Суҳбати телефонӣ

№29 (3979) 16.03.2019

14 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков суҳбати телефонӣ намуданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал омадааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин, истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он, ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков таъзияву тасаллият ва ҳамдардии амиқро ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, иброз дошт.

www.president.tj