Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара»
28 декабри соли 2016, ноҳияи Варзоб
Ҷавонону варзишгарони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ, рушди ин бахш ба ташкили ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Бахши сайёҳӣ, инчунин имконияти хуби амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад.
Тибқи хулосаи мутахассисон, дар сурати таъмин намудани рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меояд, ки саҳми соҳа то соли 2020 дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоизро ташкил намояд.
Тоҷикистон дар ин самт имкониятҳои бузурге дорад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, куҳнавардиву варзиш ва дигар дороиҳое, ки табиат ба мо додааст, бармеоянд.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам густариш додани варзишу сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳиву варзишии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар чанд минтақаи мамлакат мавзеи сайёҳӣ эълон шуд, ки айни замон дар онҳо инфрасохтори зарурии соҳа бунёд гардида истодааст.
Мавзеи хушманзари Сафедорак, ки дар минтақаи сайёҳии ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дорои имкониятҳои васеъ дар самти истироҳату фароғат ва рушди сайёҳӣ ва варзишӣ мебошад.
Соли гузашта, ҷиҳати таҳким ва рушди навъҳои варзиши зимистона, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб инфрасохтори зарурии мавзеъ ва мактаби варзишии лижаронӣ бунёд шуд ва ин лаҳзаҳо мо дар маросими ба истифода додани Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» иштирок дорем.
Бо истифода аз фурсат, кулли варзишгарони кишвар ва дӯстдорони ин навъи зебои варзишро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани маҷмааи мазкур самимона табрик мегӯям ва ба ташаббускорону соҳибкорон ва сармоягузорони ин иншооти замонавӣ барои чунин иқдоми ватандӯстонаашон, хусусан, ҷиҳати фароҳам овардани 300 ҷойи нави корӣ барои ҳамватанонамон, изҳори сипос менамоям.
Муҳайё намудани шароити хуби хизматрасонӣ дар мавзеъҳои истироҳату фароғати кишвар, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, муаррифии шоистаи табиати зебо ва пеш аз ҳама, таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар имкон медиҳанд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ дар қатори мамлакатҳои аз ҷиҳати қабули сайёҳон пешрафтаи олам мақоми арзандаи худро пайдо намояд.
Таъкид месозам, ки истифодаи самараноки мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳар чӣ бештар тараққӣ додани соҳа метавонад ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудам, Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам оварда истодааст.
Ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ аз ҷумлаи тадбирҳои судманд дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Аз рӯи таҳлилҳо дар се соли охир шумораи сайёҳон ду баробар афзоиш ёфтааст. Таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ бештар ба меҳмоннавозии мардум, табиати зебову нотакрор, боду ҳаво, мавзеъҳои таърихӣ, обҳои шифобахш, кӯлу чашмаҳои оби мусаффо ва урфу анъанаҳои мардумӣ, ки мақсади асосии сайру саёҳат мебошад, нигаронида шудааст.
Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки мақоми ваколатдори соҳаро таъсис диҳад, ки масъалаҳои соҳаи сайёҳиро мустақиман ҳаллу фасл намояд.
Барои пешрафти ин соҳаи мусоидаткунандаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ба сохтори нави идоракунии он зарур аст, ки ҷиҳати инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ бунёд намудани иншооти соҳа, ба таври ҷиддӣ беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро васеъ истифода намоянд.
Мо бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмони иншооти сайёҳиро аз пардохтҳои андозиву гумрукӣ ва инчунин, аз соли 2017-ум ширкатҳои сайёҳиро дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод менамоем.
Дар баробари ободу зебо гардонидан ва бо шароити муосири истироҳату фароѓати варзишӣ таъмин намудани Маҷмааи лижаронии «Сафед-дара» аз масъулини соҳа тақозо мегардад, ки сатҳи баланди хизматрасониро барои варзишгарону сайёҳон таъмин намоянд.
Боиси зикр аст, ки маҷмааи имрӯза бо ҷалби сармояи ватанӣ тайи ду соли охир таъмиру таҷдид гардида, корҳои иловагии сохтмони навбати дуюм ба анҷом расонида шуданд.
Сафед-дара, ки ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар мебошад, ҳар сол ба он қариб се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Бояд гуфт, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуѓрофии маҷмааи мазкур имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад.
