Бисту дуюми феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва сохтори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Ҳамин тариқ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маъруф аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» озод ва ба вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» таъин карда шуд.
Қурбони Алимардон директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» таъин гардида, Леонов Михаил Константинович аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» озод карда шуд.
Бо қарорҳои дигари Ҳукумати мамлакат Холназаров Баҳодур Маҳмадназарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Бекмуродзода Султон Бегмурод сардори ин хадамот таъин гардид.
www.president.tj