Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№35 - 37 (3985 - 3987) 02.04.2019

33620444518_5a40e3d8cb_o30 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд сафари корӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти вилояти Суғд ва гурӯҳи ҷавонон бо самимият ва рӯҳияи болида пазироӣ карданд.

30 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нахуст ба фаъолияти корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдполитекс» оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот дар он аз наздик шинос шуданд.

Сохтмони корхона, ки соли 2017 дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид, дар муддати камтар аз ду сол бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин карда шуд.

Зикр гардид, ки дар корхона истеҳсоли 207 намуди халтаи полиэтиленӣ ба роҳ монда, дар як моҳ 20 тонна ашёи хоми бепартов коркард мешавад. Ашёи хомро барои истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ аз Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дастрас менамоянд. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз ба 100 ҳазор ва дар як моҳ ба 3 миллион дона халтаҳои полиэтиленӣ баробар аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон, ки аксариятро занон ташкил медиҳанд, ба иқдоми соҳибкорон Мирзоазиз Усмонов ва Шодимурод Саидов баҳои баланд ва ҷиҳати боз ҳам афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, аз байн бурдани воридоти халтаҳои полиэтиленӣ аз хориҷ дастур доданд.

Дар «Суғдполитекс», ки дар доираи ҳадафҳо дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 4 ҳазору 119 метри мураббаъ сохта шудааст, 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван ворид карда шудааст. Дар сехҳои он асосан дастгоҳҳои экструдерӣ, бурандагӣ ва чопӣ насб гардидааст. Раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти корхона ҷиҳати ба роҳ мондани содироти маҳсулоти полиэтиленӣ ба хориҷ аз кишвар низ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти корхона уҳдадор шуданд, ки дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои оянда дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилениро бо нақшу нигори миллӣ сохта, ба истифода медиҳанд ва зикр карданд, ки маҳсулоти он асосан барои содирот ба кишварҳои Аврупо нигаронида мешавад.

Дар шаҳри Бӯстон феълан наздик ба 30 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 240 миллион сомонӣ расонида шудааст.

32562144347_78be55480f_oСипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Гули наврӯзӣ»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорон таъмиру навсозӣ шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз беҳтарин туҳфаи Пешвои миллат ба сокинон ва кӯдакони шаҳр гардид.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 240 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои шароити муосир мебошад, фарзандони сокинони шаҳр дар 7 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Кӯдакистон дорои утоқи тиббӣ, толори мусиқӣ ва ошхона буда, таълиму тарбия дар он бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.

Масоҳати умумии кӯдакистон 1434 метри мураб­баъро ташкил медиҳад. Масоҳати худи боғча 0,3 гектар буда, дар саҳни ҳавлии он беш аз 10 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки ба ҳусни зоҳирии бино зебогии дигар зам намудааст.

Аснои шиносоӣ бо синфхонаҳои кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкоронро саривақтию муфид арзёбӣ карда, мураббиёнро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид баҳри дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози миллат бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Айни замон «Гули наврӯзӣ» дар шаҳр ягона муассисаи таълимии томактабие ба ҳисоб меравад, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.

Дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳамчунин, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи нави хизмат­расонии «Баҳор» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Он аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мадина Самандарова ва Икром Содиқов сохта шудааст. Ошёнаи якуми иншоот барои кошонаи ҳусн ва маркази савдо, ошёнаи дуюм барои тарабхона ва ошёнаи сеюм барои меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхонаи маҷмааи хизматрасонӣ бо 18 ҳуҷра метавонад дар як вақт то 36 нафарро қабул намояд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани «Баҳор» 30 нафар дар он бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Маҷмаа аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумиаш 623,8 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Маблағи умумии барои корҳои сохтмонӣ харҷшуда зиёда аз 4 миллион сомониро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, дар ин ҷо хони наврӯзӣ ороста, ба 50 нафар ятими кулл аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Туҳфаҳо аз сару либос, ширинӣ ва маблағи пулӣ иборат буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ нав­расонро ба муносибати ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, онҳоро ба омӯзиши илму ҳунар, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва оянда хизмат намудан ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии наврасони бо амри тақдир ятиммонда ва оилаҳои эҳтиёҷмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.

46774658214_28c1800947_oДар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 700 ҷойи нишаст мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмиру навсозии сохтмон баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, таъмиру таҷдиди иншоот моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи биноро дар рӯзҳои таҷлили иди баҳору зебоӣ — Наврӯзи хуҷастапай ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони вилояти Суғд табрик намуданд.

Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ қасрро ба номи ӯ гузоштанд.

