Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№100 (4050) 20.08.2019

68739587_2906125342790966_3023957542490341376_oНоҳияи ­Кӯҳистони Мастчоҳ

 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ ташриф оварданд.

Дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро сокинони меҳнатқарини Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Кӯҳистони Мастчоҳ, ки соли 1996 таъсис ёфтааст, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Он дар давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил ёфтааст, дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла, кишоварзӣ, пешравии зиёд дорад.

Таи солҳои охир картошкапарварони ноҳия дар таъмини бозорҳои мамлакат бо картошкаи аълосифат нақши арзанда гузошта истодаанд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ бинои беморхонаи марказиро ифтитоҳ намуданд.

Он дуошёна буда, дорои 60 кати хоб аст.

Фармоишгари асосии иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмониро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон» анҷом додаанд.

Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхона 4 шуъба — ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, кӯдакона ва таваллудхона мавҷуд буда, ҳама бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки қаблан беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки харҷи зиёдро талаб мекард. Акнун ин мушкилоти сокинон бартараф гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохт­монии беморхона баҳои баланд доданд ва ҳангоми суҳбат бо табибон онҳоро барои хизмати софдилона ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муносибати хуб ба корафтодагон ҳидоят намуданд.

Бинои нави беморхона туҳфаи арзандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳия ба ҳисоб меравад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрон сохтмони як қатор иншооти маъмурию хизматрасонии дигар низ идома доранд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон, ҳамчунин, бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба истифода доданд.

Он аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст. Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулгун»-и шаҳри Панҷакент буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кӯҳистони Мастчоҳ 16 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст дошта, дар маҷмӯъ, дорои шароити хуби корӣ мебошад ва ба системаи ягонаи гармидиҳӣ, ки бо ангишт фаъолият мекунад, пайваст карда шудааст. Утоқҳои кории он бо мизу курсиҳои нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар дохили бино утоқи мизи шиносномадиҳӣ, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, бойгонӣ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ онҳоро ба хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуда, барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 (Идома дорад)

www.president.tj