Таъиноти кадрӣ

№42 (3679) 20.04.2017

MNK_469519 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

 Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд.

Насимзода Акбар Ғиёс сардори Раёсати ­Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки то ин муддат дар ҳамин ниҳод аз корманди қаторӣ то ба сатҳи муовини сардори раёсат фаъолият намудааст.

Сардорони раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъминоти моддӣ — техникӣ, молия ва иқтисодӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъин гардиданд.

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашти вилояти Суғд, Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.

Аз ҳисоби кадрҳои корозмуда сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сангвор, Тоҷикобод ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилона саҳми муносиб гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгаройӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.

Ҳамчунин, ба кадрҳои навтаъин дастур дода шуд, ки дар ҳамкории зичу пурсамар бо дигар сохторҳои давлатӣ пуштибони ҳақиқии мардум бошанд.

www.president.tj