Бинои Қасри ҷавонон дар масоҳати 0,85 га қомат афрохта, масоҳати умумии он 2273 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

Дар таҳхонаи қаср синфҳои компютерӣ, забон­омӯзӣ, чевархона, маҳфили карнайнавозон, толори гурӯҳи рақсии ансамбли фолклорӣ — этнографии «Фалак» ҷойгир аст.

Дар ошёнаи дуюм маҳфили ихтироъкорон, меъморон, инчунин омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, толори калони барҳавои намоиш барои 700 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон ҷойгир мебошанд. Инчунин он бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳ намудани зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Қасри ҷавонон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба неруи созанда дар фаъолияташон барору комёбиҳо орзу карданд. Сипас, аз ҷониби ҷавонони шаҳр барномаи мукаммали фарҳангӣ, ки тараннумгари ваҳдату истиқлолият ва шукргузорӣ аз Давлату Ҳукумати кишвар буд, пешкаш карда шуд.

Дар фарҷом ба аҳли ҳунари Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 54 адад асбоби гуногуни мусиқии миллӣ тақдим гардид.

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳруманд, бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ ҳидоят намуданд.

Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз сарулибоси мавсимӣ, аз ҷумла шиму костюм, ҷӯробу пойафзол, курта ва шириниҳои гуногуни наврӯзӣ иборат буданд.

Ҳамчунин, ба хотири шодию нишоти ятимон дастурхони идона ороста, ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Пешвои миллат маблағи пулӣ тақдим карда шуд. Бино ба иттилои оморӣ, дар вилояти Суғд 467 ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд ва барои онҳо шароити муосири таълимиву илмомӯзӣ муҳайё гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид намуданд, ки дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандону оилаҳои камбизоат аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба ҳисоб меравад ва хушбахтона, ин амали хайру савоб дар Тоҷикистон, махсусан, ҳангоми ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ, ба ҳукми анъана даромадааст. Пайравии амиқи доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва шахсони саховатманд аз сиёсати башардӯстонаи Роҳбари давлат тавонистааст, ки сатҳу сифати зиндагии қишрҳои эҳтиёҷманди мамлакатро хеле беҳтар намояд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 10 оилаи камбизоати шаҳри Хуҷанд хонаҳои истиқоматӣ туҳфа карда шуд, ки аз 2 ва 3 ҳуҷра иборат буда, дар онҳо тамоми шароити зисту зиндагонӣ фароҳам гардидааст.

Ятимону бепарасторони шаҳри Хуҷанд барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии «Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон токзори нав ва боғи суперинтенсивии дарахтони гелосу шафтолуро бунёд гузоштанд.

Дар токзори нав, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардид, ангури навъҳои «шоҳона», «ҳусайнии сафеду сурх», «кишмиши сиёҳ» ва «победа» шинонида шуд.

Тибқи маълумот, дар ин ҷо аз таҷрибаи бой ва ниҳолҳои боғдорони шинохтаи шаҳри Турсунзода истифода карда мешавад. Аз рӯйи нақша, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд дар майдони 30 гектар чунин токзор бунёд мегардид ва аллакай майдони он ба 47 гектар расонида шудааст.

Майдони умумии Боғи миллии «Ваҳдат» 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Акнун дар ин ҷо бо ҳидояти Сарвари давлат бун­ёди токзор васеъ ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳосили ин боғҳо барои содирот пешбинӣ гардидааст.

Дар Боғи миллии «Ваҳдат» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ оғоз бахшида, дар майдони 1,3 гектар ниҳоли гелос ва дар масоҳати 1,3 гектар шафтолу шинониданд. Дар маҷмӯъ, дар боғи нави суперинтенсивӣ 6 ҳазор дарахт шинонида шуд. Ниҳолҳои дарахтонро аз Полша ва Канада ба ҷумҳурӣ ворид кардаанд.

Дар боғ бо ҳидояти Пешвои миллат гармхонаҳо барои парвариши помидору бодиринг, сардхона бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот, се ҳавзи парвариши моҳӣ ва дигар иншооти муҳим бунёд гардида буданд. Дар муассиса 80 нафар доимӣ ва 60 нафар мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.

31 марти соли 2019 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакис­тони давлатии «Парасту» — ро пас аз таъмиру нав­созӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот зиёда аз 1 гектарро дар бар гирифта, он аз се бино иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо ин муассисаи таълимӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонданд.

Акнун дар ин муассисаи наву замонавӣ 500 нафар дар 14 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Бо ба фаъолият шурӯъ намудани кӯдакистон 38 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардидаанд. Дар ин ҷо раванди таълиму тарбия бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Ҳангоми таъмиру навсозӣ ҳуҷраҳои кории маъмурият, ҳамшираи тиббӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот, ошхона ва хонаи шустушӯйи либос низ ба инобат гирифта шудаааст. Кӯдакистон ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад, ки ин барои муътадил нигоҳ доштани ҳуҷраҳо дар фасли зимистон мусоидат менамояд.

