«Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо»
Дар замони муосир сайёҳӣ яке аз бахшҳои иқтисоди кишвар буда, солҳои охир босуръат рушд карда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ аст, ки заминаи устувори рушд барои сайёҳӣ буда, соҳаи мазкур ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳиро соҳаи афзалиятноки кишвар эътироф намуда, барои рушду пешрафти он тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 бо мақсади пешбурд ва оммавигардонии соҳаи сайёҳӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардида, татбиқи он марҳала ба марҳала роҳандозӣ шуда истодааст.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, ки ин тадбир барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши бесобиқаи ташрифоварии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат намуд.
Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеи таърихии «Саразм», «Боғи миллӣ» ва мероси ғайримоддии фарҳангии «Чакан — санъати гулдӯзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иди Наврӯз», «Оши палав» ва «Мусиқии Шашмақом» далели ин гуфтаҳо буда, симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои сайёҳии Ватани маҳбубамон мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст.
Инчунин, дар соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон аз раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажӯҳишгоҳи амрикоии «Gallup» дар ҷойи якум қарор гирифтааст.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар гӯшаю канори мамлакат силсилаи иншооти инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ, боғу гулгаштҳо ва биноҳои хуштарҳу замонавии дорои аҳамияти фарҳангию иҷтимоӣ, меҳмонхонаю тарабхонаҳои муосиру замонавӣ бунёд гардида, кишвари азизамонро ба яке аз маконҳои зебову дидании сайёра табдил додааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба 1 миллиону 201 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 20 фоиз зиёд мебошад.
Ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили назорати корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, пурзӯр намудани кор дар самти рушди сайёҳӣ ва раванди амалишавии барномавию нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳии мамлакат мебошад.