Тақдими ҷоизаи «Ҷануб — Ҷануб» ба Эмомалӣ Раҳмон

№112 (3258) 27.09.2014

Бегоҳии рӯзи 24-уми сентябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусу иқдомҳои арзишманд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об  ҷоизаи махсуси «Ҷануб – Ҷануб» тақдим гардид.

Ҷоиза бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода супорида шуд. Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ ба роҳбарияти СММ барои пуштибонӣ аз иқдомоту ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба он арзи сипосу миннатдорӣ кард.

АМИТ «Ховар»