Дар саҳни ҳавлии «Парасту» 14 айвонча мавҷуд аст, ки дар онҳо машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Дар гирду атрофи бино дарахтони гуногуни ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, роҳравҳо сафолак ва асфалтпӯш карда шудаанд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Парчами давлатиро барафрохтанд.

Он дар маркази шаҳри Гулистон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партав­афшон карда шуд.

Хушҳоливу болидарӯҳии сокинони шаҳрро он рӯз ҳадду канор набуд, зеро барои онҳо боз як макони истироҳату фароғат, ки дорои ҳама гуна шароит мебошад, фароҳам омад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии  матои он 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Атрофи иншоот, ки дар масоҳати 0,80 гектар бунёд гардидааст, бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст. Майдони мазкур бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон оро ёфтааст.

Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 200 дарахти ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст. Дар ду шафати Парчами давлатӣ фаввораҳо ҷой гирифтаанд, ки масоҳати ҳар кадоми он ба 50 метри мураббаъ баробар мебошад.

Майдони Парчами давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ — оммавӣ низ басо мусоид аст.

Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Чароғҳои равшанидиҳанда, нишастгоҳҳои мувофиқ ба талаботи замони майдони Парчами давлатӣ ба намои маркази шаҳри Гулистон ҳусни дигар зам мекунад. Шумораи чароғҳои равшанидиҳанда беш аз 50 адад ва нишастгоҳҳои ин мавзеъ 30 ададро ташкил медиҳанд.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Он дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бунёд ёфтааст. Дар ин ҷо 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан, биноҳои бисёр­ошёна, масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад.

Ҷамъият дар давоми се моҳ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолиаш то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. Дар он тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамға (марка)-и 335, 400, 500 ва 600, ки қутрашон аз 8 то 32 миллиметрро ташкил медиҳад, истеҳсол мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимонда тибқи шартнома аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Маҳсулоти кимиёвӣ барои чандирӣ ва тобоварии арматураро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мекунанд.

«Маҳмуд ва Компания» низ чун дигар корхонаҳои саноатии шаҳр истифодабарандаи муҳими неруи барқ ба ҳисоб меравад. Барои таъмини хати истеҳсолӣ бо барқ дар ҷамъият 7 трансформатор насб карда шудааст. Як шарти бомуваффақият фаъолият кардани корхонаи саноатӣ дар шароити кунунӣ тавассути воридоти технологияи каммасраф коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот ба ҳисоб меравад. Масъулони корхона ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳангоми оғози кор трансформаторҳо даҳ ҳазор киловатт-неруи барқ истифода мебаранд ва замоне ки кор оғоз шуд, хароҷоти барқ то панҷ ҳазор киловатт коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, онҳо метавонанд бо маҳсулоти хушсифат ва арзон дар бозор мавқеъ пайдо кунанд.

Пешвои миллат ба масъулин ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ва беҳтару хубтар кардани шароити иҷтимоии кормандон маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба иттилои масъулини бахши саноатии шаҳри Гулистон, соли сипаришуда корхонаҳои соҳавии шаҳр ба маблағи се миллиарду 422 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Акнун, бо фаъол шудани коргоҳи нав, ҳаҷми маҳсулот боз ҳам афзунтар мешавад ва ин имкон хоҳад дод, ки ҳадафҳо дар мавриди саноатикунонии босуръати мамлакат ҳар чӣ зудтар амалӣ гарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3 — ро бо 120 кат мавриди истифода қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити замонавии беморхона, ки аз 4 шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат мебошад, шинос шуда, сифати корҳои анҷомёфтаро арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул дар самти анҷоми хизматрасониҳои сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии намудҳои гуногуни бемориҳо ба масъулон ва мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва маҳз бо ҳамин мақсад дар мамлакат иқдомҳои созанда дар ин самт амалӣ карда мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар беморхона соли 2017 оғоз гардида буданд.

Бинои беморхона дар масоҳати умумии 2 гектар бо тарҳи зебову замонавӣ  сохта шуда, аз 3 ошёна, таҳхона, шуъба, бахшҳои муоина ва табобатӣ иборат мебошад. Дар таҳхонаи он таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири рентгенӣ, озмоишгоҳ ва безараргардонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои шустушӯйи сарулибос дастгоҳҳо дастрас ва барои ҷобаҷогузории асбобҳои хоҷагидорӣ низ шароити хуб муҳайё гардидааст.

Ба ин ҷо барои ташхису муайян намудани бемориҳои гуногун, анҷоми бомуваффақияти ҷарроҳӣ, табобати бемориҳои кӯдакона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 81 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ аз Ҷумҳуриии Мардумии Чин, Олмон ва Япония ворид карда шудаанд.

