25 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар воҳидҳои сохтории вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Варзоб — Шерализода Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Сафарзода Шарифхон, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт, раиси ноҳияи Варзоб таъин гардид.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Комилбек Амид, ки ба ҳайси ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Бойназарзода Мавлуда директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ таъин гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳо таъкид карданд, ки дар фаъолияти хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд, то дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.