Татбиқи санадҳои имзошуда ҷаҳди бештарро тақозо дорад

№78(3379) 08.06.2015

18298316868_a406c36c20_o

Панҷуми июни соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба ҳайси намояндаи кишвари нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои ин созмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Аз рушди ҳамкории миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тайи даҳ соли охир мунтазам густариш ёфта, алҳол дар оғози марҳилаи сифатан наву баландтар қарор дорад, изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаи мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид.

www.president.tj