навтаъсис бидуни партов фаъолият менамояд. Пасмондаҳои маҳсулот барои дӯхтани кӯрпа, кӯрпача, ҷома ва дигар номгӯйи сарулибос ба занони хонашини соҳибҳунар тақсим карда мешавад, ки аз ин ҳисоб онҳо даромад ба даст меоранд.

Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» аз биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати наздик ба 4000 метри мураббаъ ҷой гирифтааст.

Пас аз ифтитоҳи навбати аввали корхона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи мазкур санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур барои истеҳсоли докаи тиббӣ ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сурати бунёди он боз 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд. Тибқи иттилои масъулин, пас аз 8 моҳ марҳилаи дуюми корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, корхона дар оянда имконият дорад, то 3 миллион метри мураббаъ докаи тиббӣ, 10 миллион адад маҳсулоти алоҳидаи бастубандшудаи бинт, салфетка ва уребчаву маҳсулоти гигиенӣ истеҳсол намояд.

Дар ин ҷо Пешвои миллат сохтмончиёну масъулинро барои иҷрои саривақтии корҳо ва васлу насби хатҳои муосири истеҳсолӣ вазифадор намуда, ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки барои бунёди корхонаи мазкур моҳи майи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба масъулон дастур дода буданд, ки корхона дар муҳлати якуним сол бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шавад. Инак, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар муддати камтар аз як солу шаш моҳ ин корхонаи бузурги саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхонаи муштараки «Муосир» дар масоҳати 24 гектар бунёд гардида, аз 21 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология дар марҳилаи аввал масъулон азм доранд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намуди маҳсулот нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Дар маркази идораи бинои маъмурии корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма таҷҳизоти муосири онро ба кор андохта, раванди истеҳсолотро тавассути монитор назорат карданд.

Чунин низоми замонавӣ дар ҳудуди иншооти истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст ва тавассути марказҳои ягонаи идораи рақамӣ раванди истеҳсолот дар ҳудуди корхона пайваста назорат карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин бо 14 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва ҳам аз Федератсияи Россия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мегардад. Айни замон дар Корхонаи муштараки «Муосир» 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр берун аз ҳудуди корхонаи истеҳсолӣ 4 анбор бунёд карда шудааст ва дар ҳар яки он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит муҳайё гардидааст. Анҷоми корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, захира ва интиқоли маҳсулоти тайёр тавассути 12 техникаву механизми махсусу борбардор роҳандозӣ мегардад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона 80 нафар, аз ҷумла 60 нафар шаҳрванди мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Барои мутахассисону дигар коргарон шароити мукаммали фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Дар Корхонаи муштараки «Муосир», баробари сокинони маҳаллӣ, аз дигар минтақаҳои мамлакат шаҳрвандон ба кор ҷалб шудаанд ва ба онҳо дар ҳудуди корхона манзили зист муҳайё мебошад. Дар хобгоҳи ин корхонаи азими саноатӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, шароити хуби зисту зиндагонӣ мавҷуд аст. Дар ошёнаи якуми ҳамин бино ошхона бо 50 ҷойи нишаст ҷой гирифтааст.

Мутахассисони корхона дорои ихтисоси баланд буда, фаъолияти кории онҳо мутобиқ ба меъёри байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Барои такмил додани маҳорати касбии кормандон дар Корхонаи муштараки «Муосир» синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ вуҷуд дорад, ки дар он кормандон бо ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд аз курси омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Ба хотири таъмини амният ва бехатарии кормандон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил гардидааст. Ҳудуди корхона тавассути камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.

Атрофи корхона ва шафати роҳравҳо дар асоси талабот сабзазор карда, дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки барои истироҳату фароғати кормандон мусоид аст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Муосир», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфтааст, дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — гузаштан аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.

 Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 — ро ифтитоҳ бахшиданд.

Бинои Маркази саломатӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷраи барои хатна, таваллудхона, доругузаронӣ, ҳуҷраи қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Маркази саломатӣ бо тамоми шароити зарурии тиббӣ ва мутахассисони кордону ботаҷриба таъмин мебошад.

