Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№19 - 20 (3449 - 3500) 13.02.2016

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

21-Рузи Вахдат (3)

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд», ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, аз наздик шинос шуд.

Дар ин ҷо дар масоҳати се гектар, аз ҷумла дар чор гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд ва 15 нафар марду  зан ба нигоҳубини дарахтон машғуланд. Ниҳолҳои дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Голландия ворид карда мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мағозаи «Пайванд» оғоз бахшид, ки дар он намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузош­та шудааст. Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» сохта шудааст.

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари ҳуқуқи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, самимона табрик намуд.

6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муассисаи томактабии хусусии «Зебунисо»-ро ифтитоҳ бахшид.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ 7 июни соли 2012 оғоз гардида, соли 2015 ба итмом расидааст. Он барои 150 нафар дар як баст пешбинӣ гардидааст ва 35 нафар, аз ҷумла мураббияҳо, табибон ва дигар кормандони соҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Масоҳати умумии муассисаи мазкур 2350 метри мураббаъ буда, барои бунёди он 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

6 декабр дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» — ро ифтитоҳ намуда, дар саҳни ҳавлии он барои сохтмони парки обии болопӯшидаи замонавӣ санги асос гузошт.

Бинои Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дар зарфи даҳ моҳ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба меъёрҳои хизматрасонии дараҷаи  панҷ ситора сохта шудааст ва дар Тоҷикистон алҳол беҳтарину беҳамто ба ҳисоб меравад. Ҷойи таъкид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои баҳравар шудан аз чунин сатҳи хизматрасонӣ то имрӯз ба хориҷи кишвар мерафтанд. Инак, бори нахуст имкон фароҳам омад, ки аз хизматрасонии дараҷаи панҷ ситора дар дохили кишвар бархӯрдор бошанд. Бо иқдоми соҳибкорон дар Марказ наздики 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

26 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуд.

Тибқи лоиҳа, ки бо дарназардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз чор манораи баландиаш 75 — метра ва гунбази 47 — метра иборат хоҳад буд. Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. Атрофи он бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки баъди ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки омили муҳим дар самти ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо мебошад.

Боиси хурсандист, ки аксари корхонаҳои истеҳсолии зимни сафарҳои кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳо ифтитоҳёфта маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда мебароранд, ки ин боиси пешрафти иқтисодиёти кишвар мегардад.

Дар доираи сиёсати иҷтимоии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ба шумораи зиёди табақаи ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иду ҷашнҳо кумаки моддӣ расонд ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шароити зисти онҳо аз наздик шинос шуд.

Президенти мамлакат дар ҳар мулоқот бо сокинони кишвар ба нафароне, ки аз сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат ҷонибдорӣ карда, ба эҳтиёҷмандон дасти кумак дароз менамоянд, миннатдорӣ намуда, амали онҳоро кори басо муҳиму хайр арзёбӣ мекунад.

29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» бо беш аз 300 нафар ятим ва маъюби нуҳ мактаб — интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, инчунин мактаб — интернатҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқот намуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ ба беш аз 12000 нафар ятим, бепарастор ва кӯдаки маъюби мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ аз Фонди захиравии Сарвари давлат кумакҳои моддӣ расонда шудааст.

(Давом дорад)

 Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин