Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

19512758603_d884990385_oНимаи дуюми рӯзи 29 – уми июли соли 2015 баъди мулоқот ва суҳбати самимию созанда бо сокинони ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари корӣ ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ ташриф овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Барои ин шумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно ба истиқболи пешвои ғамхору раҳнамунсоз Эмомалӣ Раҳмон бо гулу гулдаста ва суруду мусиқӣ дар майдони ҳавоии маркази вилоят ҷамъ омада буданд.

Субҳи рӯзи 30-юми июл дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ иштирок кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал ва нома ба наслҳои оянда ба оғози корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими соҳаи маориф асос гузошт.

Тавре маълум гардид, сохтмони Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба нақша гирифта шудааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Синдбод»-и ноҳияи Дарвоз мебошад.

Иншооти мазкур аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар он Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ҷойгир карда мешавад.

Арзиши лоиҳавии иншоот 5 миллиону 305 ҳазор сомониро ташкил дода, муҳлати баистифодадиҳии он соли 2018 дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ низ оғоз бахшид.

Мувофиқи лоиҳа бинои коллеҷ аз панҷ ошёна иборат буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим барои 240 донушҷӯ ва хобгоҳ барои 100 ҷой аз рӯи стандарти муосир фароҳам мегардад.

Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аз бинои таълимӣ, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои дарсҳои амалӣ, аз синфхонаи таҷрибавӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат хоҳад буд.

Тавре зикр гардид, муассисаи муосири тиббӣ дар ин мавзеъ бо харҷи 13 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад.

Дар маркази шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хонаи истиқоматии 50 ҳуҷрадорро, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии мавҷуда бунёд ёфтааст, дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Фармоишгари ин иншооти муҳим Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Раёсати сохтмони умумии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Арзиши лоиҳавӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил дода, сохтмони он соли 2012 оғоз шуда буд.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хонаҳо шинос шуда, барои таъмини беҳтари хизматчиён бо манзилҳои хуштарҳ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо дод.

Дар шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Театри вилоятӣ барои 500 ҷойи нишаст санги асос гузошт. Фармоишгари тарҳ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи бинои театр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои мукаммал кардани лоиҳа ва бунёди он дар муҳлати се сол супориш дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар бунёди театр хусусиятҳои хоси миллӣ ба инобат гирифта шавад.

Дар ҳамин ҷо баъди гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва сокинони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин туҳфаи арзандаи Сарвари давлат на танҳо ба аҳли ҳунар, балки барои кулли сокинони вилоят мебошад. Ба кормандони театр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳозир барои дар рӯзи ифтитоҳи ин маркази фарҳангӣ баҳри тамошобинон намоишномаҳои пурмазмун таҳия намоянд.

Аҳли фарҳанг ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳо ва дастгириашон изҳори сипос карданд.

Баъди гузоштани санги асоси Театри вилоятӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ кард. Сохтмони бино соли 2014 оғоз шуда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маблағи умумии ин иншоот панҷ миллион сомониро ташкил дода, онро пудратчӣ — Шуъбаи сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагиро бо 50 ҷойи корӣ ифтитоҳ кард. Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ — зани кордон Султонбахт Мардонаева бо харҷи чор миллион сомонӣ сохта шудааст. Сохтмони маркази хизматрасонӣ соли 2014 оғоз ёфта, дар арафаи сафари кории Президенти мамлакат омода шуд. Ин як нишонаи возеҳи дастгирии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳибкории хусусӣ, ҷудо кардани грантҳо ба соҳибкорзанҳо ва таъмини ҷойи кор барои занони хонанишин мебошад.

www.president.tj