Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Муъминобод

№126 (3606) 06.10.2016

30054585586_7bb7ca9dff_oДар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоишгоҳи дастовардҳои мардуми ноҳияро аз назар гузарониданд.

Аҳли заҳмати ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки намунае аз ҳунару маҳорати кадбонуҳои ноҳия, файзу баракати замини ҳосилхези ин диёр буд, ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ аз 7 деҳоти ноҳия намунаи ҳунарҳои дастӣ, ки расму оини қадимаи мардуми ин диёрро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуда буданд.

Сокинони ноҳия гӯшаи дигари намоишгоҳро бо маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ, дастранҷи боғдорон, чорводорон ва занбӯриасалпарварон оро дода буданд.

Дар ноҳия феълан 7531 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва ҳар сол то 106 тонна асали хушсифат ба даст оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ бо вазъи чорвопарварӣ дар ноҳияи Муъминобод ошно гардиданд ва ба масъулин ҷиҳати равнақ додани соҳа дастуру супоришҳои муфид доданд. Айни замон дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия 34 ҳазор сар чорвои шохдори калон ва 116 ҳазор сар чорвои майда парвариш меёбад.

Майдони умумии боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» 1 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он асосан дарахтони себи хушсифат шинонида шудааст. Навъҳои себи «Гранни смит», «Голден делишес» ва «Супер гиф», ки айни замон дар бозорҳои дигар кишварҳо серхаридор аст, ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар ин боғ парвариш меёбанд.

Хоҷагӣ соли 2000 таъсис ёфтааст ва дар мувозинати худ 10 гектар замин дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ, ҳамчунин ғалладона, юнучқа, картошка ва сабзавот кишт карда мешавад. Айни замон дар ду гектар замин кишти такрории полезӣ ва бодиринг гузаронида шудааст, ки нашъунамои хуб доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷиҳати нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна ва васеъ намудани майдони боғот дастуру супоришҳои муфид доданд.

Сеюми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Қасри фарҳанги ноҳия оғоз бахшиданд. Дар саҳни Қасри фарҳанг Пешвои миллатро аҳли ҳунару санъат бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат аст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои «Синдбод сохтмон», «Самар СН» ва «Меъмор 7» ба анҷом расонидаанд.

Пешвои миллат бо шароити бинои мазкур ошно шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.

Бинои Қасри фарҳанг дар масоҳати 1874,06 метри мураббаъ бо сабку услуби муосири меъморӣ қомат афрохтааст. Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ 9 миллиону 755 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст. Толори калони намоишии он барои 350 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ин бино, ҳамчунин 21 ҳуҷра, меҳмонхона, айвон ва синфхонаи рақс ҷойгир  аст ва дар онҳо барои гузаронидани ҳар гуна чорабинии фарҳангӣ муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Аҳли ҳунару фарҳанг ба Пешвои миллат барои туҳфаи арзанда ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд. То ин дам дар маркази ноҳия барои гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳо шароит фароҳам набуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҳунару фарҳанги ноҳияро вазифадор намуданд, ки дар рушду нумуи санъати асил ва фарҳанги волои миллӣ талош намуда, пайваста дар роҳи эҷоду тақвият додани маҳорати касбӣ бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ дар бинои нав шинос шуданд.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, бо маблағи 2 миллиону 154 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат сохта шудааст.

Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Корҳои сохтмониро сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабр» дар муддати якуним сол бо тарҳу услуби хос ба охир расондаанд.

Дар ошёнаи якуми бино 6 ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаҳои болоӣ манзилҳои  истиқоматӣ ҷой гирифтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Муъминобод ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳои 2 ва 3-ҳуҷрагиро супорида, онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу субот даъват намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Темуршо Раҳимови шаҳраки Муъминобод бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи марказии ноҳияро, ки барои беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони варзишгоҳ аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 15 августи соли 2011 оғоз гардида, то соли 2012 ба маблағи 594 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуда буд. Соли 2012 сохтмони нотамоми иншооти мазкур ба тавозуни Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гузаронида шуд. Аз моҳи сентябри соли 2012 дар иншоот ба маблағи 13 миллиону 390 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгари иҷро гардидааст. Барои харидории таҷҳизоту дигар лавозимоти зарурӣ 625 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Варзишгоҳи мазкур барои 7000 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дар зери нишастгоҳҳои он 2 толори варзишӣ, меҳмонхона, мағоза ҷой гирифтааст, ки дар онҳо шароити муосири корӣ, аз ҷумла ҳаммом, ҳуҷраи либосивазкунӣ барои мураббиёну варзишгарон фароҳам оварда шудаанд. Масоҳати умумии он 11 ҳазору 485 метри мураббаъро ташкил дода, дорои зеристгоҳи барқӣ бо 2 адад трансформатори 250/10кВт мебошад.

Лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» буда, сохтмончиёну коргарони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Рамз», «Кӯлобдеҳотсоз» «Бинокор», «Тиҷоратсохтмон», «Трио сохтмон», «Маҷидиён» ва «Самар СН» тавонистаанд, ки онро бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон, бо сифати баланд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи замонавиро дар рӯзҳои таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону варзишгарони ноҳия муборакбод намуда, иброз доштанд, ки маҳз пойдории сулҳу субот ва самари соҳибис­тиқлоливу дастгирии сокинони мамлакат аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки чунин иншоот дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Сеюми октябр дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро дар 25 соли соҳибистиқлолии кишвар таҳлилу натиҷагирӣ намуда, барои идомаи тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ба фаъолон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Баъди суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо эҳтирому самимият баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда барору комёбӣ орзу намуданд.

 www. president. tj