Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

№144-145 (4727-4728). 146 (4729) 27.11.2023

53351754376_5c2696fee3_o23-юми ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.

24-уми ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Намоишгоҳи маҳсулот, хизмат­расонӣ ва навовариҳои Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои кишварҳои аъзои СПЕКА дар ҳошияи саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз 22 то 25 ноябр баргузор гардид. Иштирокчиёни намоиш — давлатҳои аъзои СПЕКА, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар «Маркази ЭКСПО-и ба номи Гейдар Алиев» павилионҳоро бо тарҳи миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватаниро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз павилиони кишварҳои аъзои СПЕКА – ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон боздид намуданд.

Бояд гуфт, ки СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон давлатҳои иштирокчии он ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон павилиони ­худро дар масоҳати 250 метри мураббаъ бо тарҳу услуби замонавӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро дода, маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла молҳои саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои мардумиро, ба намоиш ­гузошт. Ҳадаф аз иштироки Тоҷикистон дар чорабинии мазкур ҷалби сармоя, муаррифии иқтидори молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, дарёфти шарикони нав ва бозорҳои содиротӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 ширкату корхонаи ватанӣ ва беш аз 30 намояндаи бахши хусусӣ, ҳунармандон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар маҳсулоти худро муаррифӣ карданд.

Ҳамзамон, намунаи корҳои баанҷомрасонидашуда ва нақшаҳои оянда вобаста ба рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши меҳмонони намоишгоҳ карда шуд.

Бояд гуфт, ки 22-юми ноябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо молу маҳсулоти ватанӣ шинос шуданд.

Зимни боздид ба Роҳбари кишвари мизбон вобаста ба раванди саноатикунонии кишвар, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда ва неъматҳои моддии Тоҷикистон, маълумоти муфассал дода шуда, намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории ҳафтаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) форуми иқтисодӣ, вохӯриҳои дуҷониба миёни доираи соҳибкорони кишварҳои аъзои СПЕКА ва дигар чорабиниҳои иқтисодию тиҷоратӣ сурат гирифт.

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон робитаҳои ҳар ду кишвар ба сатҳу сифати нав баромада, дар ҳама соҳа пешравиҳои амиқ ба назар мерасад.

Пас аз боздид аз Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои кишварҳои аъзои СПЕКА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар масъулони ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо истифода аз ин имконот барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ҳар ду кишвар, дарёфти шарикон ва афзоиши содироти молу маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

24-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.

Дар кори саммити мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои дар сатҳи баланд доир намудани саммит ва меҳмоннавозии гарм ибрози миннатдорӣ намуда, ҳамзамон Озарбойҷони бародарро бо мизбонии бомуваффақона дар СПЕКА муборакбод гуфтанд.

Роҳбари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чаҳорчӯбаи СПЕКА аҳамияти хоса медиҳад. Дар робита ба ин қайд гардид, ки тақрибан 30 фоизи гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои СПЕКА рост меояд. Бештари кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар миёни шарикони тиҷоратию иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол намуда, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СПЕКА дар соли гузашта 24 дарсад афзоиш ёфтааст. Қайд гардид, ки кишварҳои аъзои СПЕКА дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ, табиӣ ва имкониятҳои фарохи энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.

Сарвари давлат аз таъсиси Фонди трас­тии СПЕКА пазироӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар солҳои оянда ба чунин самтҳои афзалиятнок, аз қабили содагардонии расмиёти савдо ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, тавсеаи долонҳои гуногунвасилаи нақлиётию иқтисодӣ, рушди «иқтисодиёти сабз» ва рақамикунонӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Дар робита ба ин, Тоҷикис­тон масъалаи таъсиси Котиботи СПЕКА-ро ҷонибдорӣ мекунад.

Зикр гардид, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикис­тон ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо як қатор ислоҳоти назаррас амалӣ карда шуд.

Имрӯз дар Портали савдои Тоҷикистон ним миллион истифодабаранда — беш аз 100 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд, ки аҳамияти онро бори дигар тасдиқ мекунад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи «энергияи сабз» ва умуман, «иқтисоди сабз» ба дастовардҳои хуб ноил шудааст. Айни замон, 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз ҷиҳати «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол намуда, дар чаҳорчӯбаи «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» ният дорад иқтидори «энергияи сабз»-ро ба 10 ҳазор мегаватт расонад.

Бо назардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки СПЕКА ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии таъсири манфии ­тағйи­рёбии иқлим ба бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба рушди «энергияи сабз» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раёсати Тоҷикис­тон дар СПЕКА дар соли 2024» иттилоъ доданд. Дар доираи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он афзалиятҳо ба таҳкими натиҷаҳои мавҷуда ва таъмини дастовардҳои нав равона карда мешаванд.

Баъди анҷоми нишаст сарони давлатҳои иштирокчиёни СПЕКА Эъломияи Бокуро қабул карданд.

www.prezident.tj