Камтарин сулҳ беҳ аз ҷанг аст

№8 (4748) 15.01.2024

Барои ҳар фарди солимақл, алалхусус мардуми одии заҳматкаш, аз сулҳу субот дида неъмати волотаре нест. Ҳар гоҳе дар кӯчаю хиёбонҳои дар шукӯҳу зебоӣ шинохтанашавандаи шаҳр ба модарони бо тифлакони хушбахту хандонрӯ озодона дар сайругашт, чеҳраҳои болидаи духтарча ва писарчаҳои дӯстрӯяки мактабхон назар мекунам, хеле меболам ва дар ин лаҳзаҳо беихтиёр хаёл маро ба мамлакатҳои дар гирдоби ҷанг қарордошта мебарад: ҳоли зори мардуми бечора, чеҳраҳои даҳшатзадаи тифлакон пеши назар меояд ва такрор ба такрор шукри сулҳу суботи кишвар мекунам.

Аз ин лиҳоз, дар баробари аксарияти мардуми кишвар, нисбат ба маъракаи густурдаи иғвоангезонаи хоинони миллат бетараф буда наметавонам. Дар кашмакашиҳои дохилӣ додари 18-солаамро аз даст додаам, ки ғаму андуҳи гарони марги кенҷаписар баъд аз соле падарро низ аз байни мо рабуд. Бо хатми ҷанг, ба сулҳу салоҳ расидан, барқарории Ҳукумати конс­титутсионӣ дар Тоҷикистон бо душворӣ ҳам бошад, он ҳама даҳшату мушкилотро пушти сар намудем. Имрӯз дар қатори дигар ҳамватанон бо фарзандону наберагон дар хонаҳои ободи худ ва озодона пушти кору зиндагӣ ҳастем.

Ба шарофати корҳои ободонию созандагие, ки асосан, аз даҳсолаи дуюми давраи соҳибистиқлолӣ шурӯъ гардид, Тоҷикистони азиз ба таври шинохтанашаванда симояшро дигар кард. Ин ҳама талошу муборизаҳо тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд. То давраи истиқлоли давлатӣ қариб, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон намешинохтанд. Бо шарофати хиради азалӣ формулаи сулҳи дар ҷаҳон беназири тоҷикон, азму ватандӯстии мардуми шарифи кишвар, ташаббусҳои дар сатҳи олии Роҳбари давлати тоҷикон аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имрӯз номи тоҷику Тоҷикистон дар тамоми сайёра машҳур аст. Ҳатто меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ҷумҳурии моро аз амнтарин кишварҳои минтақаю ҷаҳон арзёбӣ ва интихоб менамоянд.

