Тавзеҳот ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№87 (3567) 05.07.2016

4 июли соли равон дар маҷлиси кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари баррасии масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар, инчунин оид ба аҳамияти арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳо, амалҳои башардӯстона ва ёрӣ расонидан ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда изҳори назар намуда, аз ҷумла дастур дод, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арафаи иди саиди Фитр чорабиниҳои хайриявиро дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунон аз мардуми мамлакат даъват намуд, ки фитри рӯзаро тибқи фармудаҳои шариат танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда расонанд ва аз ҷониби ин табақаҳо додани фитри рӯзаро ҷоиз надонист.

Дар баробари ин, ёдрас кард, ки супоридани фитри рӯза ба ходимони дин ва шахсони доро манъ аст.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори омма муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии мамлакат тарғиб намоянд.

Доир ба ин масъалаҳо, инчунин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Тибқи он мақомоти дахлдор вазифадор карда шуд, ки дар доираи суннатҳои миллӣ амал намуда, риояи талаботи дар боло зикршударо дар кишвар таъмин намоянд.

 www.president.tj