Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов ва ифтитоҳи майдони футболи хурд

№140 (3441) 21.10.2015

12120138_913843162019204_6510175142933543231_oСубҳи рӯзи 20 октябри соли 2015 дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард.

Сарвари давлатро дар ин ҷо аъзои ҷамъият бо шеърҳо дар васфи роҳбари ғамхори миллат ва ятимпарвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи маҳсули дасти маъюбон шинос шуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод. Маъюбон ҳунари қолинбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ ва дигар маводу ашёи зарурии рӯзгорро ба маъраз гузоштанд. Президенти мамлакат изҳор дошт, ки ба ҳунар сарукор гирифтани маъюбон ин на танҳо касб, балки як намуди табобат аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои омӯзиши бозори истеъмолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти серталаб ҳидоят намуда, ба роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо барои кумак ба онҳо дар ин кор супориш дод.

Бинои ташкилоти Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов аз ду ошёна иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. Инчунин дар он ошхона бо 50 ҷойи нишаст бо шароити мусоид мавҷуд аст.

Аъзои Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов беш аз 300 нафар буда, 20 каси онҳо  кӯдакони маъюби то синни 18 — сола мебошанд.

Аз моҳи августи соли 2015 дар ҳудуди Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва таъмири бинои Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов дар маҷмӯъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо гурӯҳи варзишгарони маъюб аксбардорӣ карда, бо онҳо дар майдони навбунёд якҷоя футболбозӣ намуд.

Ба намояндагони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ки чунин як майдони зебо бунёд кардаанд, изҳори сипос намуда, онҳоро барои минбаъд ҳам ҳамкорӣ кардан бо Ҷамъияти маъюбони шаҳр ҳидоят кард.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 100 нафар аъзои ҷамъият сару либоси зимистона тақдим намуд.

Сарвари давлат аз ҳамаи мардуми саховатпешаю савобҷӯй даъват намуд, ки  ба ятимону маъюбон расонидани кумакҳои моддию маънавиро зиёд намоянд. Инчунин таъкид кард, ки беҳтарин кор ин хайру садақа кардан ба ниёзмандону ятимон мебошад ва манфиати чунин амалҳои савоб садҳо маротиба аз тӯю маъракаҳои серхароҷот, ки ҳадафи асосиашон зоҳирпарастӣ  мебошад, хубтар аст.

Зимни боздид аз ин марказ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти маъюбон шинос шуда, аз кормандон масъулияти ҷиддиро барои нигоҳубини маъюбон талаб кард.

Табақаи ниёзманд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлату Ҳукумат қарор дорад. Пешвои миллат ва роҳбари раъиятпарвар Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба онҳоро самти асосии сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст.

Маъюбони ин ҷо дар навбати худ ба роҳбари ғамхору мушфиқ Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи ҳамаҷониба изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарияти ҷамъият ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дастур дод, ки барои бо ғамхорӣ фаро гирифтани маъюбон аз тамоми имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат истифода баранд.

Расонидани кумакҳо барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва шароити дигари будубоши маъюбон минбаъд низ идома дода мешавад.

 www.president.tj