Мутаассифона, бо гузашти се даҳсола ба ҷои ислоҳу аз пайи тинҷию корҳои созандагӣ шудан як гурӯҳ асолатбохтагон, ки сабабгори бадбахтиҳои миллат гардида буданд, дар кишварҳои манфиатхоҳ паноҳ бурда, бисёр берӯёна, ба туҳмату таҳқири давлату Ҳукумати қонунии кишвар машғуланд. Бо обу ранг додани камбудиҳои ҷузъӣ, мунофиқона аз номи миллат ва дину мазҳаб баҳри амалӣ гардидани мақсадҳои ифлоси худ сӯиистифода менамоянд. Бо дастгирии душманони миллат он айёми пурошӯб ба ном «ватандорон» орзуи дар Тоҷикистон таъсис додани сохти исломиро дар сар мепарвариданд, ки мақсадашон на ободии Ватан ва на хушбахтии мардум, балки ба даст овардани қудрат буду халос. Ин тоифаи сиёҳдил шабу рӯз зӯр зада, бо туҳмату навиштаҳои боф­та сиёҳ кардани сиёсати роҳбарияти кишвар аз худ ғамхор ва пуштибони манфиатҳои миллӣ нишон доданӣ мешаванд, ҳол он ки онҳо бо рафтору гуфтор, амалҳои зишту дур аз фаросати инсонӣ то ба имрӯз ба обрӯи миллату давлат латма ворид месозанд. Ба ҷои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар вазъи­яти буғранҷи авзои сиёсии ҷаҳон бо душманону бадхоҳони миллати тоҷик ҳамсангар мегарданд. Аз андаке ҳаводиси ногувори хоҳ табиӣ бошад, хоҳ иҷтимоӣ, табли шодӣ мезананд. Гӯё мардуми Тоҷикистон намедониста бошанд, ки ин худбохтагону сиёҳдилон худ кистанду чӣ донишу малака, мақсаду фаросате доранд ва дар кишварҳои бегона бо айшу ишрат зиста, аз кадом ҳисоб ва бо чӣ мақсаде сармоя­гузорӣ мегарданд? Аз баромадҳояшон дар кадом сатҳ қарор доштани фаҳмишу дониш ва фаросаташон низ маълум аст. Бо номҳои «Паймони миллӣ», «Гурӯҳи 24», «Ватандор» барномаҳо тарҳрезӣ мекунанд. Дар асл бошад, далелаке оварда наметавонанд, ки барои ободию пешрафти Ватан чӣ кореро анҷом додаанд? Ҳоло қариб давлате нест, ки мухолифони сиёсии худро надошта бошад, аммо аксари онҳо фаъолияти созандагиро пеш мебаранд ва манфиатҳои сиёсии худро болотар аз манфиатҳои давлату миллаташон намегузоранд. Дар лаҳзаҳои зарурӣ душманони давлату миллаташонро ҷонибдорӣ намекунанд. Дар тааҷҷуб аз ин худхондаҳо мешавам. Хушбахтона, миллати тоҷик хуб дарк мекунад, ки мурод аз ин ҳама ҷонкоҳонии ин гуна афроду гурӯҳҳои худбохтаю ватанфурӯш сирф дубора ноором сохтани ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар мебошаду бас. Бо сӯиистифода аз камбудию нуқсонҳое, ки дар дилхоҳ ҷомеа мавҷуданду мардум хуб онҳоро дарк мекунанд ва вақту соати ҳаллу ислоҳи худро доранд, аз худ дилсӯзи миллату Ватан сохтанӣ мешаванд. Лекин ҷои мушкилию фаҳмиданӣ надорад, ки зери он ҳама шиорҳои зебои чун нақшу нигори ҷисми мор нешу заҳр нуҳуфта аст. Аз адолату демократия сухан ронда, ин тоифаи худбохта дилхоҳ арзи матлаби ба фоидаашон набударо фармоишӣ, хушомаду тақаллуб арзёбӣ ва вонамуд карданӣ мешаванд, гӯё ҷуз онҳо дигар касоне, ки назари худро баён медоранд, ноҳақ ҳастанд.

Дар сангари манфиатҳои миллӣ мавқеъ доштан дар ҷанги иттилоотиро иҷрои қарзи касбӣ ва шаҳрвандии худ медонам. Мӯи худ­ро дар кори матбуот сафед намуда, ҳама файзу баракати зиндагиро аз шарофати заҳмати ҳалол соҳиб гардидаам. Ягона умеду орзу ва хушбахтиам оромию осудагии ҳамешагии Ватан асту бас. Бинобар ин, ҳамчун шоҳиди бевоситаи он солҳои мудҳиш дар Тоҷикистон, бахусус ба ҷавонони миллат, гуфтаниам, ки зинҳор ба ҳарзаҳои хоинону душманони миллат фирефта нагарданд, зеро бо Ватан дар ҷанг будан ҷанг бо модари худ аст ва он ҷиноятест, ки авф надорад! Ватандорӣ ва ватансозӣ бо дурӯған худро «Ватандор» баҳогузорӣ намудан намешавад. Ватанро ҳамоне обод карда метавонад, ки ободиро мехоҳад, ободиро дида метавонаду қудрати фаҳмидани ободиро дорад ва дорои ботини солим, пиндори нек, гуфтори созанда ва кирдори намунавӣ аст.

Имрӯз қариб, ки кулли ҷаҳон маҳз бо дас­ти чунин унсурҳои дасисабоз дар ҳолати хеле бади ноамнӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, қувваҳои заҳҳокӣ бо истифода аз гурӯҳҳои ҷиноии кишварҳои ҳамсояҳои наздик нияти дубора ба гирдоби ҷанг кашидани кишвари азизи моро доранд.

Бинобар ин, фурсати он омадааст, ки мо, мардуми кишвар, боз ҳам зичтар дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат муттаҳид гардида нагузорем, ки душманону хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ расанд, сулҳи деринтизору гаронарзишро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, чунки мегӯянд: «Камтарин сулҳ беҳ аз ҷанг аст».

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»