Суҳбати телефонӣ

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

Субҳи рӯзи 21- уми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳои раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Нуробод ва Сангворро доир ба оқибатҳои боронҳои шадид ва селу обхезӣ шунида, ба онҳо доир ба ҳар чӣ зудтар бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла барқарор намудани роҳу пулҳои вайроншуда ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардум барои ҷуброн намудани зарари расида ба хонаю рӯзгор ва заминҳои кишташон, супоришҳои мушаххас доданд.

www.prezident.tj