Суҳбати телефонӣ

№81 (4501) 02.07.2022

30 июни соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир карданд.

Зимни он маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуда, мусоҳибон доир ба омодагӣ ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.

Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ҳар ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.

www.president.tj