Тағйироти кадрӣ дар Гвардияи миллии Тоҷикистон

№110 (3411) 17.08.2015

20456196860_cdb32d1606_o17 августи соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншудаи Гвардияи миллии Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аён гардид, кадрҳои даъватшуда ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ ва ҷузъу томҳои ин воҳиди муқтадири низомӣ таъин шудаанд.

Ҳамаи онҳо кадрҳои ҷавон ва дар айни замон хатмкардагони ду ва зиёда муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, таҷрибаи кофии роҳбарию сарварӣ доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, баланд бардоштани омодагии касбӣ ва низомии афсарон ва ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, пурзӯр намудани интизому тартибот, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба тақвияти ҳисси масъулияти ватандорию давлатдорӣ, ҳифзи шоиста аз ҳар як порча сарзамини муқаддаси Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки ҳар яки мо бояд худро соҳибони масъули Ватан ва марзу буми бобоӣ эҳсос намуда, барои рушду нумӯи он ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоем.

www.president.tj