Пешвои миллат иқдоми сокинони деҳаро намунаи ибрат ва амали хайрхоҳонаву ҷавонмардона маънидод ва табибону мутахассисонро ба хизмати софдилонаю содиқона барои ҳифзи солимии сокинон ҳидоят намуданд.

Дар шафати Маркази саломатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 — ро ифтитоҳ карданд.

Бинои нави таълимӣ 3 — ошёна буда, дорои 960 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Мактаб аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аввалин мактаб дар деҳаи Паркамчӣ маҳсуб меёбад. Аз соли 1930 то соли 1968 ҳамчун мактаб барои синфҳои ибтидоӣ ва баъдтар то соли 1989 ҳамчун мактаби 7-сола фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаштааст. Акнун вобаста ба талаботи замон ва рушди соҳаи маориф дар кишвар, дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва сокинони ватандӯсти он бинои куҳнаи мактаб ба як иншооти наву замонавӣ табдил дода шуд. Бино дар давоми 7 моҳ бо тарҳи зебои меъморӣ ва сифати баланд бунёд шудааст.

Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст.

Ҳоло бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгори ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа дар дастаҷамъӣ барои ободии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд.

Аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи маҳаллӣ, инчунин, дар ин ҷо корҳои зиёди дигар, аз қабили мумфарш кардани 4,5 километр роҳҳои байни деҳаҳо, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонии нав, васли чароғакҳои равшанкунанда, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва ғайра сурат гирифтаанд.

Сипас, дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.

 Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ — истеҳсолии «Раҳмон Футур» шинос шуданд.

Майдони умумии хоҷагӣ, дар маҷмӯъ, 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд.

Майдони боғҳои хоҷагӣ имрӯз тақрибан 100 гектарро дар бар мегирад ва дар онҳо асосан ниҳолони дарахтони меваҳояш ба содирот нигаронида шинонида шудааст.

Аз ин майдон 25 гектараш боғи интенсивӣ мебошад ва дар он 10 намуди ниҳоли дарахтони себ шинонида шудааст. 75 гектари боқимондаро ниҳоли дарахтони зардолу, олу, гелос ва нок ташкил медиҳад.

Қаблан дар ин ҷо ангурбоғ буд, ки аз он дар давоми солҳои охир ҳосил гирифта намешуд. Аз ин рӯ, дар доираи ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 дар ин мавзеъ бунёди боғ оғоз гардид. Имрӯз дар Кооперативи тиҷоратӣ — истеҳсолии «Раҳмон Футур» 90 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.

Барои бунёди боғ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара асосан заминҳои лалмӣ аз ҳисоби талу теппаҳо истифода мешавад. Заҳмати пайваста ва равнақ додани соҳаи кишоварзӣ имрӯз аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии сокинони ин ноҳияи аграрии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки танҳо соли 2018 дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғутокпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» дар ноҳияи Данғара 154 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғ дар майдони 100 гектар оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангури навъи ҳусайнии сиёҳу сафед шинонида, ба кишоварзон барои амалӣ намудани ин иқдоми нек барору комёбӣ орзу карданд.

Ҳамчунин, дар ин ҷо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи бонувони ҳунарманд бошад, намунаҳои таомҳои миллӣ ва намудҳои гуногуни нон омодаву пешниҳод гардид.

Иттилоъ ёфтем, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолӣ — тиҷоратии «Раҳмон Футур» аз 10 то 15 тоннагӣ ҳосили бодом, олу ва нок ҷамъоварӣ шудааст.

Имрӯз аз майдони умумии хоҷагӣ тақрибан 70 фоизи он ба ҳосил даромадааст.

Ояндаи наздик дар ин ҷо бо мақсади захира кардани ҳосили боғҳо барои 2 ҳазор тонна мева сардхона сохта мешавад.

Президенти мамлакат ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, кишоварзонро барои идомаи заҳмати пайваста, таъмини рушди дучанди соҳа ва ҳамин гуна бунёду нигоҳубини боғҳои намунавӣ ҳидоят намуданд.

www.president.tj