Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№15 (3495) 04.02.2016

1-Паём (2)Соли 2015 аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол сипарӣ шуд. Дар ин давраи кӯтоҳи таърих мардуми соҳибтамаддуни тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо заҳмати софдилона корҳои ободониву созандагиро вусъат доданд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Президенти мамлакат барои пешбурди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабули барномаҳои давлатӣ дар бахшҳои хоҷагии халқ, инчунин се самти асосию стратегиро пеш гирифт, ки бо татбиқи онҳо комёбиҳои неку назаррас насиби мардуми кишвар шуд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои муҳиму тақдирсоз дар роҳи расидан ба қуллаи мурод аст. Татбиқи ин се ҳадафи стратегӣ омили муҳими пешравии мамлакат дар солҳои охир гардидааст.

Таҳияи қонуну барномаҳои наву мукаммали давлатӣ, гузаронидани ислоҳоти муваффақ дар аксар соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, вусъати корҳои созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, ки аксар ҷавон ва хатмкардаи донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи мамлакатанд, аз омилҳои дигари пешрафт ва тараққиёти кишвар дар соли 2015 мебошад.

Соли 2015 — ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди боғу токзорҳо оғоз намуд.

8 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ба хотири бунёди боғи нав дар майдони беш аз 300 гектар заминҳои лалмӣ иштирок намуд.

Барои саҳмгузорӣ дар бунёди боғи нав дар ин ҷо беш аз 1000 нафар сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ омад. Роҳбарият ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ин мавзеъ, ки то он вақт танҳо ғалла кошта, фоидаи ночиз мегирифтанд, аз ин иқдоми нек басо шоду сипосгузор шуданд, зеро манфиати боғпарварӣ аз ғаллакории лалмӣ чандин маротиб зиёд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мардум, аз ҷумла таъкид дошт, ки талабот ба меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар сол то сол бештар мегардад ва ҳар касе, ки боғу токзори хушсифат бунёд намуда, парвариши онро дуруст ба роҳ мемонад, фоидаи зиёд ба даст меорад.

23 январи соли 2015 дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод гардид.

Ҳамин тавр, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон Паёми раҳнамунсози Президенти мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, соли 2015 аз рӯи самтҳои муайянкунандаи ояндаи дурахшони Ватан кору зиндагӣ намуданд.

Худи ҳамон рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор гардид.

Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади Буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд.

Дар охир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вази­фаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 мушаххас намуд. Бори дигар таъкид гардид, ки барои таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз имкону захираҳои мавҷуда ва неруи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.

30 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардиданд, тасдиқ шуд.

Вобаста ба таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки ин ҷашни пурифтихор бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бояд истиқбол гирифта шавад.

Як зумра чорабини­ҳои муҳими дигар доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар ба нақша гирифта шуд.

3 феврали соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Соли оила» эълон намудани соли 2015 ба тасвиб расид.

Ин иқдом ба хотири рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пеш гирифта шуд.

10 феврал бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ва роҳҳои таъмини рушди босуботи оянда баррасӣ шуд.

17 феврал таҳти раёсати Раиси Шӯрои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин дар таъин ва пардохти нафақаҳои маъюбӣ зоҳир шуд.

22 феврал дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи бисту дуюм солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъома­ди тантанавӣ баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорону пайвандони ин соҳа ва мардуми кишварро бо иди касбии муҳофизони далери Ватан табрику таҳният гуфт.

Баргузории интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар соли 2015 аз чорабинии муҳими сиёсӣ буд, ки якуми март бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии № 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод.

Иштироки васеи мардум дар интихобот аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, ҳамчунин аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

6 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Модарро ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: «Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст».

Нимаи дуюми 6 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика аз се ошёна иборат буда, бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта ва бо мебелу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст. Дар он 35 нафар мутахассиси варзида бо шароити хуби корӣ таъмин шудаанд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳраки донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Биноҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда 9-ошёна буда, барои 1300 донишҷӯ пешбинӣ шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо 12-ошёна шаванд. Тибқи ин пешниҳод дар се хобгоҳи 12-ошёна наздики 1600 донишҷӯй ҷойгир мешаванд. Бо сохта ба истифода додани ин биноҳо шумораи чунин хобгоҳи нави замонавӣ дар ин ҷо ба шаш адад мерасад. Ҳамагӣ дар ин шаҳрак оянда 15 хобгоҳи зебо қомат рост хоҳад кард.