Аз шароити муосири хизматрасониҳои тиббии беморхона қариб 42 ҳазор нафар аҳолии деҳот истифода мебаранд.

Бо бунёди беморхона 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Акнун табибону мутахассисони соҳа имкон доранд, ки дар шароити мусоиди корӣ тамоми намуди бемориро бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муайян ва сари вақт муолиҷа намоянд.

Дар бахши гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон, қабули беморон, ташхис ва маслиҳатдиҳӣ, ҳуҷраи хатна, шуъбаҳои физиотерапевтӣ ва катҳои ҷарроҳӣ, ки дар ошёнаи якуми беморхона ҷойгир шудаанд, мутахассисони дараҷаи олии соҳа ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино, ғайр аз шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ, шуъбаи нави ҷарроҳии калонсолон ва шуъбаи бемориҳои кӯдакона барои 40 кат, шуъбаи муолиҷаи бемории асаб ва шуъбаи бемориҳои дарунӣ бо 40 кати дигар таъсис дода шудаанд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зери навои мутантан матои Парчами давлатӣ ба майдон ворид ва аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд.

Баландии манораи Парчами давлатӣ ба 50 метр, тӯли матои рангинкамони он ба 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.

Корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи коргарону мутахассисони Корхонаи мутаҳаррикии махсусгардонидашудаи рақами 44 ба иҷро расонида шудаанд ва арзиши лоиҳавии он тақрибан як миллион сомониро ташкил медиҳад.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад, гулгашти дилписанду дилнишин ва чароғонро мемонад. Дар атроф ва саҳни он 12 адад нишасткурсӣ шинонида шудааст.

Баъди барафроштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллатро аҳли фарҳанги ноҳия бо самимияти хоса ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд, роҳрав ва толори қаср бо истифода аз санъати қадимаи гаҷкорӣ ва оинабандӣ оро ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ҳанӯз соли 2014 оғоз гардида буд.

Қасри фарҳанг дорои толор бо 400 ҷойи нишаст буда, бо муосиртарин шароит барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин, дар дохили он ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунию пардозгарӣ барои ҳунармандон ва утоқҳои корӣ барои маъмурият бунёд гардидаанд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи дуюми бинои мазкур мактаби мусиқӣ ҷойгир ва барои гузаронидани машғулиятҳо он бо синфхонаҳои алоҳида ва асбобу аёнияти мусиқӣ таъмин мебошад. Дар мактаби мусиқӣ аз рӯйи 10 ихтисос, аз ҷумла, навозиши рубоб, доира, скрипка, чанг, пианино, дутор ва овозхонӣ ба наврасон касб омӯзонида мешавад. Ба ин ҷо барои соҳибкасб намудани наврасони хоҳишманд мутахассисони касбии соҳаи санъат ҷалб гардидаанд.

Ҳамчунин, бинои навбунёд дорои утоқҳои алоҳидаи маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон мебошад, ки дар онҳо ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда мешаванд. Ба иштирокчиёни маҳфилҳо ҳунарҳои рассомӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибос, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ омӯзонида мешавад. Ба иттилои масъулин, ба ин васила, дар баробари соҳибкасб намудани ҷавонон, ҳамчунин, ҳунарҳои миллӣ миёни ин насл рушд дода мешаванд.

Тавре зимни шиносоӣ маълум гардид, Қасри фарҳанг боз дорои китобхонаи замонавӣ мебошад. Дар ин ҷо китобхонаи электронӣ ба хати баландшиддати Интернет пайваст гардидааст. Дӯстдорони китоб метавонанд дар толорҳои барҳавои хониш аз хазинаи бузурги китобхонаи деҳот, ки бештар аз 5 ҳазор адабиёти гуногун дорад, истифода баранд.

Ба илова, дар дохили бино утоқҳои кории Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов ва толори ақди никоҳ ҷойгир карда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.  Ифтитоҳи иншооти мазкур бо дарбаргирии хизматрасонии чанд соҳаи иҷтимоӣ дар як ҷой метавонад бисёр мушкилоти ҳаёти шаҳрвандонро осон кунад.

Атрофи бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.

Пас аз маросими ифтитоҳи маҷмаа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори замонавии он суханронӣ намуданд.

Сипас, аҳли фарҳанги ноҳия барномаи бошукӯҳи консертиро манзури аҳли толор намуда, миннатдории худро ба Пешвои миллат барои ҳадяи арзишманд баён карданд.

Ҳамон рӯз ба аҳли ҳунари Қасри фарҳанг аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асбобҳои гуногуни мусиқӣ, аз қабили дафу доира, дутор, рубоб ва ғайра тақдим карда шуд.

