15 феврали соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди ватандорӣ, ҳифзи шоиста аз марзу буми кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқона ва матонату шуҷоат дар иҷрои вазифаҳои худ ҳидоят кард. Таъкид гардид, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва зина ба зина ба вазифаҳои баланд пешниҳод кардани онҳо низ пайваста кӯшиш бояд кард.
Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъин шуданд.
Комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хусрав, Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба тарбияи кадрҳои миллии афсарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ комилан аз миён бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ин мушкил бояд тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шурӯъ шуда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Панҷ нафар ба вазифаҳои масъулиятнок дар ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъин гардид.
Ба вазифаҳои муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд ва чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Ҳамчунин прокурори шаҳри Роғун иваз карда шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти адолати судӣ, волоияти қонун, коҳиш додани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани обрую эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид гардид, ки бояд тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва корҳои тарғиботию пешгирӣ аз ҷинояткорию қонуншиканӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
www.president.tj