Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Милан Штех

№150 (3630) 07.12.2016

30567982043_52313ee087_oДуюми декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Прага бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Чехия Милан Штех мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки густариши ҳамкориҳои гуногунсамт, аз ҷумла, рушди равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Чехия яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳсуб мешавад.

Таъкид гардид, ки боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикис­тону Чехия аз кишварҳои ҳамдигар, музокироти дӯстонаву созандаи онҳо, инчунин санадҳое, ки дар ҷараёни боздидҳо ба имзо расиданд, барои рушди минбаъдаи муносибатҳо заминаи мустаҳкам гузош­танд.

Ҷонибҳо робитаҳои байнипарлумониро ҳамчун омили муассири рушди ҳамкориҳои фарогири кишварҳо арзёбӣ карданд. Бо дарназардошти рушди ҷомеа ворид кардани ислоҳот ба низоми меъёрии ҳуқуқӣ ва омӯзиши меъёрҳои пешрафтаи низоми парлумонӣ амри зарурӣ шуморида шуд.

Дар мулоқот, инчунин ҷонибҳо доир ба масъалаи таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзада изҳори назар карданд.