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ёва» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеъ, ки дар доираи эълони солҳои 2019 -2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис ёфтааст, дар масоҳати 5 гектар ҳавзҳо бо намуди зиёди моҳӣ ташкил карда, барои диданибоб гардондани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои даштӣ (тазарв), гирд оварда шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии парваришгоҳ бо ашёи зарурӣ соли 2018 оғоз гардида буд. Дар он як бинои истироҳатӣ низ бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин, барои нигоҳубин ва муҳофизати ҳайвоноти дар мавзеъ гирдоварда дидбонгоҳи назоратию муҳофизатии экологӣ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Роҳравҳои ин макони дилфиреби сайёҳӣ дар масофаи 190 метр бо сангҳои гуногуни ороишӣ рӯпӯш гардидаанд, ки хеле назаррабо ба чашм мерасанд.

Дар ин мавзеъ бо мақсади нигоҳубин ва намоиши парандаи тазарв қафаси калон, ҳавзи моҳидорӣ — 50 бар 50 метр ва нуқтаи гигиенӣ — санитарӣ бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» ба роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар вилоят дастуру супориш доданд.

Тавре таъкид шуд, феълан дар вилояти Суғд барои қабул ва ташкили истироҳату саёҳати меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дорад ва ҷуғрофияи воридшавии сайёҳон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сол то сол тавсеа меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти коргарони хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд.

Дар заминҳои хоҷагии ёрирасон, ки ҷамъ 4 гектарро ташкил медиҳанд, коргарон ба чорводорӣ, парандапарварӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ машғуланд.

Дар фермаи хурди хоҷагӣ гов, мурғ барои истеҳсоли ширу тухм, ҷӯҷаи бройлерӣ ва харгӯш барои гӯшт нигоҳ дошта мешаванд.

Дар гармхонаҳо ниҳолҳои лиму, сабзавот ва гулҳои мавсимии гуногун парвариш меёбанд. Гулҳои гуногуни ороишӣ барои тозагии муҳити атроф ва сабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе парвариш карда мешаванд.

Бо истифода аз технологияи муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осоишгоҳи «Баҳористон» консерваҳои гуногуни сабзавот, афшураи мева, шириниҳо, шир, ҷурғот, панир ва қаймоқ истеҳсол мегардад.

Тавре маълум шуд, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштаъми табиӣ маҳсулоти ниёзи аввал дар хоҷагӣ тайёр карда мешавад.

Саҳми осоишгоҳи «Баҳористон» дар солҳои 2019 – 2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳамчун иншооти муосир ва муаррификунандаи санъату маданияти баланди меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷикона хеле назаррас хоҳад буд. Зеро кормандони осоишгоҳ аз ҳисоби даромади соф бо ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, чароғонкунӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ин мавзеъро ба як баҳористони ҳақиқӣ табдил додаанд.

Баъди шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба идомаи тадбирҳои нек ҳидоят карданд.

31 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуда, бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат барои бунёди бинои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшаванда санги асос гузоштанд.

Иншооти нав, дар осоишгоҳи «Баҳористон», дар мавзеи хеле хушбоду ҳавои соҳили «Баҳри Тоҷик» аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мешавад. Баландии бино 27 метр, масоҳати умумии сохтмони иншоот 8 ҳазору 444 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Дар бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кӯдакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудааст. Дар қисми дигар, барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва айвончаҳои зебову мунаққаш бунёд мешавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои нави осоишгоҳи «Баҳористон» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани он дастуру супориш доданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то панҷуми бино толорҳои зиёфат, гуфтушунид, ҳуҷраҳои хизматрасонии корӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои хоб барои 100 ҷой, ҳуҷраҳо барои қабули меҳмонони олиқадр, машқгоҳ ва ғайра сохта мешавад.

Осоишгоҳи «Баҳористон» соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Якуми апрели соли 2019 дар маркази ­ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ иштирок намуданд.

Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Барои партавафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен 0,32 гектар замин ҷудо гардидааст. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфтааст, ба ҳусни ин мавзеъ ҳусни тоза зам менамояд. Баландии пояи Парчами давлатӣ ба 50 метр, дарозии матои он ба 14 ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст. Нишони давлатӣ дар баландии 25 метр қомат афрохтааст ва ин ду муқаддасоти миллӣ басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасанд. Дар мобайни Парчам ва Нишони давлатӣ 6 фаввора бунёд гардидааст, ки ҳар кадом бо усули муосир оро ёфтааст.

Масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ дар ин ҷо сангфарш ва сафолакпӯш гардидааст. Санг ва сафолакҳои дар майдон истифодашуда маҳсулоти маҳаллӣ мебошанд. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзҳои давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен аз маҳорати баланди сохтмончиён дарак медиҳад. Дарахтони ороишии дар ин гӯшаи диёр шинонидашуда беш аз 50 бехро ташкил медиҳанд. Майдони гулу сабзазор қариб ба 0,20 гектар баробар аст. Гулҳои ороишии тагетс, виола, салвия, лола ва ғайра дар ин ҷо бо тарҳи бисёр ҷолиб шинонида шудаанд. Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ 21 адад чароғи равшанидиҳандаи гуногунҳаҷм насб гардидааст.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамчунин, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмир бароварда, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Дар шафати майдони мазкур барои ҷойгир намудани 30 адад мошин таваққуфгоҳ ташкил гардидааст.

Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ба саҳми бештар гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

47513432971_f037afa875_oДар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави китобхона, осорхонаи «Курушкада»- и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2 — ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд  гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохт­монии истеҳсоли ватанӣ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Масоҳати умумии бинои китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, 1,2 га ва масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он хазинаи китоб мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якум китобхонаи электронӣ — шуъбаҳои феҳрист,  хизмат­расонӣ, толори васеи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида, дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» гирд оварда шудааст.

Дар ошёнаи дуюм осорхонаи таърихӣ бо чор утоқи корӣ ва шароити мусоид барои кормандон ҷой гирифтааст. Он дорои шуъбаҳои ҷамъи­яти ибтидоӣ, асрҳои миёна, илмӣ — маърифатӣ, ҳунарҳои халқӣ ва замони муосир мебошад. Айни замон дар ин ҷо 1000 адад ашёи гуногун мавҷуд аст.

Дар ошёнаи сеюм Мактаби мусиқии бачагона ҷойгир шудааст, ки дорои 11 синфхона, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад.

Дар мактаби мазкур даҳ нафар омӯзгори баландихтисос бо кор ва маоши доимӣ таъмин гардидаанд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 100 нафар ба омӯзишӣ даҳ номгӯй асбоби мусиқии миллӣ машғуланд.

Сокинони ноҳияи Спитамен ифтитоҳи иншооти фарҳангӣ — илмӣ ва маърифатиро ғамхории Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии насли ояндасозу пешбарандаи давлату миллат маънидод карданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва ба аҳли фарҳанг, омӯзгорон ва ­масъулин дар кору фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуданд.

Сипас, ба китобхона аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 400 адад адабиёти тозанашри адибони тоҷик туҳфа карда шуд. Инчунин, ба Мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-и ноҳияи Спитамен 40 адад асбоби мусиқии гуногуни миллӣ тақдим гардид.

46597081375_4ecf5967f2_oДар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии ҶДММ «Спитамен — текстайл» — и деҳоти «Куруш» — и ноҳияи Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшиданд.

Хоҷагидорӣ қисми муҳими «Спитамен-текстайл» ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди ниҳоии пахта машғул аст ва соли 2009 бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ гардида буд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони ҷамъият фаъолиятро комплексӣ ба роҳ мондаанд, яъне, қисми бештари пахтаи дар хоҷагӣ истеҳсолшударо худашон коркард мекунанд ва ба бозорҳои хориҷи мамлакат мебароранд.

Дар маҳалли оғози кишти пахта аҳли заҳмати хоҷагӣ ба истиқболи Пешвои миллат дастархони идонаи наврӯзӣ оростанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва оғози корҳои саҳроӣ табрик гуфта, бо дуои неки пирон ба кишти чигит оғоз бахшиданд.

Хоҷагидорон аз 3 ҳазору 140 гектар замини обии дар ихтиёрдошта ҳар сол бо маслиҳат ва машварати олимон дар майдони беш аз 2100 гектар чигити тухмӣ кишт мекунанд ва аз ҳар гектар аз 25 то 45 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.

Корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли ришта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен — текстайл» имкон доранд, ки дар як сол то 4 ҳазор тонна пахтаро коркарди саноатӣ намоянд. Маҳсулоти тайёр тибқи шартномаи дуҷониба асосан ба Туркия фиристода мешавад. Вобаста ба дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулон тасмим гирифтаанд, ки дар оянда истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагиро дар кишвар ба роҳ монанд, зеро барои анҷом додани ин амал шароиту имконоти молию техникӣ ва табиӣ мавҷуд аст.

Бахши хоҷагидорӣ дар ҶДММ «Спитамен — текстайл», ки яке аз калонтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ дар ноҳия ба шумор меравад, тақрибан 2500 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кору маош таъмин кардааст. Ин шумора метавонад дар мавсими киштукор ва ҷамъоварии ҳосил боз то 600 нафар афзоиш ёбад. Кор дар бахшҳои хоҷагӣ тавре тақсимбандӣ шудааст, ки коллективи қариб сеҳазорнафараи он тақрибан дар 12 моҳи сол ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Масъулони бахши кишоварзии ноҳия ҳам мегӯянд, ки ҷамъият дар низоми иқтисодии ноҳия ҷойгоҳи махсус дорад ва манбаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кор ва маош мебошад.

