ТАЪКИДИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН БАҲРИ ТАҲКИМИ АМНИЯТИ МАРЗ

№61 (3541) 12.05.2016

26926663685_9cef7b14f1_oНахустин ташрифи Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ­Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон, ки субҳи 10 майи соли равон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳ дар назди Қасри миллат оғоз ёфт.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шурӯъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон идома ёфт.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо гузашти низомии Горди фахрӣ аз наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфта, сипас, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Муҳаммад Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, чунин изҳор дошт: «Мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт».

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин иброз дошт, ки «Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкими амну осоиш дар кишвари шумо ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он мебошад ва ба ин манзур аз барномаи сулҳи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон истиқбол менамояд».

Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои сиёсӣ, амният, иқтисоду тиҷоратӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2013 ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо беш аз 170 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки ин нокифоя аст.

Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонис­тон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи чор моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 250 миллион киловатт-соат неруи барқ интиқол дод.

Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика ва рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ ва амалӣ кардани тарҳи дорои аҳамияти минтақавии CASA-1000 имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди неруи барқро ба Афғонистон фароҳам меорад. Тоҷикистон, инчунин ҳавасмандии худро ба сохтмони хатти роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон таъкид намуд.

Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд, зеро ин омил метавонад, боиси рушди робитаҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, ҳамчунин густариши ҳамкории гуманитариву фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар гардад.

Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои  замони муосир аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Пас аз анҷоми мулоқот аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро имзо карданд. Инчунин, дар ҳузури сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.

Дар толори Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ доир намуданд.

 www.president.tj