Тамошои бозии хоккей бо иштироки Владимир Путин

№134(3435) 09.10.2015

Шоми рӯзи 7 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия рафти бозии хоккейро, ки бо иштироки Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Россия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, тамошо кард.

Тавре Владимир Путин иттилоъ дод, бо ин бозӣ мавсими панҷуми бозиҳои Лигаи шабонаи хоккей дар Россия оғоз меёбад.

Президенти Россия дар ҳайати дастаи «Ситораҳои НХЛ» (Лигаи миллии хоккей) бо дастаи мунтахаби НХЛ қувваозмоӣ намуд. Бозӣ бо ҳисоби 15-10 ба фоидаи дастаи «Ситораҳои НХЛ», ки Владимир Путин шомили он буд, ба поён расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин бозӣ дар рӯзи зодрӯзи 63-юми Владимир Путин дар Қасри бузурги хоккейи Сочи ҷараён гирифт.

 www.president.tj