Суҳбати телефонӣ

№80 (41860 02.07.2020

2 июли соли 2020  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ибтидо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба муносибати бомуваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Россия сидқан табрик намуда, таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Россия пеша кардааст. Ҳамчунин, қайд гардид, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи шаҳрвандони Россия хизмат хоҳанд кард.  Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Россия сулҳу амонӣ, некуаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу карданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

www.president.tj