Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ ҳамкориҳои пурсамар дорад

№79 (3380) 10.06.2015

18604491196_ab8941bded_oСубҳи 9 июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди басо муҳими Созмони Милали Муттаҳид  баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Дафтари он дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона дар кишвари мо самимона арзи сипос намуд.

Хонум Ҳелен Кларк Тоҷикистонро яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, пеш аз ҳама, дар масоили дастрасӣ ба оби тоза, неруи барқ ва ҳам барои таъмини рушди устувор номида, ба роҳбарияти кишвари мо барои ибтикорҳои созанда арзи қадрдонӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Тоҷикистон аз пуштибонҳои ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» мебошад ва аз он ки Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари пилотӣ дар татбиқи ин ҳадаф интихоб шудааст, изҳори қаноат намуд. Ҳамчунин пуштибонии Тоҷикистон аз Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани солҳои 2014-2024 ҳамчун Даҳсолаи «Энергияи устувор барои ҳама» бори дигар таъйид гардид.

Ҳар ду ҷониб ба татбиқи Нақшаи амалиёти кишварии Барномаи рушди СММ барои солҳои 2010-2015 баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки ин нақша барои панҷсолаи нави 2016-2020 ҳам қабул ва босамар татбиқ мегардад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) сурат гирифт.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд.

www.president.tj