29-уми апрели соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти бонк барои робитаҳои пайваста ва судманд дар 30 соли ҳамкорӣ сипос гуфта, чунин таъкид доштанд: «Мо сатҳи имрӯзаи ҳамкориамонро бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баланд арзёбӣ менамоем ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди кишвар аз он умеди калон дорем».
Дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ба баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон ва дастгирии тобоварии иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот зарур шуморида шуд.
Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантию имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, дар маҷмӯъ, ба устувории рушди иҷтимоию иқтисодӣ боис мегардад.
Мусоидат ба пешрафти бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисод, ҷорӣ намудани «технологияҳои сабз», маориф ва муҳоҷирати корӣ, аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
www.prezident.t