21 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои зикршударо доир ба вазъи корҳо дар самти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка ва мева шуниданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳияҳои зикршуда оид ба ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ супоришҳои мушаххас доданд.