Шиносоӣ бо фаъолияти шоликорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

№140 (3441) 21.10.2015

IMG_5119 - копияПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар аз ноҳияи Ғончӣ ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сари роҳ бо фаъолияти шоликорони ботаҷрибаи ин ноҳия шинос шуда, бо деҳқонон суҳбати самимӣ доир кард.

Тавре аз таҳлилу мушоҳидаҳо аён мегардад, кишоварзони вилояти Суғд дар парвариши шолӣ таҷрибаи бой андӯхта, бо кишти навъҳои серҳосил ва хушсифату бозоргири ин намуди зироат пешсаф ҳастанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Дилшод»-и ноҳия, ки дар масоҳати чор гектар навъи серҳосил ва хушмаззаи «Кенҷа»-ро кишт кардаанд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шоликорон дар бораи истифодаи замин, зиёд кардани тухмиҳои аълосифат, киштгардону баланд бардоштани ҳосилнокии замин, кор бо мутахассисони навъсанҷӣ, мутобиқсозии намудҳои хуби шолӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулот, омӯхтани таҷрибаи дигар шоликорони кишвар ва хориҷ, инчунин содироти он суҳбат орост.

Дар хоҷагии деҳқонии «Дилшод» аз ҳар як гектар замини шолӣ 50 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд ва аз рӯи маълумоти онҳо навъҳои аз ин ҳам серҳосил мавҷуд аст.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҷагиҳои пешқадами дигар низ ҳастанд, ки ба шоликорӣ машғуланд.

Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов дар 140 гектар замин, хоҷагии деҳқонии ба номи Раҳмон Набиев дар 160 гектар, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандапарвар» дар масоҳати 20 гектар ба парвариши шолӣ ва дигар навъи зироат машғул буда, бозорҳои ноҳияву вилоятро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоянд.

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шоликорон дар кори пуршарафи деҳқонӣ, ки бо меҳнати ҳалол маҳсулот истеҳсол мекунанд, барору комёбӣ орзу кард.

 www.president.tj