Таъиноти кадрӣ

№99 (4205) 15.08.2020

13 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тағйироти кадрӣ ворид намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суд­ҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритузи вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ­ноҳияи Рашт таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ҳокимшо раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон — «Саноатсодиротбонк», Амирзода Ориф директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Сайҷамолидин директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб», Давлатқадам Бахтовар, директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб — интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Азизӣ Зебонисо муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин гардиданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок таъингардида, Сардори давлат таъкид намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати мамлакат ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ дар мамлакат равона гардидааст ва барои татбиқи ҳадафҳои созанда аз ҳар як  шахс меҳнати софдилона, фаъолият дар чаҳорчӯбаи талаботи оинномавӣ талаб карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди Олӣ ва прокурори генералӣ дастури қатъӣ доданд, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.

- Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед, — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Робитаи наздик бо мардум, таҳлилу баррасии одилона ва касбии ҳар як парвандаи ҷиноятӣ, таъмини баробари иҷрои қонунҳо, боло гузош­тани манфиатҳои давлату миллат аз вазифаҳое буданд, ки дар назди роҳбарон ва мутахассисони таъингардида гузошта шуданд.

Дар иртибот ба авзои печидаву пешгӯйинашавандаи минтақа ва ҷаҳон Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки мубориза ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои фаромиллӣ-терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои ақидаҳои ифротгароёна, ҷудоиандоз, халалдоркунандаи суботу амнияти ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, дар ин самт бояд муборизаро ҷоннок намуд.

www.president.tj