Суҳбати телефонӣ

№150 (3630) 07.12.2016

Панҷуми декабри соли 2016  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.

Роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби воломақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди гуфтугӯ қарор дода, дурнамои рушди онҳоро дар рӯҳияи анъанаҳои  созандаи мероси таърихии муносибатҳои чандинасраи неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ намуданд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

www.president.tj