Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи навбунёди «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд
19 июни соли 2013 шаҳри Хуҷанд
Фарзандони азиз!
Варзишгарони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи маҷмааи навбунёди «Қасри варзиш», ки бо тарҳи муосири меъмории худ ба шаҳри бостонии Хуҷанд таровати хоса зам намудааст, самимона табрик мегӯям.
Дарвоқеъ, бунёд гардидани чунин иншооти зебои муосир, ки барои машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии ҷавонону варзишгарон пешбинӣ шудааст, аз ҷумлаи ғамхориҳои Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба насли ояндасози Ватанамон ва намунаи заҳмати созандаи халқи ободкорамон мебошад.
Масоҳати умумии иншооти хуштарҳу замонавии имрӯза 8300 метри мураббаъро ташкил дода, он дорои 3 ҳазор ҷойи нишасти тамошобинон мебошад.
Дар ошёнаи аввали маҷмаа толорҳо барои машғулиятҳои амалии варзишгарон, маҷлисгоҳ, утоқҳои маъмурӣ ҷойгир шуда, дар қабатҳои болоӣ ошхона ва утоқҳои корӣ барои воситаҳои ахбори омма бо тамоми таҷҳизоти ёрирасони техникӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Майдони асосии «Қасри варзиш» тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ 24 метр паҳноӣ ва 44 метр дарозӣ дошта, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқоти вазнбардорӣ, волейболу баскетбол, бокс, гимнастикаи варзишиву бадеӣ, гӯштии тарзи озод ва амсоли онҳо имконияти васеъ дорад.
Тавре моҳи гузашта дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат иброз дошта будам, баъд аз вохӯрии ду сол пеш бо варзишгарони кишвар доиркардаамон дар тамоми қаламрави кишвар ба масъалаи бунёди иншооти варзишӣ диққати махсус дода, теъдоди онҳо дар ду соли охир ба 2400 адад расонида шуд.
Танҳо дар давоми солҳои 2011-2012 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 316 иншооти варзишӣ, аз ҷумла ду маҷмааи варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, 31 толор, 40 майдонча, панҷ варзишгоҳ ва 236 иншооти дигари варзишии хурду бузург ба маблағи умумии беш аз 80 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, инчунин бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Инчунин дар вилоят «Барномаи маҳаллии таъмиру тармими майдонча ва толорҳои варзишӣ барои солҳои 2012-2015» таҳия ва қабул гардида, мувофиқи он барои сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва сарпарастон беш аз 83 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Барои бунёди иншооти «Қасри варзиш», ки имрӯз мову шумо шоҳиди ба истифода супоридани он шудем, аз буҷети давлат 55 миллион сомонӣ масраф гардида, бо тамоми шароити зарурии сатҳи баланд барои сокинон, алалхусус ҷавонону дӯстдорони варзиш, хизмат расонида метавонад.
Бунёди ин тамрингоҳи бошукӯҳ шароит фароҳам месозад, ки даҳҳо нафар мутахассисону мураббиёни соҳаи варзиш бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагиашонро беҳтар намоянд. Имконияти дар оянда боз ҳам зиёд кардани шумораи кормандон мавҷуд мебошад.
Ҳозирини арҷманд!
Чанд ҳафта пештар варзишгарони мо аз мусобиқаҳои Осиё дар шаҳри Сеули пойтахти Кореяи Ҷанубӣ бо натиҷаҳои баланди варзишӣ баргаштанд, ки боиси сарфарозии аҳолии мамлакат гардид.
Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ, ки миёни ҷавонон сурат гирифт, варзишгарони мо дар маҷмӯъ соҳиби 31 медал, аз ҷумла нуҳ медали тилло, ҳафт нуқра ва 15 биринҷӣ шуда, дар байни кишварҳои олам Парчами Тоҷикистонро 31 маротиба баланд бардоштанд, ки ин, албатта, ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар давраи соҳибистиқолии кишвар барои рушду пешрафти варзиш, аз ҷумла бунёди майдонҳои муосири варзишӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо муосиртарин асбобу анҷоми машқу тамрин, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ин раванд дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпешаву дӯстдорони варзиш қобили дастгирӣ ва таҳсин мебошад.
Тӯли солҳои охир саҳми чунин шахсон дар ободу зебо гардонидани манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла сохтани коргоҳу корхонаҳо, толору майдонҳои варзишӣ, мактаб ва марказҳои фароғатӣ, инчунин дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, хеле калон аст.
Фикр мекунам, ки онҳо бо чунин амалҳои хайрхоҳонаву некашон рисолати фарзандии худро дар назди халқи азизамон иҷро менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар баробари ҷавонпаҳлавонон шумораи зиёди духтарону занони тоҷик бо ҳунару истеъдоди нотакрори худ нуфузу эътибори кишварамонро дар чемпионатҳои ҷаҳон баланд мебардоранд, ки ин аз матонату ирода ва мақому манзалати занону духтарони кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Ин омил дар баробари тарғиби тарзи ҳаёти солим ба бедор кардани шавқу ҳаваси ҳазорон ҷавондухтарон нисбат ба варзиш мусоидат менамояд.
