Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

№94 (4200) 06.08.2020

50191322343_d083d4476b_o5 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Ҳадаф аз он шиносоӣ бо рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020», махсусан, рушди боғҳои интенсивӣ, ҳолати нигоҳубин ва нашъунамои дарахтон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, захираи зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ арзёбӣ гардид.

Шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Фахробод, ки бо талошҳои пайвастаашон ба макони зебову ҳосилхез табдил ёфтааст, оғоз гардид.

Дар он ҷо Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон боғи интенсивии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро аз назар гузаронда, аз дарахтони нав баҳосиломада себ чинданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли 2016 дар мавзеи Фахробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони 360 гектар бо шинонидани дарахти себ ба бунёди боғи интенсивии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» оғоз бахшида буданд. Баъди бунёди боғ беш аз 1000 нафар сокини ноҳияи Хуросон соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминҳои солҳо бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, боғҳои нави интенсивӣ бунёд ва боғҳои куҳна барқарор карда мешаванд.

Дар асоси ҳидоят ва маслиҳатҳои муфиди Пешвои миллат хоҷагидорон бо роҳи обёрии қатрагӣ заминҳои ташналаби талу теппаҳоро шодоб карда, аз боғҳо ҳосили фаровон ва аз ҳисоби содироти мева даромади хуби иқтисодӣ мегиранд. Ин тадбирҳо омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат маҳсуб меёбанд.

Сарвари давлат бо ҳолати нашъунамои дарахтони боғ, ки нав ба ҳосил даромадаанд, шинос шуда, бо боғдорон суҳбати самимӣ доир карданд.

Дар боғҳои интенсивии хоҷагии фермерии «Асадулло» дар 226 гектар, аз ҷумла, 105 гектар боғи интенсивӣ, 32 навъи себи ба содирот нигаронидашуда парвариш меёбад.

Хоҷагӣ, дар маҷмӯъ, 931 гектар замин дорад, ки аз ҷумла, дар 25 гектари он дарахтони нок, 103 гектар зардолу, 202 гектар ангур, 98 гектар бодом ва 220 гектар себи биҳӣ парвариш меёбанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба боғдорони хоҷагии фермерии «Асадулло» супориш доданд, ки дар мавзеи дигари ҳамин хоҷагӣ дар майдони 150 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ бунёд намоянд.

Мавриди зикр аст, ки меваҳои ин боғҳо, аз ҷумла себ, олуи сиёҳ ва ангур, ба содирот нигаронида шудааст ва асосан ба шаҳрҳои Федератсияи Россия фиристода мешавад.

Комёбии худро боғдорон аз ҳидоятҳои неки Сарвари давлат медонанд, зеро зимни ҳар як сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон оид ба парваришу нигоҳубини зарурии боғҳо, истифодаи самараноки сардхонаҳо ва содироти маҳсулот маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Дар хоҷагии фермерии «Асадулло» барои беталаф нигоҳ доштани мева се сардхона бо иқтидори 60 тонна бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат ба боғдорон барои истифодаи самараноки замин изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро ба ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо меваю сабзавот ва минтақабоб кардани ниҳоли дарахтон ҳидоят карданд.

Дар ноҳияи Хуросон — яке аз минтақаҳои калони аграрии вилояти Хатлон, алҳол 3300 гектар боғ мавҷуд аст, ки 800 гектари онро боғҳои куҳнаи аз нав барқароршуда ташкил медиҳад.

То ба ҳол дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия дар майдони 4112 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Оянда дар майдони 200 гектар картошка шинонида мешавад. Майдони пахтазори ноҳия, ки 4350 гектарро ташкил медиҳад, нашъунамои хуб дорад. Кишти зироатҳо дар майдони 2000 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Умед аст, ки сокинони меҳнатқарини Хуросон бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосили парваришкардаи худро беталаф ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо мебароранд.

www.president.tj