Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе

№178-179 (3479-3480) 28.12.2015

23351179643_704f522089_o26 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд.

Масҷиди ҷомеъ бо маблағгузории ҷониби Давлати Қатар бунёд мегардад.

Хотиррасон бояд намуд, ки санги нахустин барои сохтмони ин масҷид аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд ва лоиҳаи он аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар баъди омӯзиш ва таҳқиқу тадқиқ омода гардидааст.

Тибқи лоиҳа, ки бо дарназардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз чор манораи баландиаш 75 — метра ва гумбази 47 — метра иборат мешавад.

Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ — пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «СТС – Иншоот» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сомон таҷҳизот» анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки корҳои сохтмону ороиш дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд.

Сарвари давлат бо дарназардошти анҷоми корҳои ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои меъмории хоси марказҳои исломӣ дастур дод, ки коргарон барои иҷрои босифати корҳо талош варзанд ва соли 2018 — ум ин иншоотро ба истифода диҳанд. Ба андешаи Президенти мамлакат ин масҷид, ки бо тарҳи дар Осиёи Марказӣ нодир бунёд мегардад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол наздики 50 фоизи ҳаҷми корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст. Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.

Ҳамчунин қобили таъкид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст.

Умуман, ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

www.president.tj