Суҳбати телефонӣ

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

19 марти соли 2018 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Сарвари давлати  Тоҷикистон Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ дар Федератсияи Россия сидқан табрик гуфта, ба хотири рушду пешрафти Россияи дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд.

Сарони ду давлат сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии кишварҳоро баланд арзёбӣ намуда, нисбат ба дурнамои густаришу ­тавсеаи онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ изҳори некбинӣ карданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин дар атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Суҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мебошад, сурат гирифт.

www.president.tj