17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар он ба таври овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров интихоб шуд. Сипас, бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи иҷлосия, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, хотирнишон намуд, ки аз ҷумлаи вакилон 12 нафар зан, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, ду академик, ҳашт доктори илм ва 17 нафар номзади илм мебошанд.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳ кумита ва се комиссия таъсис ёфт ва раисони онҳо интихоб шуданд.

17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки дар паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост хоҳад кард, оғоз бахшид.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз се толори калон ва утоқҳои дигар иборат мешавад.  Ба андешаи мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин иншоот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

19 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бошукӯҳи Зарандуди Кохи Наврӯз чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оини пуршарафи наврӯзӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки зиёиёни тоҷик чун ворисони асосии Наврӯзи хуҷаста дар тарғибу ташвиқи шоистаи он ба ҷаҳониён нақши намоён мегузоранд ва дар ин самт идомабахши таълифоти чунин абармардони илму адаби тоҷик чун Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Гардезӣ ва Умари Хайём мегарданд.

Соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Ёвони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ сафари корӣ намуд.

Ҳадафи ин сафарҳоро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо мардум, шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар як қатор тантанаҳои идона, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, асос гузоштан ба оғози бунёди иншооти дигар, инчунин мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ маънидод кард.  Ҳар як сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муждаи ободкориҳост.

11-  Сугд (12)21 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар вилояти Суғд дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд толори наву замонавиро барои қабул ва гусели меҳмонони олимақом, биноҳои нави қисми низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, майдони зебои атрофи он ва дар паҳлуи майдон қасри фарҳангии бошукӯҳро ифтитоҳ кард, ки бо намуди зоҳирӣ ва толорҳои зебои мунаққашу мунаввараш ба қасри овозадори Арбоб бисёр шабоҳат дорад.

Дар маркази Хуҷандшаҳри бостонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандиро бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди мардуми сершумори Хуҷандшаҳр ва аҳли зиёи Тоҷикистон, ки беш аз 200 нафарашон аз маркази ҷумҳурӣ ва дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷо барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ ташриф оварда буданд, дастур дод, ки барои таҳти васоёи ЮНЕСКО дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ санадҳои зарурӣ омода ва ба ин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ пешниҳод карда шаванд.

Худи ҳамон рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.

Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, ки дар майдони калони варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, бори дигар мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзию дигар мардуми ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфт.

Зимни ин сафар, ҳамчунин дар шаҳри Қайроққум як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, дар назди ширкати «Фаровон»-и шаҳр се коргоҳи нав бо сад ҷойи корӣ, дар паҳлуи қасри фарҳангии Арбоб як бинои зебои амфитеатр бо 7000 ҷойи нишаст, дар шаҳри Хуҷанд ду иншооти ҷашнӣ — бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо 50 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди шири «Порсои Хуҷанд» мавриди истифода қарор гирифт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии як шаҳри нави замонавӣ ҳусни оғоз бахшид. Сохтмони шаҳри нав дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад ва ин бозгӯй аз баромадани кишвар ба сатҳи сифатан нави рушди иқтисодӣ мебошад. Ин тадбири калонмиқёс ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу  шароити муосири зиндагӣ ва зербинои кору фаъолияти босамар нигаронда шудааст.

17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи муқаррарот тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдории аъзои Маҷлиси миллӣ аз нав ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва ба вазифаи муовини раис намоянда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, узви Маҷлиси миллӣ Шодихон Ҷамшед интихоб гардиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои Давлату миллат, таҳкими амнияту субот, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.

17 апрел дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат хоҳад буд ва барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии «Тоҷиктелеком» ва «Почтаи Тоҷик» пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаҳои пешакӣ, идораҳои марказии сохторҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин ҷо ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд.

Дар панҷ ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд. Танҳо дар вақти сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар бо кор таъмин мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Ин маҷмааи зебою муҳташам давоми се сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.

20 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқи 500 — киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва бинои панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 500 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба таъмини амнияти энергетикии кишвар мусоидат мекунад. Дар доираи ин тадбир, ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо, аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав-220 кв», «Ҳисор-110 кв» ва навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.

Моҳи апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.

23 апрел дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар, ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара-Кангурт расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Роҳи мошингарди Данғара-Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шуда, дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард.

Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26-километраи мошингарди Кангурт — Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт — Темурмалик — деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд.

Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии «Меҳри Модар» бо 250 ҷойи корӣ, бинои дуошёнаи чойхонаи зебои миллӣ ва тарабхона бо 30 ҷойи кор, дар мактаб-интернати Кангурт бинои нави хобгоҳи мактаббачагон бо 100 кати хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии шаш ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд, ки нишонаи пайравии соҳибкорони саховатпешаи кишвар ба амалҳои башардӯстонаи Сарвари давлат мебошад.

Дар деҳаи Кангурт бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 6 — ошёнаи истиқоматӣ ва сохтмони бинои замонавии таълимии мактаб-интернати Кангурт оғоз бахшида шуд, ки бо даҳ синфхона барои 500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар рафти сохтмони ин бинои истиқоматӣ қариб 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Корхонаи масолеҳи сохтмонии «Дарё-2015» дар фазои тантанавӣ шурӯъ гардид, ки дорои коргоҳҳои зиёд барои истеҳсоли қуми шуста, шағал, масолеҳи бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, болопӯшҳои тунукагии бомҳо, сафолҳои роҳрав, симтӯр, ҷамъ 12 намуд масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра мебошад.

Дар давраи сохтмони ин коргоҳҳо 100 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди ба кор даромаданаш 240 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагӣ 55 нафар зану духтарони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар деҳоти «Лоҳур» қарор дорад, ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшид. Се корхона бо харҷи беш аз як миллиарду 600 миллион сомонӣ сармояи муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Хитой бунёд меёбад. Инҳо корхонаҳои истеҳсоли семент, шиша ва сафол мебошанд.

Танҳо дар вақти сохтмони ин корхонаҳо наздик ба 1200 нафар бинокори ватанӣ бо кори муваққатӣ таъмин мешаванд. Баробари ба кор даромадани корхонаҳо дар онҳо барои қариб 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба яке аз қисмҳои ҳарбии танкии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳолати омодагии доимии ҷангии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.

Дар ҳудуди қисми низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити вобаста ба будубоши доимии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуда, ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани шароит супоришҳои мушаххас дод.

8 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 70-уми Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.

Ба истиқболи 70-солагии пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ майдони маросимҳои Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба таври идона ороста шуда буд. Ин маросими бошукӯҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва аъзои Парламент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу ақибгоҳ ва намояндагони сершумори аҳли ҷамоатчигии пойтахт ҷараён гирифт.

Барои пос доштани хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар назди гулхани абадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошт.

12 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи «Шашмақом» консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар он ҳунармандони Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Ансамбли давлатии «Фалак», гурӯҳҳои рақсии «Гулрез», «Лола», Филармония давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дигар номварони санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карда, рушди бонизоми ин жанри волои санъати мусиқии миллиро дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намоиш доданд.

15 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар кард.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа 40,7 километр буда, дар масири он се нақб бо дарозии 3755 метр, ҳашт пул бо дарозии 764 метр ва иншооти дигар, аз ҷумла се истгоҳ бунёд хоҳанд ёфт. Барои бунёди ин қитъаи роҳи оҳан, тибқи лоиҳа ҷудо намудани 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шимолии нақби аз ҳама дарози ин қитъаи роҳ, ки масофааш қариб се километр хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқгоҳи ҳарбии кӯҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкӯҳро мавриди истифода қарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъу томҳои махсус ва кӯҳнавардии худ васеъ истифода намоянд.

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мулоқот намуда, доир ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба эҳтироми волидон ҳидоят карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Ҳар касе, ки хизмати падару модарро ба ҷо меорад ва дуои онҳоро мегирад, умри пурбаракат мебинад» ва афзуд: «мардуми мо падарро беҳуда қиблагоҳ нагуфтаанд».

 22-Рогун (4)15 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додаи Президенти мамлакат ба шаҳри Роғун ташриф овард.

Сарвари давлат нахуст дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун иштирок кард. Муассисаи таълимии мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо харҷи 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуд. Ин бино аз чор ошёна иборат буда, барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии он 3,6 гектар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузошт. Зарурати бунёди ин озмоишгоҳ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии иншооти аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои корҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис, ки аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият доранд.

Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар неругоҳ бо тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ шинос шуд. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу рӯҳияи баланди бун­ёдкорони ин иншоот аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори бинокорон аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои дигари бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз ҷумла майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизот барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми неругоҳ кифоя аст.

Аз 28 то 31 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.

Дар ҷараёни ин сафар барои пешрафти бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят заминаи мусоид фароҳам оварда шуд, ки боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум гардид.

Дар ноҳияи Ванҷ аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пули калони мошингузар бо иқтидори борбардории 100 тонна, корхонаи коркарди ангат ва Маҷмааи туристии «Ванҷи Боло», дар ноҳияи Дарвоз хонаҳои истиқоматӣ, филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», корхонаҳои саноатии коркарди сангҳои қиматбаҳои «Карон-мармар»,  «Карон-Гавҳарнигор», меҳмонхонаи замонавии «Карон-Палас», ошхона барои сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ ва бинои комиссариати ҳарбӣ, Кохи Бонувон бо 500 ҷойи нишаст, дар ноҳияи Рӯшон қасри фарҳанг бо толори дорои 460 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифта, барои сохтмони бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон санги асос гузошта шуд.

Дар ноҳияи Шуғнон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди ғалларо бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дод.

Дар маҳали аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шуғнон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои барқарорсозии роҳ ва дар минтақаи сохтмони хонаҳои нав бо рафти бунёди иншоот аз наздик шинос шуд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офат зарардида мулоқот кард.

Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Н­БО — и «Себзор» хишти аввал гузошт, ки тадбири арзанда барои беҳтар кардани вазъи соҳаи энергетикаи мамлакат ва омили муҳими расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Дар шаҳри Хоруғ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, бинои коллеҷи тиббӣ, сохтмони театр бо 500 ҷойи нишаст ва шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар асос гузошт.

Дар мавзеи Тем бо мақсади бунёди шаҳрак 214 гектар замин ҷудо гардида, лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрак омода шуда истодааст. Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар шаҳрак мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шуъбаи солимгардонӣ, шуъбаҳои маориф, молия, омор, инчунин комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, шуъбаи амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, «Тоҷиктелеком», почта, чойхона, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, «Тоҷиксуғурта», қасри фарҳанг бо китобхона ва маркази эстетикӣ барои бачагон, нозироти андоз ва ҳаммом сохта мешавад. Корхонаҳои хизматрасонии маданию маишии шаҳраки навбунёди Тем барои 15 ҳазор нафар сокин муқаррар шудааст.

Инчунин, дар маркази вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонаи истиқоматии 50 — ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, бинои маркази хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ ва маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғро бо 1700 ҷойи нишаст ифтитоҳ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳои озоду ошкоро бо сокинон иброз дошт, ки мақсад аз сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тезондани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳар чӣ зудтар бо манзили зист таъмин кардани оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, дастрас кардани кумакҳои моддӣ, маҳсулоти ниёзи аввал ва масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо, инчунин бо бунёди як қатор иншооти муҳим мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят мебошад.

28 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 24-уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700 — солагии Мир Са­йид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70 — солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани Кӯлоб бо сафари корӣ ба ин шаҳри бостонӣ ташриф овард.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2015 — ум 700 — солагии ӯро дар кишвар васеъ ҷашн гирифтанд, оғоз ёфт. Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ навсозӣ шуд.

Дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат як ҳавзи шиноварии болопӯшидаро бо 1800 ҷойи нишаст, бинои замонавии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои панҷошёнаи Нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб, меҳмонхонаи «Чанор» бо 100 ҷой, бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шафати бинои асосии муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат», коргоҳи коркарди шир бо хатти нави технологӣ ва  бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Инчунин, Сарвари давлат барои бунёди Маркази перинатологии минтақавии беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб, беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ, сохтмони се бинои баландошёнаи истиқоматӣ, майдончаҳои футбол ва обутоби бадан ва сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб санги асос гузошт.

Зимни ифтитоҳи меҳмонхонаи «Чанор» дар ин маркази калони хизматрасонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 68 нафар кӯдаки ятим туҳфаҳо, аз ҷумла сару либос тақдим кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ташриф овард. 700 — умин солгарди зодрӯзи ин мутафаккир бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид ва ин нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат аз гузаштагони маъруфи халқи тоҷик мебошад, ки бо ашъору зиндагии ибратомӯз боиси обрӯву нуфузи миллати мо дар арсаи ҷаҳон гардидаанд.

Макони баргузории чорабиниҳои асосии ҷашнӣ — амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ буд, ки баъди таъмиру навсозӣ пешкаши мардум гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки бо мақсади идома бахшидани раванди созандагию бунёдкорӣ Ҳукумати мамлакат соли гузашта «Барномаи давлатии рушди шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015 — 2019» — ро қабул намуд, ки ҳаҷми умумии он як миллиарду 46 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамон ҷо аз ҷониби ҳунармандон намоиши театрикунонидашуда ва барномаи рангини ҳунарӣ ба ифтихори таҷлили 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешкаши меҳмонони ҷашнвора гардид.

17-Дангара (3)Якуми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро, ки аз ҳафт ошёна иборат буда, дар он толори васеи маҷлисӣ бо 286 ҷой, толори варзишӣ бо 104 ҷой, ошхона бо 200 ҷой, дар як баст, ду толори гузаронидани машғулиятҳо бо 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои лингофонӣ мавҷуд аст, ифтитоҳ намуда, бо шумораи зиёди донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар фаъолони шаҳр мулоқоти судманд намуд.

Дар оғози дарси Сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба пешрафти бахши пешбарандаи ҷомеа — соҳаи маориф ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳар сол бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси Сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Худи ҳамон рӯз дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатнома доир ба «Тоҷикистон» номгузорӣ шудани сайёраи хурди системаи офтобӣ супорида шуд.

Қарори мазкур соли 2015 бо дарназардошти саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии астрофизикон қабул гардидааст.

Мадори сайёраи Тоҷикистон дар байни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, масофаи он то Замин 250 миллион км ва то Офтоб 463 миллион км аст, даври гардиши он дар атрофи Офтоб панҷ соли заминӣ аст. Ҳоло сайёраи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда,  олимони тоҷик ба омӯзиши хосиятҳои физикиву химиявӣ  ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд.

4 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 20-уми таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он, ки дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ ва мардуми кишварро бо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 — солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ орзу намуд.

6 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат — Файзободро, ки ба тозагӣ навсозӣ шуда буд, ифтитоҳ намуд.

Умуман, тӯли ду соли охир аз буҷети шаҳр барои таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, чароғонсозии кӯчаҳои марказии шаҳр ва дигар тадбирҳои ободонӣ зиёда аз 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз бахшид. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти  «Гулистон» ду боғчаи кӯдаконаро, яке бо 150 ҷой ва дуюмӣ барои 100 кӯдак, инчунин толори наву замонавии варзиширо бо 400 ҷойи нишаст ифтитоҳ намуд. Ин се иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Мурод Сафаров ва Ҳамза Фозилов бунёд шудаанд ва барои ин иқдом Президенти мамлакат ба онҳо изҳори сипос кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Гулистон» бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №132 асос гузошт. Сохтмони ин муассисаи таълимӣ дар даврони шӯравӣ оғоз гардида, бунёди он бо сабаби нооромиҳои кишвар ва баъдан бо сабаби нокифоягии маблағҳои буҷетӣ ба таъхир афтода буд. Муассисаи таълимии мазкур аз 51 синфхона иборат буда, дар як баст 1176 нафар хонандаро бо таҳсил фаро мегирад.

Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим дар ҳамон ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд доир намуд.

Худи ҳамон рӯз Президенти мамлакат ба оғози фаъолияти Корхонаи сементи ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013» асос гузошт.

Иқтидори солонаи истеҳсолии он 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент буда,  дар як баст 400 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. Баробари ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона боз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Субҳи рӯзи 7 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди бинои Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошт.

Ин иншоот дар маркази шаҳри Душанбе дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз нуҳ ошёна иборат хоҳад буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур дод, ки бино бо сифати хуб дар муҳлати як сол то ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шавад. Маблағи пешакии сохт­мон тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ 43 миллиону 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

7 сентябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-ро ба истифода дод.

Барои сохтмону таҷҳизонидани он 11 миллиону 739 ҳазору 230 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бинои ин муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои 1480 ҷой дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 33 синфхона, ду толори навбунёди варзишӣ бо 420 ҷойи нишаст иборат мебошад. Баъди пурра ба истифода додани он беш аз 60 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Баъди ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии мазкур дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд.

Дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи дӯзандагиро, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, ба истифода дод. Сехи нави дӯхти сару либоси мактабӣ бо иқтидори солонаи 24 ҳазор адад костюми писаронаю 60 ҳазор адад либоси духтарона дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» бунёд шудааст. Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 350 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар сехи нав, инчунин имкон аст, ки барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона дӯхта шавад. Таҷҳизоти корхонаи навро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Чехия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид кардаанд.

Сипас, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»- и шаҳри Душанбе як ҳунаристони замонавиро ифтитоҳ намуд.

Дар ошёнаи дуюми наврӯзгоҳ маркази муосир таъсис ёфтааст, ки дар он коргоҳу корхонаҳои ҳунарҳои миллӣ ба ҳам омадаанд. Фаъолияти ин корхонаҳо ба рушди ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст ва шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ дар ин марказ барои беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди фарҳанг, муаррифии маданияти бою қадимаи халқи тоҷик дар хориҷи мамлакат дастуру ҳидоятҳо дод.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии «Гулоб»- ро ба истифода дод. Хатти нави технологӣ қудрати истеҳсоли обҳои рангаи ташнашиканро дар як соат бо теъдоди 20000 адад доро мебошад.

Дар корхона имкони истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, таҷҳизоти тайёр намудани нӯшокиҳо ва ғайра мавҷуд аст. Барои васлу насби таҷҳизоти корхона 3 миллиону 734 ҳазору 605 сомонӣ сарф шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то ба 60 млн. литр баробар аст. Дар ин корхона 350 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

18 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳоти «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода бо ифтитоҳи роҳи мошингарди минтақавии Душанбе -Турсунзода оғоз ёфт. Роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода тӯл кашида, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати чорхаттаи нақлиёт бунёд гардидааст. Боқимонда қисми роҳ бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати духаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 километр роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин пурра чароғон карда шудааст. Арзиши умумии ин иншоот дар маҷмӯъ 131, 2 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатисонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ хизмат мерасонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода филиали ҶСП «Спитаменбонк», ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — ҶДММ «Вежа фармасевтикалс» ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобоварро ифтитоҳ намуд.

Дар корхонаи дорусозӣ 120 нафар ва корхонаи маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар наздик ба 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Дар ин корхона, асосан маҳлулҳои воридотивазкунандае истеҳсол мешаванд, ки барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар корхонаи маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар  истеҳсоли се намуд хишти сохт­монию ороишӣ ва 20 намуд маҳсулоти чиниворӣ ва сафолӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 — ро, ки барои 800 хонанда пешбинӣ шудааст ва дар деҳаи Тойчии деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 119 — ро ифтитоҳ намуд. Бинои наву замонавии муассисаи таълимии 119 бо харҷи 23 миллиону 104 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, 64 синфхона дорад ва дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Айни замон 400 нафар фарзанди маҳаллаи навбунёд дар ин муассиса таҳсили илм мекунанд, ки аз ин шумора 250 нафарашон фарзандони муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Нуробод мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 571 оилаи муҳоҷир, ки дар деҳаи Тойчии деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода муқимӣ шудаанд, бо харҷи беш аз 52 миллион сомонӣ роҳ, муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, хатти об, хатти интиқоли барқ, зеристгоҳи барқӣ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд кардааст.

Дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва «Боғи Сомон» шинос шуд. Ҳосили бадастовардаи токпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ватан» ба Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот мешавад. Ҷиҳати захира кардани ҳосили боғҳо масъулин сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ташриф оварда, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқони шинохта Ҳоҷӣ Камол шинос шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст, асос гузошт. Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур, нигоҳдорӣ мешавад.

Сипас, дар маркази шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди сокинон, ки барои мулоқот ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин шаҳри саноатию аграрӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат ва таассуроти хеш аз сафари корӣ андешаронӣ намуд.

(Давом дорад)

Абдуфаттоҳ Шарифзода,  Заробиддин Қосимӣ,  Айниддин Самариддин