Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ҳисор

№138 (3618) 08.11.2016

DSC_7070 - копияСубҳи панҷуми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншоот бо сафари корӣ ба шаҳри бостонии Ҳисор ташриф оварда,

нахуст дар ифтитоҳи кӯдакистони «Табассум» иштирок карданд.

Он имкон дорад 220 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд ҳадафҳои Давлату Ҳукумати кишварро дар самти беҳтар фаро гирифтани кӯдакон дар зинаи аввали таълиму тарбия пиёда месозад.

Муассисаи томактабии «Табассум» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Темур Алиев бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар он соли 2015 оғоз гардида, соли 2016 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расид. Бинои замонавии он ба маблағи 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар «Табассум» ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамчунин,  онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Ҳисор арзёбӣ карданд.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 40 нафар сокини шаҳр имкон пайдо карданд, ки бо ҷойи кор ва маоши то 1200 сомонӣ таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки кӯдакистони «Табассум» аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 3 ҳазору 991 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Дар он асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва будубоши кӯдакон муҳайё карда шудааст.

Дар муассиса омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, он аз 14 синфхона, 2 толори варзишӣ майдончаи варзишӣ толори мусиқӣ, толори рассомӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона, инчунин 5 айвонча иборат буда, тибқи лоиҳаи ҶДММ «Сармоя – Лоиҳа» бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки дар оянда созандагони Ватан бошанд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба фаъолияти меҳмонхонаи муҳташами «Усто Набот», ки аз панҷ ошёна ва таваққуфгоҳ иборат аст, оғози расмӣ бахшиданд.

Ин иншоот аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Абдуҳаким Усмонов бунёд ёфта, дар он айни замон 35 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба қавли соҳибкор, теъдоди коргарон ба 50 нафар расонида хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2015 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расид.

Меҳмонхона дорои 30 ҳуҷра буда, барои хизматрасонии 60 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Маблағи лоиҳавии он 10 миллион сомонӣ муайян шуда, бо сабаби анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ аз тарафи соҳибкор нисбатан арзонтар бунёд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити хизматрасонии меҳмонхона ошноӣ пайдо намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва иқдоми соҳибкорро ибратбахш маънидод карданд.

Инчунин, меҳмонхонаи «Усто Набот» дорои тарабхона бо 200 ҷой ва толори маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст мебошад.

Дар толори барҳавои тарабхонаи меҳмонхона тӯйи суннатии 50 нафар ва хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон доир шуд. Сарвари давлат ҳини табрикоти писарбачаҳо ва ҷуфтҳои ҷавони навхонадор, ташаббуси мазкурро амри башардӯстона арзёбӣ карда, ба соҳибҷашнҳо хушбахтӣ таманно намуданд.

Худи ҳамон рӯз боз як маркази бузурги хизматрасонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» дар деҳаи Ҳисори деҳоти «Ҳисор» аз тарафи соҳибкор Қараев Салоҳиддин сохта шудааст. Он аз 4 ошёна иборат буда, дар масоҳати 930 метри мураббаъ бунёд ёфтааст ва 344,4 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншоот дар асоси лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоя-лоиҳа» тарҳрезӣ гардида, пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъмиргар-2010» мебошад. Корҳои сохтмониро дар марказ соли 2014 оғоз намудаанд.

Мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос дар зарфи ду сол тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи тарҳрезишуда ба анҷом расонанд.

Арзиши умумии Маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» дар асоси лоиҳа 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бо хароҷоти 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар ошёнаи якуми он кошонаи ҳусн, мағоза ва қаҳвахона ташкил гардида, дар ошёнаи дуюм маркази дилхушӣ барои кӯдакон ва дар ошёнаи сеюм толори варзишӣ фаъолият мекунад.

Айни замон дар маркази мазкур 26 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо ба кор даромадани тарабхона дар таҳхонаи бино, ҳаммоми замонавӣ дар ошёнаи чорум ва боз ҳам васеъ намудани доираи фаъолият дар ояндаи наздик шумораи кормандон ба 50 нафар расонида хоҳад шуд.

Сарвари давлат бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин маркази зебову боҳашамати хизматрасониро, ки дорои ҳама шароит мебошад барои сокинони шаҳри бостонии Ҳисор туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумориданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ, пойдории сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ боис гашт, ки мо — мардуми созандаву ободкори тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти фермаи чорводории навтаъсиси «Абдурауф Юсупов» шинос шуд.

Он 27 августи соли 2013 аз ҷониби ҶДММ «Абдурауф Юсупов» фармоиш шуда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Абдурауф Юсупов» ба анҷом расонидааст. Дар асоси лоиҳаи Корхонаи фаръии воҳиди давлатии лоиҳакаши шаҳри Ҳисор корҳои сохтмонӣ бо арзиши 10 млн. 834 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Масоҳати умумии бино 14 ҳазору 274 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар он 240 сар модагови ширдеҳ ва 410 сар ғуноҷини зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш мешавад, ки аз нутфаи зоти «голштини олмонӣ» дурага шуда, ба иқлими Тоҷикистон тобовар гардонида шудаанд.

Аз рафти корҳои ба анҷомрасида ва парвариши чорво масъулон ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки маҳсулнокии шир соли 2012 ба 800 литр баробар буд, Соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3500 литр расидааст. Маҳсулоти ферма ба Комбинати шири шаҳри Душанбе фиристода мешавад.

Фермаи мазкур барои дӯшидани чорво технологияи ҳозиразамони аврупоиро ворид намудааст, ки қувваи ками меҳнатиро талаб намуда, дар як баст 32 гови дӯшоро медӯшад. Агар пеш барои дӯшидани 32 гов як говдӯш беш аз як соат вақт сарф мекард, пас имрӯз дар 10 то 15 дақиқа ин кор анҷом дода мешавад. Ҳамчунин, шири истеҳсолшуда тавассути дастгоҳи махсус ба яхдон ворид шуда, пас аз сард кардан ба шаҳри Душанбе равон карда мешавад, ки баҳри таъмини сифати маҳсулот имконияти бештар фароҳам меорад.

Ба Сардори давлат иттилоъ дода шуд, ки вазнгирии чорво дар ин ферма нисбатан беҳ гардидааст. Барои мисол, агар дар соли 2013 дар як шабонарӯз тибқи ҳисоби миёна як чорво 200 грамм вазн мегирифт, ҳоло вазнгирии чорво ба 650 грамм расонида шудааст.

Дар фермаи мазкур беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 6 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ, 2 нафар миёнаи техникӣ, 43 нафар миёнаи нопурра мебошанд. Музди маоши коргарон дар як моҳ зиёда аз 1000 сомониро ташкил дода, бо хӯроки гарм низ таъмин карда мешаванд. Барои баланд бардоштани малакаи коргарон олимон аз хориҷи кишвар низ даъват шуда, тарзу усули нигоҳубини чорво омӯзонида мешавад.

Роҳбарияти фермаи мазкур нақша доранд, ки дар ояндаи наздик бо насбу васли технологияи ҳозиразамон коркарди шири истеҳсолшударо ба роҳ монда, сокинони шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанберо бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар вазъияти тантанавӣ Комбинати металлургии «Тоҷик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар майдони умумии 15 гектар бунёд шуда, барои корҳои сохтмониву васлкунӣ 250 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар рафти бунёди корхона наздики 500 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Мавриди зикр аст, ки 6 — уми декабри соли 2012 зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин корхона ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Зимни мулоқот бо сохтмончиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.

Фармоишгар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фароз» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТНК» мебошад.

Комбинати металлургии «Тоҷик» аз 6 сехи истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи тайёрии истеҳсолот, рехтагарӣ, ҳаллоҷӣ, пойгоҳи азоти оксигенӣ, пойгоҳи нассос ва зеристгоҳи 100 мегавата иборат аст.

Аз рӯи нишондоди лоиҳавӣ, корхона соли аввал 80 — 120 ҳазор тонна маҳсулоти маъданиро истеҳсол ва коркард мекунад. Солҳои оянда имкон аст, ки ин нишондиҳанда то ба 200 ҳазор тонна расонида шавад.

Дар ин ҷо 7 намуди металлҳои сиёҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура, оҳани секунҷаю чоркунҷа, лӯлаҳои оҳании гуногуншакл, қубурҳои қутрашон гуногун ва дигар хӯлаҳои оҳанӣ истеҳсол мешавад. Дар корхона таҷҳизоти навтарин аз Федератсияи Россия ворид ва насб шуда, дар марҳилаи аввал истеҳсоли арматураҳои қутрашон аз 12 то 27 — милиметра ба роҳ монда мешавад:

Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳои кони Шоҳқадамбулоқи вилояти Суғд ашёи хом ворид намоянд, ҳамчунин, дар назди кони мазкур роҳбарият корхонаи ғанигардонии маъдан бунёд карданианд.

Бо ифтитоҳи комбинати металлургӣ дар навбати аввал 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд, ки маоши миёнаи онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба роҳ мондани истеҳсоли дигар маҳсулоти оҳанӣ шумораи коргарону мутахассисон афзоиш ёфта, ба беш аз 1500 нафар мерасад.

Айни замон Комбинати металлургии «Тоҷик» яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Он дар раванди саноатикунонии мамлакат, таъмини соҳаҳои хоҷагии халқ бо маҳсулоти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб мегузорад.

Дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки ҳар сол 6 ноябр таҷлил мегардад, ҳамчунин, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Ҳисор ба ҳозирин ва шаҳрвандони мамлакат муборакбод гуфтанд.

Оид ба анҷоми корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин тадбирҳо минбаъд низ ба хотири рушди иқтисодиёт, ободу зебо гардонидани сарзамин ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум вусъат дода мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ба фаъолият оғоз кардани Комбинати металлургии «Тоҷик» баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, торафт ободу пешрафта гардидани шаҳри Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоӣ ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва бисёрсоҳаи Корпоратсияи «Баракат» аз наздик шинос шуданд.

Соли 2016 хоҷагӣ 15 ҳазор тонна ангури хуштамъ истеҳсолу ба хориҷи мамлакат содирот кардааст. Дар хоҷагӣ 11 навъи хуби ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат тайёр намудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуданд. Маълум гардид, ки аз майдони боғоти хоҷагӣ себҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба хориҷи кишвар содирот мегардад, ки аз ин ҳисоб ҳам фоидаи зиёд ба даст меояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони пуртаҷрибаи Корпоратсияи «Баракат» барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд ва барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содирот маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки роҳбарияти хоҷагӣ бо бунёди боғоти нав 360 нафар сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карданд, ки ин боиси аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

www.president.tj