14 сентябри соли 2021 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Зимни он масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла, ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва низомиву техникӣ баррасӣ шуданд.
Сарони ҳар ду давлат, инчунин, масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе низ мавзӯи суҳбати ҷонибҳо буд.
Президентҳо оид ба вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон муфассал мубодилаи афкор намуда, ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Бахусус, ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо дар масоили вобаста ба Афғонистон ва идомаи робитаҳо дар сатҳи гуногун ба мувофиқа расиданд.
www.president.tj