Дар маҷмааи навбунёди «Қасри варзиш» наврасону ҷавонон метавонанд дар бахшҳои гуногуни варзиш аъзо шуда, ба омӯзиши назариявию амалии тарзу усулҳои намуди варзиши дӯстдоштаи худ машғул шаванд ва дар оянда ҳамчун шахси солиму боқувват ба камол расанд.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар масъулони соҳа ва устодону мураббиҳои ин маҷмааи варзишӣ вазифадоранд, ки дар бобати омода намудани варзишгарон аз технологияҳои муосири тарбияи мутахассиси касбӣ дар асоси барномаҳои таълимии пешрафта васеъ истифода намоянд.
Варзиш мактаби обутоби ҷисмонӣ ва мардонагӣ буда, ҷавононро барои ҳимояи марзу бум, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, оромиву суботи кишвар ва ҳифзу таҳкими дастовардҳои бузурги давлатӣ ҳидоят мекунад.
Дар баробари одобу ахлоқ ва матонату ҳушёрӣ, инчунин сабақи ҷисман қавӣ буданро меомӯзад.
Танҳо ҷавонони солиму бардам, тавонову қавӣ ва далеру шуҷоъ меҳру муҳаббати Ватанро қадр карда, бо рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ амнияту оромӣ ва суботи кишварро таъмин карда метавонанд.
Ман мунтазам аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар бозгашти варзишгаронро аз мамлакатҳои хориҷа ва истиқболи гарми мухлисонатонро тамошо карда, пеш аз ҳама, ба суханронии шумо аз натиҷаи таассуротатон оид ба мусобиқаи баргузоршуда ва ғалабаи бадастовардаатон аҳамият медиҳам.
Шумо, ҷавонони азиз, кӯшиш кунед, ки дар баробари варзишгари хуб будан шахсони босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар бошед, ки ин маҳбубияти шуморо дар назди мухлисонатон зиёдтар мегардонад.
Ман ин масъаларо чанде пештар дар мулоқот бо ҷавонон таъкидан иброз намудам, зеро Ватан ва давлатро танҳо шахсони соҳибмаърифату донишманд, мутахассисони дорои ихтисоси баланд ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ободу пешрафта гардонида метавонанд.
Сиёсати Давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ин, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои муосир ҷиҳати худташаккулёбӣ, эътиқоду садоқат ба Ватани маҳбуб, амалигардонии ҳадафу нақшаҳои дарпешистода, таълиму тарбия ва маърифатнокии комил, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси худшиносиву ватандорӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон мебошад.
Тавре огоҳ ҳастед, соли 2014 дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба таэквандо баргузор мегардад.
Аз ин сабаб шумо бояд бо истифода аз чунин толорҳои муҷаҳҳаз аз имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқа ва ба пирӯзӣ расидану баланд бардоштани обруйи Ватани азизамон омодагии ҳамаҷониба бинед.
Дар мулоқоти зикршуда бо ҷавонон ман маҳз ба хотири камолоти ҷисмонӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим пешниҳод кардам, ки шанбеи ҳар ҳафта рӯзи варзиш эълон карда шавад.
Итминон дорам, ки ин иқдоми саривақтӣ ҷиҳати рушди тарбияи бадан, саломатӣ ва зебоии ҷисми шумо, наврасону ҷавонон, мусоидат намуда, баъди чанд моҳи машғул шудан ба машқу тамрин манфиати онро эҳсос хоҳед кард.
Мехоҳам як нуктаи дигарро низ хотирнишон созам. Миёни ҳамаи эҳсосоте, ки дар ниҳоди инсон ҷойгоҳи худро дорад, наҷибтаринаш муҳаббат ба Ватан мебошад.
Дар қалби ҳар як шахс ҷой додани моҳияти муқаддас будани ин мафҳум аз хонавода шакл гирифта, дар мактаб инкишоф меёбад ва баъдан дар зиндагии мустақилона барои ободии Ватан хизмат мекунад.
Шумо, фарзандони далеру баҳодури Ватан борҳо ин эҳсосотро зимни пирӯзӣ ва боло шудани Парчами муқаддаси Тоҷикистон ба ифтихори ғалаба дар мусобиқаҳои варзишӣ таҷриба намудаед.
Вазифаи мову шумо, ки имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати воқеан неруманди миллӣ қарор дорем, дарки масъулияти ватандорӣ, ҳамфикриву якдигарфаҳмӣ ва тақвияти иқдомҳои созанда мебошад.
Дар анҷом ҳамаи шумо, сокинони меҳмоннавози шаҳри бостонии Хуҷанд, ҷавонони бонангу номус, қаҳрамонҳои ояндаи кишварро ба муносибати ифтитоҳи маҷмааи бошукӯҳи «Қасри варзиш» бори дигар табрик намуда, ба меъморону муҳандисон ва сохтмончиёне, ки дар эъмори ин иншооти зебои варзишӣ заҳмати созандаро анҷом додаанд, изҳори сипос менамоям.
Мо аз масъулону мураббиён ва устодони ботаҷрибаи ин кохи варзишӣ хабари пирӯзиҳои нав ба нави шогирдони ҷавонро дар мусобиқаҳои дохиливу сатҳи байналмилалӣ интизор ҳастем.
Бовар дорам, ки дарвозаи ин маркази тозабунёди варзишӣ барои варзишгарони наврасу ҷавон ва дӯстдорону шавқмандони намудҳои гуногуни варзиш ба таври ҳамеша кушода хоҳад буд.
Доимо солиму бардам ва сарфарозу сарбаланд бошед, фарзандони азиз!