Тибқи дастур ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, масъулони ҷамъият корҳои ободониву созандагиро низ дар деҳоти «Куруш» дуруст ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби даромадҳо дар маркази деҳот як майдони болопӯшидаи футболи хурд, майдончаи муосир барои бозии кӯдакон ва чанд иншооти дигари фарҳангию фароғатӣ бунёд кардаанд. Онҳо ният доранд, ки дар давоми «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои ободонию созандагиро дар деҳот беш аз пеш вусъат бахшанд.

Дар деҳоти «Куруш» — и ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Он дорои шароити замонавӣ буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг, бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст.  

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанг моҳи майи соли 2017 оғоз ва дар муддати кӯтоҳ, бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ, ба анҷом расонида шуданд. Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот кандакориву наққошӣ гардидааст.

Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои раққосӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхона, толори хониш ва бозии шашкаву шоҳмот мебошад. Толори барҳавои он барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур аз 2 ошёна бо шароити мусоид барои кормандон иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити он таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд. Дар ҳамин ҷо ба 50 нафар ятим чун анъанаи неки наврӯзӣ туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ин ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар рӯзҳои баҳорӣ шодию хурсандии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.

Сипас, дар толори барҳавои қаср аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи нави ҳунарӣ намоиш дода шуд. Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанг 40 номгӯй асбоби мусиқӣ тақдим гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ифтитоҳи бинои Қасри фарҳангро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, ҳунармандонро бо истифода аз имкони мавҷуда барои таҳияву пешниҳоди намоишҳои нав ва қонеъсозии талаботи маънавии мардум даъват карданд.

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф, соҳибкорон дар шафати он коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.

Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд.

Хатти истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.

Дар корхонаи коркарди пахта 50 нафар бо кори мавсимӣ таъминанд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар назди корхонаи истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нексигол» шинос шуданд.

Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ бахшида, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.

Ҳамин тавр, бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нексигол» 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад. Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карам, помидор, қаламфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.

Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд. Аз тарафи ширкат бо дас­тури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро ба истифодаи самаранок аз боду ҳавои мусоид ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.

47469029702_6b70fcab9c_o2 апрели соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани «Сайри гули лола», озмуни вилоятии «Гулҳо» ва истиқболи шоистаи меҳмони олиқадр — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинӣ – Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба як лолазори бузург табдил ёфта буд.

Таъкид карда шуд, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мебошад ва эҳёи суннати мазкур дар табиатдӯстӣ ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.

Ба қавли таърихшиносон, дар гузашта ин маросим дар сарзамини Суғди бостонӣ, Бохтари қадим ва баъзе аз манотиқи дигар бо номи «Ҷашни гули сурх» хеле бошукӯҳ ва хотирмон баргузор мегардидааст.

Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд, бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқ мебошад.

Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» аз ҷониби намояндагони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуд ва ҳунари рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо тарзу услуби хос дар сатҳи хеле баланд офарида шудаанд, муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин, дар асоси талаботи озмуни вилоятии «Гулҳо» ва фестивали «Сайри гули лола» аз ҷониби донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ композитсияи адабӣ — фарҳангӣ манзур карда шуд. Байни духтарону писарон дар васфи гули лола қироати шеър, байтбарак ва бадеҳахонӣ низ сурат гирифт, ки басо ҷолибу диданӣ буд.

Фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» дар доираи панҷ номинатсия – «Ороиши беҳтарин», «Гулдастаи беҳтарин», «Икебани беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва «Гулпарвари беҳтарин» сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти касбии гулпарварони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки соли равон зиёда аз 300 ҳазор гули лола шинонидаанд, баҳои баланд доданд. Айни замон дар ҳудуди боғ наздик ба 40 намуди гули лола қад кашидаву шукуфтааст, ки бо рангорангӣ ба мавзеъ ҳусну таровати нав зам намудаанд.

Дар ҳудуди боғ, ки наздик ба 9 гектарро ташкил медиҳад, беш 100 ҳазор бех дигар навъи гул ва зиёда аз 30 намуд дарахту буттаи ороишию ҳамешасабз низ шинонида шудааст.

Тибқи маълумоти масъулон, соли гузашта наздик ба 70 ҳазор нафар аз ин боғ дидан намудаанд, ки 10 ҳазор нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Соли равон, бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии сокинон, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 2 миллион бех гули лола шинонида шудааст, ки 1 миллионаш ба шаҳри Хуҷанд рост меояд.

Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» ба ҳунари волои гулпарварони шаҳри Хуҷанд низ баҳои баланд дода шуд.

Баъди даврҳои якум ва дуюми фес­тивали «Сайри гули лола», ки дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо баргузор гардид, даври сеюми он дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» вусъат бахшидани ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо ва ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ дар байни аҳолӣ мебошад.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Роҳи танобӣ»-ро аз Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор доданд.

«Роҳи танобӣ» дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию диданибоб барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад ва фароҳам овардани ин гуна шароит барои онҳо айни муддаост.

«Роҳи танобӣ», ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла, 7 кабинаи хизматрасонии олӣ, мебошад ва дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад.

Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил медиҳад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини шаҳри Хуҷанд ба боз ҳам беҳтар намудани имконоти хизматрасонӣ барои сокинону сайёҳон ва ҷалби шумораи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъкид доштанд.

Танҳо соли 2018 аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 64 ҳазор нафар сайёҳу меҳмон, ки бештарашон хориҷӣ мебошанд, боздид намудаанд.

Айни ҳол дар вилояти Суғд баҳри қабул ва ташкили истироҳату саёҳат барои меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дорад.

Зимни сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» иштирок намуданд.

Дар соҳили дарёи Сир, дар мавзеи тамошобобу хушбоду ҳаво беҳтарин ошпазҳои 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷамъ омада, беш аз 50 намуд таоми миллии наврӯзиро ба намоиш гузоштанд. Ба Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуда буданд. Онҳо дар маҷмӯъ, тавонистанд, ки як унсури асосии иди аҷдодӣ-оростани дастурхони наврӯзиро дар сатҳи олӣ намоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, 50 намуди хӯроки миллӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқило, оши бо дӯғ, угропалов, оши кӯча ва амсоли ин омода ва пешниҳоди мардум карда шуд. Дар се деги калони яктоннагӣ ошпазони вилоят суманак, оши палав ва ҷавҳарӣ пухтанд, ки хеле лазиз буд.

Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногуни майдон 24 хайма ва даҳҳо кат бо дастурхони наврӯзӣ ороста шуд. Дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳнияту шодбош гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум ва ошпазон суҳбатҳои идона ороста, ба таври дастаҷамъӣ ташкил кардани чунин базмҳои хурсандиро аз унсурҳои асосии Наврӯз маънидод карданд. Роҳбари давлат зикр карданд, ки «Наврӯз, пеш аз он ки як ҷашн ё маросим бошад, рамзи меҳру муҳаббати инсонист, василаи дур кардани кинаву адоват ва одамбадбинӣ мебошад. Ҳамин инсонгароии Наврӯз аст, ки дар дарозои таърих, новобаста ба фишору маҳдудиятҳо, то замони мо расидааст. Мо бояд талош намоем, ки унсурҳои ҷашни зебои миллиро такмил дода, дар шакли комил ба наслҳои оянда мерос гузорем».

Дар маҷмӯъ, дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» беш аз 10 ҳазор нафар иштирок намуда, якҷо бо Пешвои миллат Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Аз таомҳои наврӯзӣ барои се ҳазор нафар дастурхони идона ороста шуд.

Тибқи одати қадима, гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзӣ барои кӯдакону нав­расон пешбинӣ гардида буд. Дар он ҷо бозиҳои миллии наврӯзӣ, аз қабили арғунчакбозӣ, лелакпаррониву ланкабозӣ, гӯштин ва дигар мусобиқаҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар кӯдаку наврас бо шавқи зиёд иштирок карданд.

Дар доираи фестивал, ҳамчунин, миёни иштирокчиён дар чанд номинатсия, аз ҷумла «Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ»,  «Хаймаи беҳтарин», «Ороиши дастурхони беҳтарини наврӯзӣ», «Дастони моҳир», «Самбӯсабанди беҳтарин», «Самбӯсахӯри беҳтарин», «Угробури беҳтарин», «Намоиши фолклори беҳтарин» ва амсоли ин озмун доир гардид. Ғолибони се ҷойи аввали ҳар номинатсия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо туҳфа ва итихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

КИШТИИ ТЕМУРМАЛИКСипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи «Темурмалик» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тарабхона аз ду ошёна ва тахҳона иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст.

Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона воқеъ гардидааст.

Масоҳати умумии тарабхона 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни сохтмон 150 нафар сокини маҳаллӣ ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 50 кас соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

Тарабхона, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдурашид» — Абдурасул Раҷабов бунёд гардидааст, номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро гирифтааст.

Он намуди киштиро дорад. Лоиҳаи меъмориаш аз тарафи ширкати «Суғдшаҳрофар» омода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар тарабхона ба соҳибкорон ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, онҳоро барои идомаи тадбирҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд.

 www.president.tj