Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№17 (3497) 09.02.2016

13-Мачлиси миллии (3)(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

Дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 113 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расиданд. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари ИМА аз ҳисоби сармояи ватанӣ ва бо гранти Бонки Рушди Осиё амалӣ гардидааст. Дар ин шоҳроҳ, ки самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 31 пули хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудааст.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат корхонаҳои калони саноатии «Рукнобод» ва фабрикаи дуюми ҶДММ «Корхонаи муштараки заршӯйии «Зарафшон»- ро ифтитоҳ намуд. Дар ин корхонаҳо 400 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар шаҳри Панҷакент низ Эмомалӣ Раҳмон қисмати дигари роҳи Айнӣ — Панҷакентро бо буридани лентаи рамзӣ ба истифода дод. Мавриди зикр аст, ки навсозии роҳи Айнӣ — Панҷакент яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар роҳи баромадани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ — фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуд.

Марказ дорои шароити зарурӣ буда, барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Баъди ифтитоҳи Маркази таълимӣ — фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳристон ба шаҳри Истаравшан ташриф овард.

Дар он ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва кушодани хатти обрасонӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки нави Баҳористон барои 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ иштирок кард.

Умуман, дар шаҳраки Баҳористон мутобиқи нақшаи генералӣ бунёди бинои маъмурии шаҳрак, як беморхона, ду дармонгоҳ,  чор муассисаи таълимӣ, се варзишгоҳ, ду ҳаммом, бозор, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш, дар майдони се гектар боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, се боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ ва дар ошёнаи якуми биноҳои баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ғончӣ ба корҳои обёрикунии 12 ҳазор гектар замини лалмӣ ва чарогоҳ оғоз бахшида, ду бинои дуошёнаи истиқоматиро дар деҳаи Қалъачаи Азими деҳоти «Ғазантарак»- и ноҳияи Ғончӣ ба афсарони дидбонгоҳи сарҳадӣ тақдим намуд. Дар ин ҷо 24 оилаи афсари қисми низомӣ, ки дар ҳифзи амнияти сарҳад ва сулҳу осоиштагии кишвар саҳмгузор ҳастанд, бо манзил таъмин гардиданд.

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум — Ашт» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ Қайроққум — Ашт аз тарафи Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ шудааст.

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбон шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард.

Аъзои Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов беш аз 300 нафар аст, ки 20 нафари онҳо  кӯдаки маъюби то 18 — сола мебошад. Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 100 нафар аъзои ҷамъият либоси зимистона тақдим намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии «Ресандаи Тоҷикистон»- и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ бахшид. Дар навбати аввал 350 нафар зани хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Худи ҳамон рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи «Арча» — ро, ки дар назди ҶДММ «Фортуна ва компания» бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Дар корхонаи мазкур зиёда аз 150 намуди дару тирезаи замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад ва 80 нафар сокини маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд,  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

(Давом дорад)

Абдуфаттоҳ Шарифзода,  Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин