10 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон ва Фақерзода Қадриддинро вобаста ба оқибатҳои заминларза шуниданд.
Дар заминларзае, ки субҳи 10 июл рух дод, манзилҳои истиқоматӣ хароб шуда, боис ба талафоти ҷонии 4 нафар, аз ҷумла, 2 кӯдак гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба оилаҳои зарардида чораҷӯӣ намоянд.
Комиссияи ҳукуматӣ ба таври фаврӣ дар маҳали ҳодиса корҳои бартарафсозиро оғоз кард.
Тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зилзила соати 7-у 14 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 20 километр дар наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқӯъ пайваста, қувваи он ба 5,9 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар буд.
Ҷунбиши замин дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос гардид.
12 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Дар рафти суҳбат роҳбарони ҳар ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳоро баррасӣ намуда, ҷараёни мусбати рушди онҳоро тайи солҳои охир қайд карданд.
Ҷонибҳо вазъи кунунии низомиву сиёсии Афғонистонро низ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор доданд. Вобаста ба ин Пешвои миллат ба Президенти Озарбойҷон дар хусуси вазъияти ташвишоваре, ки ҳоло дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон ба миён омадааст, маълумоти муфассал манзур намуда, нигаронии амиқро аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал оварданд. Муҳлати он бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.