Суҳбати Сарвари давлат бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон

№78(3379) 08.06.2015

17969443503_cb4a96d8d3_o
Нимаи аввали р
ӯзи ҳаштуми июни соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Читчиёнро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: «Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҷодаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар ҳамкории бунёдӣ мақоми асосӣ пайдо кардааст». Тазаккур дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти босамар доранд. Мубодилаи молу колои миёни Тоҷикистону Эрон соли 2014 зиёда аз 228 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин баробар ба 4,3 фоизи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин сол аст.

Бо қаноат зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар арсаҳои бунёдии энергетика ва тавлиди зербинои нақлиётӣ – дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ — ҷанбаи муҳимтарини муносиботи ду кишвар аст.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи муштараки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ҷониби Эрон дар бунёди дигар неругоҳҳои Тоҷикистон ҳам саҳмгузор хоҳад буд.

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба густариши робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан ва кашидани хатти барқи баландшиддат ва лӯлаи оби ошомиданӣ миёни се кишвар, зоҳир гардид.

www.president.tj