Бо мақсади рушду инкишофи варзиши лижаронӣ дар мамлакат ва ҳамзамон бо ин, омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш дар мавзеи Сафедорак маркази варзишӣ бо 60 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст ва он имконият медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз шароити беҳтарини муҳайёшуда таҳсилу тамрин карда, дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин, дар ин мавзеъ меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули то 240 нафар меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо барои 120 нафар амал мекунад.
Дар баробари ин, бо дарназардошти шароити хушманзараи кӯҳӣ ва табиати нодири ноҳияи Варзоб дар фасли тобистон дар ин ҷо имконияти ташкили саёҳати кӯҳгардӣ, пиёдагардӣ ва аспсавориро ба роҳ мондан мумкин аст.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар фасли тобистон ҷиҳати истироҳату фароѓати кӯдакону наврасон истироҳатгоҳи бачагона ташкил карда шавад.
Дар доираи тақвияти корҳои ободонӣ дар ин мавзеъ бо ибтикори соҳибкорони ватанӣ роҳи мошингарди Такоб — Маҷмааи лижаронӣ, ки солҳои пеш дар ҳолати бисёр ногувор ва садамавӣ қарор дошт, дар муддати кӯтоҳ барқарор карда шуд. Ҷиҳати тоза нигоҳ доштани он ва пешгирӣ аз ҳолатҳои садамавӣ техникаи махсус ҷудо карда шудааст ва ҳоло роҳ дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар робита ба масъалаи ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори коммуникатсионии маҷмаа мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби маблаѓҳои грантӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ таҷдид ва нигоҳдорӣ кардани 14 километр роҳҳои минтақаи сайёҳии имрӯза тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ободу зебо намудани ду канори роҳи маҷмаа Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангалро зарур аст, ки корҳои шинонидани дарахту буттаҳо ва кабудизоркуниро ҷоннок намоянд. Дар шароити кӯҳсор таъминот бо об ва барқи доимӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, барои таъмини шабонарӯзии маҷмаа бо барқ корҳои барқарор намудани хатҳои интиқоли барқ пурра ба анҷом расонида шуда, обрасонӣ аз чашма тавассути қубурҳо дар масофаи 4 километр таъмин карда мешавад.
Дар баробари калонсолон дар масоҳати 60 гектар барои наврасон низ майдони алоҳида бо таҷҳизоти махсус мавҷуд аст, ки дар як вақт то ҳазор нафар метавонанд бо машқу тамрин машѓул шаванд.
Ҳамчунин, дар ин маҷмаа ду хатти роҳи ҳаракати ҳавоӣ ба масофаи 2000 метр мавҷуд буда, дорои 140 адад воситаи болобарандаи варзишгарон мебошад.
Аз касе пӯшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи муҳими иқтисодиро низ касб намудааст ва мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо ва дар маҷмӯъ, суботи ҷомеа беҳтар мегардад.
Илова бар ин, иштироки варзишгарони мо дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрӯву эътибори мамлакати моро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро афзун менамояд.
Хусусан, соли ҷорӣ барои варзишгарони мамлакати мо соли бобарор ба ҳисоб меравад, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар бозиҳои олимпӣ шуҳрати кишварамонро хеле баланд бардоштанд.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки тарѓибу ташвиқи мақсадноки варзиш имкон медиҳад, ки сокинони кишвар ва дар навбати аввал, ҷавонон, ҳар чӣ бештар бо варзиш машѓул шуда, тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо густариш ёбад ва неруи созандаи онҳо ба самти ободиву пешрафт равона карда шавад.
Итминон дорам, ки маҷмааи навбунёд дар самти дарёфту тарбияи варзишгарон ба ин намуди зебои варзиш ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун ба ин мавзеи зебо саҳми сазовори худро мегузорад.
Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик мавзеи Сафед-дара ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва ҷойи дӯстдоштаи сокинони мамлакат ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ табдил меёбад.
Дар амалӣ шудани чунин ниятҳои нек ба ташаббускорони бунёди маҷмааи имрӯза, масъулини соҳа ва варзишгарони кишвар барору комёбӣ мехоҳам ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати Соли нави мелодӣ, ки баъди се рӯз фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.
Ҳамеша саодатманду дастболо бошед, варзишгарони парчамбардори Ватан!